Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе барои бори дувум пайиҳам барандаи Ҷоми “Баҳористон” гардид.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе барои бори дувум пайиҳам дар мусобиқаи футбол барои Ҷоми Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Осоишгоҳи Баҳористон” ғолиб шуд. “Истиқлол” дар бозии охиринаш, ки 23-юми январ дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд барпо гардид, бар ҳайати ҷавонони «Жетису»-и Талдиқӯрғони Қазоқистон бо ҳисоби бузурги 7:0 ғалаба кард.

Дилшод Восиев, Мануэл Бледа Родригес ва Фатҳулло Фатҳуллоев дуголӣ ва Хуршед Маҳмудов як гол заданд. Ба ин тартиб, “Истиқлол” бо 11 имтиёз мақоми аввалро касб кард ва бо Ҷому медалҳои тилло мукофотонида шуд.

Дастаи «Хайр»-и Ваҳдат, ки дар даври охирин бар мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад, ҷойи дувумро гирифт ва бо медалҳои нуқра сарфароз гашт. Голҳои “Хайр”-ро Маҳмадалӣ Содиқов ва Ҳасан Рустамов заданд. Голи ягонаи мунтахаби ҷавононро Кароматулло Саидов ба самар расонд.

Медалҳои биринҷӣ насиби футболбозони дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд гардид. Хуҷандиҳо дар бозии хотимавӣ «Эсхата»-и Хуҷандро бо ҳисоби бузурги 6:0 шикаст доданд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ Абдумалик Содиқов, раиси ҶСП “Осоишгоҳи Баҳористон», Ҷомро ба капитани «Истиқлол» Дилшод Восиев тақдим кард.

Инчунин беҳтарин бозигарони мусобиқа – дарвозабон Анатолий Старушенко («Хайр»), ҳимоятгар Комрони Мирзохон («Хуҷанд»), нимҳимоятгар Кароматулло Саидов (мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон) бо ҷоизаҳо сарфароз шуданд. Инчунин ба Дилшод Восиев, ҳамлагари “Истиқлол”, ки бо 5 гол беҳтарин нишонзани мусобиқа гардид, ҷоиза супурда шуд.

Ҷоми «Баҳористон». Даври 4-ум

«ХАЙР» – МУНТАХАБИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН (U-19) – 2:1

Голҳо: Маҳмадалӣ Содиқов, 34 (1:0). Кароматулло Саидов, 52 (1:1).Ҳасан Рустамов, 85 (2:1).

«ИСТИҚЛОЛ» – «ЖЕТИСУ-2» – 7:0

Голҳо: ДилшодВосиев, 3 (1:0). ДилшодВосиев, 41 (2:0). Бледа Мануэл Родригес, 42 (3:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 49 (4:0). Бледа Мануэл Родригес, 57 (5:0). Фатҳуллоев, 70 (6:0). ХуршедМаҳмудов, 78 (7:0).

«ХУҶАНД» – «ЭСХАТА» - 6:0

Голҳо: Фарҳод Тоҳиров, 3 (1:0). Фарҳод Тоҳиров, 23 (2:0). Абдусубҳон Раҳимов, 39 (3:0). Дилшод Бозоров, 60 (4:0). Аҳтам Ҳамроқулов, 63 (5:0). КомрониМирзохон, 85 (6:0).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ниҳоии мусобиқа:

Ҷ

Даста

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Истиқлол

(Душанбе)

5

3

2

0

16-5

11

2

Хайр

(Ваҳдат)

5

3

1

1

11-6

10

3

Хуҷанд

(Хуҷанд)

5

2

3

0

17-4

9

4

Мунтахаби Тоҷикистон (U-19)

5

2

2

1

9-5

8

5

Эсхата

(Хуҷанд)

5

1

0

4

9-17

3

6

Жетису

(Талдиқӯрғон)

5

0

0

5

3-28

0

Нишонзанҳои беҳтарин:

Дилшод Восиев (“Истиқлол”), Аҳтам Ҳамроқулов (“Хуҷанд”), Бледа Мануэл Родригес(“Истиқлол”)- 5-тӯбӣ, Фирӯз Бобиев (“Хуҷанд”), Ҷӯрабой Исоев (“Эсхата”) –3-тӯбӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG