Пайвандҳои дастрасӣ

“Истиқлол” дастаи “Паҳанг”-ро шикаст дод. 3 ВИДЕО


Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар бозии аввали чаҳорякниҳоии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё бар “Паҳанг”-и Малайзия пирӯз шуд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон, дар бозии аввали чаҳорякниҳоии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) бар тими “Паҳанг”-и Малайзия бо ҳисоби бузурги 4:0 ғолиб омад. Ин бозӣ шаби чоршанбеи 26 август дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 15 ҳазор тамошобин баргузор шуд.

Ҳисобро дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 35-ум, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, легионери эронӣ, боз кард. Баъди се дақиқа Дилшод Восиев, капитани “Истиқлол”, голи дувумро ба самар расонд. Голи севумро Хуршед Маҳмудов дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 51-ум зад. Ба Дилшод Восиев боз муяссар шуд, ки дар дақиқаи 77-ум голи чаҳоруми “Истиқлол”-ро ба дарвозаи меҳмонон ворид намояд.

Ҳайати “Истиқлол” дар бозӣ муқобили “Паҳанг” чунин буд: Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов (Парвизҷон Умарбоев, 81), Бледа Родригес Мануэл (Умедҷон Шарифов, 78), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Петро Ковалчук, Дилшод Восиев (капитан), Фатҳулло Фатҳуллоев, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Манучеҳр Ҷалилов.

Доварони ин бозӣ бо раҳбарии сардовар Адҳам Муҳаммад Тумаҳ Маҳадмеҳи 29-сола аз Урдун буданд.

Пас анҷоми бозӣ нахуст Зайналобуддин Бин Ҳасан, сармураббии “Паҳанг”, дар як нишаст ба хабарнигорон гуфт, “мутаассифона, мо бозиро бохтем, вале аз бозии футболбозонамон қаноатмандам. Ба ҳунарнамоии бозигарони мо майдони сунъӣ монеъ шуд. Мо ба чунин майдон одат накардаем. “Истиқлол” нисбат ба дастаи мо як сару гардан боло буд. Мо дар бозии ҷавобӣ дар майдони худ имкон дорем, ки ҳамин миқдор гол занем. Зеро футбол бозии ғайримунтазира аст”.

Баъдан дар ин нишаст Мубин Эргашев, сармураббии “Истиқлол”, ба хабарнигорон иброз дошт, “аз дастгири мухлисон хеле миннатдорем. Бачаҳо дастури моро ба ин бозӣ иҷро карданд. Вале, мутаассифона, аз бисёр вазъиятҳои голзанӣ истифода карда натавонистем. Ҳисоби 4:0 бузург аст ва аммо мо боз имкон доштем, ки чанд голи дигар бизанем. Меҳмонон,ки то ба Душанбе омадан 12 соат парвоз кардаанд, албатта, хаста шуда буданд, вале ба ҳар ҳол бад бозӣ накарданд”.

Инчунин Дилшод Восиев, капитани “Истиқлол”, ки дар ин бозӣ беҳтарин бозигар дониста шуд, ба хабарнигорон гуфт, “хеле хушҳолем, ки мухлисонамонро имрӯз шод кардем ва онҳо моро хуб дастгирӣ карданд. Дар бозии ҷавобӣ рӯзи 16 сентябр мекӯшем,ки бозии хуб нишон бидиҳем”.

Бозии дигари чаҳорякниҳоии Ҷоми AFC байни дастаҳои «Кувайт»-и Кувайт ва «Китчӣ»-и Ҳонконг, ки шаби чоршанбе барпо гардид, бо пирӯзии кувайтиҳо бо ҳисоби бузурги 6:0 хотима ёфт.

Ёдовар мешавем, ду бозии аввали чаҳорякниҳоии Ҷоми AFC шоми сешанбеи 25 август ба поён расид. «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия бар тими меҳмон – «Саут Чайна»-и Ҳонконг – бо ҳисоби 3-0 ғолиб омад ва «Ал-Қодсия»-и Кувайт бозиро дар майдони худ бо «Ал-Ҷайш»-и Сурия бо ҳисоби 1-1 анҷом дод.

Нархи билети оддии бозии “Истиқлол” ва “Паҳанг” барои ҳамаи минбарҳои варзишгоҳ 10 сомонӣ муқаррар шуда буд. Нархи билети VIP 400 сомониро ташкил медод. Бо билети даромад ба варзишгоҳ мухлисон дар бозии лотерея иштирок карданд. Шаш нафар мухлисони хуштолеъ соҳибони бурдҳои лотерея – ду телефони “iPhone 6”, ду планшети “iPad» ва ду ноутбук - шуданд.

Бозии ҷавобии “Истиқлол” бо “Паҳанг” рӯзи чоршанбеи 16 сентябр дар шаҳри Куантани Малайзия барпо мегардад. Ғолиби ин ҷуфт дар бозии нимфиналӣ бо ғолиби ҷуфти “Кувайт”-и Кувайт – “Китчӣ”-и Ҳонконг рӯзҳои 30 сентябр ва 21 октябр рақобат мекунад.

Ҷоми AFC-2015

Чаҳорякфинал. Бозиҳои аввал

25 август (сешанбе)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Ал-Ҷайш» (Сурия) – 1-1

«Ҷоҳор Дарул Такзим» (Малайзия) – «Саут Чайна» (Ҳонконг) – 3-0

26 август (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Паҳанг» (Малайзия) – 4-0

КВ «Кувайт» (Кувайт) – «Китчӣ» (Ҳонконг) - 6-0

Чаҳорякфинал. Бозиҳои ҷавобӣ

15 сентябр (сешанбе)

«Ал-Ҷайш» (Сурия) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

«Саут Чайна» (Ҳонконг) – «Ҷоҳор Дарул Такзим» (Малайзия)

16 сентябр (чоршанбе)

«Паҳанг» (Малайзия) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«Китчӣ» (Ҳонконг) – КВ «Кувайт» (Кувайт)

Нимфинал. Бозиҳои аввал

29 сентябр (сешанбе)

Ғолиби ҷуфти «Ал-Қодсия»/«Ал-Ҷайш» — Ғолиби ҷуфти «Ҷоҳор Дарул Такзим»/«Саут Чайна»

30 сентябр (чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти КВ «Кувайт»/«Китчӣ» — Ғолиби ҷуфти «ИСТИҚЛОЛ»/«Паҳанг»

Нимфинал. Бозиҳои ҷавобӣ

20 октябр (сешанбе)

Ғолиби ҷуфти “Ҷоҳор Дарул Такзим»/«Саут Чайна» — Ғолиби ҷуфти «Ал-Қодсия»/«Ал-Ҷайш»

21 октябр (чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти «ИСТИҚЛОЛ»/«Паҳанг» — Ғолиби ҷуфти КВ «Кувайт»/«Китчӣ»

Финал

31 октябр (шанбе)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG