Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Истиқлол» ба Кувайт расид


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе барои бозии аввали ниманиҳоии Ҷоми AFC-2015 бо КВ «Кувайт» рӯзи душанбеи 28 сентябр тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе – Дубай - Эл-Кувайт ба Кувайт расид.

Дастаи «Истиқлол» дар меҳмонхонаи «Holiday Inn Kuwait» ҷойгир шудааст. Шоми душанбе дастаи “Истиқлол”, ки ба ҳайати он 16 бозигар шомил аст, бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар пойтахти Кувайт тамрин кард.

Бозии аввали ниманиҳоии Ҷоми AFC-2015 байни КВ «Кувайт» ва «Истиқлол» рӯзи чоршанбе, 30 сентябр, дар варзишгоҳи «Al Kuwait Sports Club Stadium Kaifan» соати 19:20 ба вақти маҳаллӣ (21:20 – ба вақти Душанбе) шурӯъ мешавад.

Ҳайати «Истиқлол» дар бозӣ муқобили КВ «Кувайт»:

Дарвозабонҳо: Никола Стошич, Алишер Тӯйчиев;

Ҳимоятгарон: Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Аҳтам Назаров, Ҷаҳонгир Ҷалилов;

Нимҳимоятгарон: Нуридддин Давронов, Хуршед Маҳмудов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Парвизҷон Умарбоев, Ромиш Ҷалилов, Умедҷон Шарифов, Дилшод Восиев;

Ҳамлагарон: Бледа Родригес, Манучеҳр Ҷалилов.

Сармураббӣ: Мубин Эргашев.

Доварони бозии аввали ниманиҳоии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Кувайт”-и Кувайт аз Эрон мебошанд.

Довари ФИФА Мӯҳсин Туркии 41-сола сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Муҳаммадризо Абулфазлӣ ва Саид Алинезҳадиён ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард.

Бунёдифардо Мовда вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дорад. Салим Саид бин Хазим Ал-Сувайдӣ аз Имороти Муттаҳидаи Араб нозири доварон ва Бенҷамин Тан аз Сингапур комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.

Ҷоми AFC-2015

1/2 финал. Бозиҳои аввал

29 сентябр (сешанбе)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Ҷоҳор Дорул Такзим» (Малайзия)

30 сентябр (чоршанбе)

КВ «Кувайт» (Кувайт) – «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)

1/2 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

20 октябр (сешанбе)

«Ҷоҳор Дорул Такзим» (Малайзия) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

21 октябр (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – КВ «Кувайт» (Кувайт)

XS
SM
MD
LG