Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи футболи лигаи олӣ - “Истиқлол»-и Душанбе барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид.

Ин даста дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013, ки шоми шанбеи 5-уми октябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа ба анҷом расид, бар тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Ҳар ду голро бозигари ҷавони “Истиқлол” Ҷаҳонгир Эргашев, дар дақиқаҳои 44 ва 70-ум ба ҳадаф расонд.

Зимнан, Ҷаҳон Эргашев ва капитани дастаи "Регар-ТадАЗ" Хуршед Маҳмудов бозигарони беҳтарини ин қувваозмоии ниҳоӣ дониста шуда, бо ҷоизаҳои ФФТ сарфароз гаштанд.

Бояд гуфт, ки Аҳтам Ҳамроқулов, ҳамлагари “Регар-ТадАз”, дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 56-ум барои таҳқири сардовар Равшан Ишматов аз шаҳри Қӯрғонтеппа аз майдон хориҷ шуд.

Ин бозии ниҳоиро дар варзишгоҳи" Пахтакор" панҷ ҳазор мухлис тамошо карданд.

Дарвоқеъ, дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” барои бори севум паиҳам дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо ҳам рақобат карданд. Дар ду бозии пешин футболбозони шаҳри Турсунзода ғолиб омада буданд.

Баъди анҷоми бозии ниҳоӣ маросими мукофотсупорӣ баргузор шуд. Нахуст Ислом Маҳмадшоев, дабири кулли ФФТ ба сардовари бозии ниҳоӣ Равшан Ишматов, аз шаҳри Қӯрғонтеппа, ёварони сардовар - Қурбонмаҳмад Каримов (ноҳияи Хуросон) ва Некрӯз Умаров (Қӯрғонтеппа), довари эҳтиётӣ Умед Раҳимов (Қӯрғонтеппа) тӯҳфаҳои хотиравӣ эҳдо намуд.

Баъдан Азизбек Раҷабов, муовини раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба дастаи "Регар-ТадАЗ" барои ҷойи дувум медалҳои нуқра тақдим кард.

Олег Ширинбеков, сармураббии дастаи "Истиқлол"

Олег Ширинбеков, сармураббии дастаи "Истиқлол"

Хуршед Мирзоев, муовини аввали раиси Федератсияи футболи кишвар, Ҷоми Тоҷикистонро ба Дилшод Восиев, капитани дастаи ғолиб - “Истиқлол”, супурд. Ҳамчунин Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба бозигарону мураббиён ва раҳбарони дастаи ғолиб медалҳои тилло эҳдо намуд.

Ҳамин тариқ, "Истиқлол" барои бори севум Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гашт ва ҳуқуқ пайдо кард, ки соли оянда дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2013 иштирок намояд.


Дар нишасти матбуотӣ, ки баъди анҷоми бозии ниҳоӣ баргузор шуд, нахуст Олег Ширинбеков, сармураббии дастаи «Истиқлол», ба хабарнигорон чунин гуфт: «Бозӣ то гол вазнин гузашт. Вақте ки дастаи «Регар» гол хӯрд, дигар имкони тағйир додани ҳисобро надошт. Бар замми ин ҳамлагарашон аз майдон хориҷ шуда буд. Ба мо лозим меомад, ки бозиро то ба охир анҷом дода, гол сар надиҳем. Мо ин вазифаро бо ҷо овардем, ҳарчанд метавонистем боз гол занем. Бозӣ бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт ва мо бурдем. Мо хушҳолем, ки ба Ҷоми АФК-2013 роҳ ёфтем. Ин аввалин ҷоиза дар ҳаёти ман ба ҳайси сармураббӣ мебошад. Ман се бор дар бозии финалии Ҷоми СССР бозӣ карда будам, вале ягон бор ғолиб нашудаам. Мо минбаъд саъю кӯшиши худро ба бозиҳои чемпионати Тоҷикистон равона мекунем ва ба ҳар бозӣ то охири мусобиқот - 17-уми ноябр хуб омодагӣ мегирем.»

