Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” – дар даври ниманиҳоии Ҷоми AFC


“Истиқлол”-и Душанбе ба нимфинали Ҷоми AFC-2015 баромад.

Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон, ба даври ниманиҳоии Ҷоми AFC-2015 роҳ ёфт. “Истиқлол” дар бозии ҷавобии чаҳорякниҳоӣ, ки 16 сентябр дар шаҳри Куантани Малайзия баргузор шуд, аз тими “Паҳанг” бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Вале аз рӯи натоиҷи ду бозӣ “Истиқлол” бо ҳисоби умумии 5:3 ғолиб дониста шуд.

Акнун «Истиқлол» дар нимфинали Ҷоми AFC бо бошгоҳи «Кувайт»-и Кувайт рақобат мекунад. Бозии аввали 1/2 финалӣ 30 сентябр дар Кувайт ва бозии ҷавобӣ 21 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегарданд.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ «Ал-Қодсия»-и Кувайт бо тими «Ҷоҳор Дорул Такзим»- и Малайзия қувваозмоӣ хоҳад кард. Бозии аввали ин дастаҳо 29 сентябр дар Кувайт, бозии ҷавобӣ бошад, 20 октябр дар Малайзия баргузор мешаванд.

Ҷоми AFC-2015

1/4 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

«Паҳанг» (Малайзия) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – 3:1

Голҳо: Ҳафиз Камол, 31 (1:0). Ҳафиз Камол, 58 (2:0). Хуршед Маҳмудов, 61 (2:1). Моҳд Ризо бин Камаруззамон, 90+2 (3:1).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Эраҷ Раҷабов (Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, 46), Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов, Бледа Родригес, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Петро Ковалчук (Парвизҷон Умарбоев, 79), Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев (Аҳтам Назаров, 68), Манучеҳр Ҷалилов.

Огоҳонида шуданд: Диксон Нвакаеме, Ҳафиз Камол («Паҳанг»), Дилшод Восиев («Истиқлол»).

Аз майдон хориҷ шуд: Моҳд Сайфул Низом бин Мисван («Паҳанг»), 45+2.

Беҳтарин бозигар: Ҳафиз Камол («Паҳанг»).

Сардовар: Абдулло Муҳаммадд Масъуд Ал-Ҳилолӣ (Умон).

16 сентябр. Куантан. Варзишгоҳи «Дорул Макмур». 1309 тамошобин.

Бозии аввал – 0:4.

«Саут Чайна» (Ҳонконг) — «Ҷоҳор Дорул Такзим» (Малайзия) – 1:3

Бозии аввал – 1:1.

«Ал-Ҷайш» (Сурия) – «Ал-Қодсия» (Кувайт) – 2:0

Бозии аввал – 0:3.

«Китчӣ» (Ҳонконг) – КВ «Кувайт» (Кувайт) – 1:1

Бозии аввал – 0:6.

1/2 финал. Бозиҳои аввал

29 сентябр (сешанбе)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Ҷоҳор Дорул Такзим» (Малайзия)

30 сентябр (чоршанбе)

КВ «Кувайт» (Кувайт) – «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)

1/2 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

20 октябр (сешанбе)

«Ҷоҳор Дорул Такзим» (Малайзия) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

21 октябр (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – КВ «Кувайт» (Кувайт)

XS
SM
MD
LG