Пайвандҳои дастрасӣ

“Истиқлол” – дар нимфинали Ҷоми Тоҷикистон


Лаҳзае аз бозии дастаҳои Истиқлол-Хуҷанд

Лаҳзае аз бозии дастаҳои Истиқлол-Хуҷанд

Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе ба даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки бозии ҷавобии чаҳорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистонро дар шаҳри Хуҷанд бо тими “Хуҷанд” бо ҳисоби 0:0 анҷом дод, аз рӯи натоиҷи ду бозӣ ба нимфинал баромад. Бозии аввал дар Душанбе бо пирӯзии “Истиқлол” бо ҳисоби бузурги 6:1 хотима ёфта буд.

“Истиқлол” дар даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо ғолиби ҷуфти «Равшан» (Кӯлоб) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа) аз рӯи натоиҷи ду бозии чаҳорякниҳоӣ рақобат хоҳад кард.

Ҷоми Тоҷикистон. 1/4 финал. Бозии ҷавобӣ

«ХУҶАНД» — «ИСТИҚЛОЛ» — 0:0

Нуриддин Давронов («Истиқлол») дар дақиқаи 42-юм тӯбро аз ҷаримаи 11-метра хато зад.

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Абдулазиз Маҳкамов, Манучеҳр Аҳмадов, Соҳиб Ҳакимов, Комрони Мирзохон, Фирӯз Бобиев (Руслан Раҳматов, 88), Ҳоҷибой Зиёев, Бахтиёр Чориев, Ҷаҳонгир Алиев, Ҳасан Рустамов, Фарҳод Тоҳиров, Аҳтам Ҳамроқулов (Дилшод Бозоров, 75).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Эраҷ Раҷабов, Петро Ковалчук (Парвизҷон Умарбоев, 64), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Хуршед Маҳмудов (Умедҷон Шарифов, 78), Нуриддин Давронов (Хосе Баллестер, 60), Зиёвуддин Фузайлов, Дилшод Восиев, Манучеҳр Ҷалилов (Бледа Родригес, 71).

Огоҳонида шуданд: Хосе Баллестер, Ҷаҳонгир Ҷалилов («Истиқлол»).

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).

19 август. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 1000 тамошобин.

Бозии аввал – 1:6.

Се бозии аввали чаҳорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон имрӯз, 20 август, баргузор мешавад.

Ҷоми Тоҷикистон. 1/4 финал. Бозиҳои аввал

20 август (панҷшанбе)

Оғози бозиҳо - соати 17:00

«РАВШАН» (Кӯлоб) — «ВАХШ» (Қӯрғонтеппа)

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ

ССКА «ПОМИР» (Душанбе) — «БАРҚИ ТОҶИК» (Душанбе)

Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).

Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон

«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) — «САРОЙКАМАР» (Панҷ)

Сардовар: Умед Раҳимов (Қӯрғонтеппа).

Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург»

XS
SM
MD
LG