Сипас Наҷмиддин Толибов, сармураббии дастаи «Регар-ТадАЗ», андешаҳои худро дар бораи бозии ниҳоӣ ба таври зайл баён кард: «Аввалан дастаи «Истиқлол»-ро бо ғалабааш дар Ҷоми Тоҷикистон табрик мегӯям ва дар Ҷоми АФК муваффақият мехоҳам. Дар ин бозии ниҳоӣ мо, аслан, ба хатти дифоъ бештар диққат додем. Дар хатти пеш бошад,ҳамагӣ як ҳамлагар буд. Бинобар ин ҳуҷумҳои мо тезу тунд набуд. Ягона ҳамлагари мо Аҳтам Ҳамроқуловро сардовар Равшан Ишматов дар дақиқаи 56-ум аз майдон пеш кард. Ин ба бозии даста, албатта, таъсири манфӣ расонд. Мо даҳ нафар муқобили 11 кас бозӣ кардем, ки бароямон душвор буд. Ман маҷбур шудам, ки як нафарро аз хатти дифоъ ба пеш барорам. Хатти дифоъ сусттар шуд. Дар натиҷа голи дувум ба дарвозаи мо ворид гашт. Бояд гуфт, ки мо имсол бисёр бозигарони хубро аз даст додем. Онҳо аз даста рафтанд. Бинобар ин дастаи мо каме сусттар шудааст. Бо вуҷуди ин мо ба бозии ниҳоӣ хуб омода шуда будем ва мехостем, ки бори севум паиҳам Ҷоми Тоҷикистонро ба даст орем, вале ин насибамон нашуд. Ҳаминро боз таъкид карданиам, ки сардовари бозии ниҳоӣ Равшан Ишматов дар ҷараёни бозӣ ба бозигарони мо гуфтааст, кореро, ки ман соли гузашта карда натавонистам, имсол дар ҳаққи дастаи шумо мекунам. Ман ҳайронам, ки ӯ чиро дар назар дошта бошад? Ин беҳурматӣ нисбати дастаи мост. Ман ҳайронам, ки ба бозии ниҳоӣ барои чӣ ӯро сардовар таъин кардаанд, ҳол он ки вай муҷозот шуда, аз ҳаққи доварӣ дар ду бозӣ маҳрум шуда буд. Ин довар, ки гаронвазн аст, дар майдон наметавонад чусту чолок бошад ва ҳамаи лаҳзаҳои бозиро аз наздик дида, дуруст баҳогузорӣ кунад. Бинобар ин ӯ бо ҳуштаки худ бозигарони моро асабӣ мекард ва дар натиҷа яке аз онҳо, ки ба ҳукми нодурусти ӯ эътироз намуд, корти сурх гирифт.”

Бояд тазаккур дод, ки мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 22-юм барпо гардид. Ҳамагӣ 10 даста барандагони Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар – 6 бор дастаи “Регар-ТадАЗ” Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст.

Инчунин себорӣ дастаҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва “Истиқлол”-и Душанбе барандагони Ҷом шудаанд. Дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ соҳибони Ҷоми Тоҷикистон гаштаанд. Дастаҳои “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷомро азони худ кардаанд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон:

1992 – «Помир» (Душанбе) - «Регар» (Турсунзода) – 1:0
1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) - 0:0. Аз рӯи пеналтӣ - 5:3
1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар- ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ - 3:2
1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ - 4:2
2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 3:1.
2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Уротеппа» (Истаравшан) – 5:0
2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 3:1
2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1
2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима (Душанбе) – 1:0.
2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
2009 – «Истиқлол» (Душанбе) - ССКА «Помир» (Душанбе) - 3:1
2010 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 5:0
2011 - “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) - “Истиқлол” (Душанбе) - 1:0
2012- “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) - “Истиқлол” (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 6:5
2013 – “Истиқлол» (Душанбе) - “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – 2:0

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG