Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Истиқлол" аз "Равшан" пеш гузашт


Лаҳзае аз бозии тимҳои "Энергетик" ва "Хайр"

Лаҳзае аз бозии тимҳои "Энергетик" ва "Хайр"

Рӯзи 19-уми октябр ду бозии даври 17-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бар тими мизбон - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 2-0 ғалаба кард. Ҳарду голро беҳтарин нишонзани мусобиқот Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионери эронии «Истиқлол», дар дақиқаҳои 29-ум ва 63-юм ба самар расонд.

Бояд гуфт, ки дар ин бозӣ сардовар Насрулло Кабиров (аз шаҳри Норак) дар дақиқаи 66-ум ба ҳимоятгари «Регар-ТадАЗ» Бахтиёр Азизов барои бозии дағалонааш корти сурх нишон дод ва ӯро аз майдон хориҷ кард.

Дар бозии дигар “Энергетик”-и Душанбе дар майдони худ аз тими “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Голи ягонаро дар нимаи дувуми дидор, дар
дақиқаи 77-ум Саид Ломайрамандӣ, легионери эронии «Хайр», ба дарвозаи «Энергетик» зад.

Сардовар Баҳром Сайдуллоев (аз шаҳри Қӯрғонтеппа) дар дақиқи 82-юм бозигарони ҳарду даста – Фирдавсӣ Қурбоновро аз «Энергетик») ва Саид Ломеирамандиро аз «Хайр» барои занозании якдигар аз майдон пеш кард.

Баъди анҷомии бозии «Энергетик» ва «Хайр» сармураббиёни ҳарду даста дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон чунин иброз доштанд:

Рустам Хоҷаев, сармураббии дастаи «Хайр»: « Ба фикри ман бозӣ хуб гузашт. Ҳарду даста барои ғалаба кӯшиши зиёд намуданд. Аз бозии футболбозони дастаамон қаноатмандам. Мо хурсандем, ки ғолиб шудем ва мухлисонамонро шод гардондем.»

Алишер Тӯхтаев(аз чап) ва Рустам Хоҷаев(аз рост)

Алишер Тӯхтаев(аз чап) ва Рустам Хоҷаев(аз рост)

Алишер Тӯхтаев, сармураббии дастаи «Энергетик»: «Ин аввалин бозӣ барои ман ба ҳайси сармураббии дастаи лигаи олӣ дар чемпионати Тоҷикистон буд. Мо ба ин бозӣ хуб омода шуда будем ва танҳо бо мақсади ғалаба ба майдон баромадем. Бозигарони мо хуб бозӣ карданд, вале аз имкониятҳои голзанӣ истифода карда натавонистем ва бозиро бохтем. Аз ин хулоса мебарорем ва дар оянда аз паи ислоҳи камбудиҳо мешавем.»

Дар ду бозии дигари даври 17-уми мусобиқот рӯзи якшанбеи 20-уми октябр “Равшан”-и Кӯлоб дар сафар бо “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва ССКА “Помир”-и Душанбе дар майдони худ бо “Вахш”-и Қӯрғонтеппа рақобат мекунанд.

Аммо дар ҳоли ҳозир, "Истиқлол" баъди пирӯзӣ бар "Регар-ТадАЗ" дар ҷадвал дар мақоми якум ҷой гирифтааст. Шореҳон мегӯянд, ин ҷои якуми "Истиқлол" муваққат аст, чунки "Равшан"нисбат ба ин тим ду бозӣ камтар гузарондааст ва ҳатто дар сурати мусовӣ анҷом додани бозии имрӯзааш бо "Хуҷанд" метавонад дигарбора ба садри ҷадвали мусобиқот баргардад.


Даври 17-ум
19-уми октябр

«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) - «ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе) – 0-2.Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург». Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Голҳо: Ҳусейни Сӯҳробӣ, 29, 63.

«ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе) - «ХАЙР» (Ваҳдат) – 0:1. Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор». Сардовар: Баҳром Сайдуллоев (Қӯрғонтеппа).
Гол: Саид Ломеирамандӣ, 77.


20-уми октябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 15.00

«ХУҶАНД» (Хуҷанд) - «РАВШАН» (Кӯлоб). Хуҷанд, варзишгоҳи «Спартак». Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

ССКА «ПОМИР» (Душанбе) - «ВАХШ» (Қӯрғонтеппа). Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон. Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).


Дар ҷадвали мусобиқот дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб бо 33-имтиёзӣ пешсафанд. «Хайр»-и Ваҳдат бо 26 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Тӯбҳо И
1. «Истиқлол» 13 11 0 2 37-6 33
2. «Равшан» 11 11 0 0 17-2 33
3. «Хайр» 14 7 5 2 22-13 26
4. «Регар-ТадАЗ» 12 6 2 4 14-13 20
5. «Энергетик» 13 4 3 6 12-15 15
6. «Хуҷанд» 12 3 4 5 10-14 13
7. «Парвоз» 12 3 4 5 10-19 13
8. «Вахш» 10 2 2 6 4-10 8
9. ССКА «Помир» 12 0 4 8 6-17 4
10. «Истаравшан» 11 0 2 9 6-29 2

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни Сӯҳробӣ («Хайр”/ ”Истиқлол”) – 11 тӯб, Дилшод Восиев («Истиқлол») – 7 тӯб, Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”), Александр Кудряшов («Истиқлол») ва Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) – 5-тӯбӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG