Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба “Истиқлол” кӣ меояд - Манасян, Ширинбеков ё?..


Шоҳрух Саидов, раиси бошгоҳи футболи "Истиқлол".
Шоҳрух Саидов, раиси бошгоҳи футболи "Истиқлол".

Номзадии шаш нафар ба вазифаи сармураббии дастаи футболи лигаи олии Тоҷикистон - “Истиқлол”-и Душанбе баррасӣ мешавад.

Раиси бошгоҳи футболи “Истиқлол” Шоҳрух Саидов дар мусоҳиба бо сомонаи расмии ин бошгоҳ 27-уми июн гуфтааст, “рӯзҳои наздик исми мураббие, ки дастаро сарварӣ мекунад, маълум хоҳад шуд. Гуфтушунид бо номзадҳо ба вазифаи сармураббии даста ҷараён дорад. Мо номзадии Олег Ширинбеков, Сергей Алейников, Владимир Ғуломҳайдаров, Александр Шербаков, Вазген Манасян ва Владимир Ежуровро баррасӣ дорем. Дар муддати даҳ рӯз сармураббии нави даста маълум хоҳад шуд. Имрӯз, 27-уми июн мудири кулли бошгоҳ Муродҷон Умаров ба шаҳри Маскав барои гуфтушунид бо мураббии эҳтимолӣ сафар кард.”

Бояд тазаккур дод, Олег Ширинбеков, Владимир Ғуломҳайдаров ва Вазген Манасян зодагони Тоҷикистонанд ва солиёни зиёд дар дастаи машҳури “Помир”-и Душанбе, сипас дар бошгоҳҳои футболи кишварҳои мухталиф муваффақона бозӣ кардаанд. Имрӯз онҳо дар кишварҳои дигар ба сар мебаранд ва дар бошгоҳҳои гуногуни футбол ба ҳайси мушовир, мураббӣ ва сармураббӣ кор мекунанд. Владимир Ежуров низ шогирди футболи тоҷик аст, ки чанд соли ахир дар бошгоҳи футболи “Рубин”-и Қазон бозигарони ҷавонро машқ медиҳад.

Ёдовар мешавем, Никола Кавазович бо тасмими раҳбарияти бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе аз вазифаи сармураббии даста барканор шуда буд. Иллати аз вазифа сабукдӯш кардани мутахассиси сербиягӣ ба натиҷаи ғайриқаноатбахши даста марбут аст, ки ахиран дар бозии муҳим аз «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

«Истиқлол», ки то даври 11-уми мусобиқоти лигаи олӣ пешсаф буд, баъди бохт дар Кӯлоб давраи аввали мусобиқоти каҳрамонии Тоҷикистонро бо 24 имтиёз дар мақоми дувум ба анҷом расонд. Рақиби аслиаш – «Равшан» бо 27 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад.

Никола Кавазович моҳи апрели соли гузашта сармураббии дастаи «Истиқлол» таъин шуда буд. Бо раҳбарии ӯ «Истиқлол» Ҷоми раиси АФК-2012-ро ба даст овард ва барандаи медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон шуд.
XS
SM
MD
LG