Пайвандҳои дастрасӣ

Мубин Эргашев: Тақдири бозӣ дар дасти бачаҳост


Мубин Эргашев, сармураббии "Истиқлол".

Мубин Эргашев, сармураббии "Истиқлол".

Дар арафаи бозии «Истиқлол»-и Тоҷикистон бо “Ҷоҳор Дарул Такзим”-и Малайзия дар Душанбе нишасти хабарӣ доир шуд.

Рӯзи ҷумъаи 30 октябр дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Ҳаятт Риҷенси Душанбе” пеш аз бозии ниҳоии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) байни «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия нишасти хабарӣ барпо гардид.

Дар ин нишаст нахуст Роберто Карлос Марио Гомес, сармураббии «Ҷоҳор Дарул Такзим», ба хабарнигорон иброз дошт, “дастаҳое, ки ба финал мебароянд, барои пирӯзӣ мубориза мебаранд. Мо ҳам истисно нестем. Ба “Истиқлол” эҳтиром дорем, дастаи хуб аст. Мо кӯшиш мекунем, ки фардо бозии хуб нишон бидиҳем ва пирӯзӣ ба даст биёрем. Моро мизбонон хуш пазироӣ карданд, шароитҳои хуб барои мо фароҳам сохтанд. Ҳаво ҳам табъи дили мост. Танҳо аз як чиз нигаронем, ки дар майдони сунъӣ бозӣ мекунем. Мо ба ин одат накардаем. Вале бо “Истиқлол” дар як шароит қарор дорем. ”

Роберто Карлос Марио Гомес, сармураббии «Ҷоҳор Дарул Такзим»

Роберто Карлос Марио Гомес, сармураббии «Ҷоҳор Дарул Такзим»

Нимҳимоятгар Шафиқ Раҳим, капитани «Ҷоҳор», ба хабарнигорон иброз дошт, ки рақибро аз рӯи тамошои бозиҳояш тавассути сабтҳои видеоӣ омухтаанд ва ба Душанбе ба умеди пирӯзӣ омадаанд.

Баъдан Мубин Эргашев, сармураббии «Истиқлол», ба хабарнигорон гуфт, ки дастааш ба ин бозӣ комилан омодааст ва танҳо баҳри ғалаба талош хоҳад кард. Ӯ афзуд: “Ин бозӣ барои мо бозии асосии мавсими имсола ба шумор меравад. Мо дар соли аввали ширкати худ дар ин мусобиқаи пурнуфуз то ба финал баромадем ва тақдири бозӣ дар дасти бачаҳост. Бояд тамоми кӯшишу ғайраташонро баҳри пирӯзӣ ба кор андозанд. Рақибамон дастаи хуб аст. Ба даста мутахассиси варзида раҳбарӣ мекунад. Якчанд бозигари “Ҷоҳор” ба ҳайати мунтахаби миллии Малайзия шомиланд. Ба ман легионерҳои даста писанд омаданд, бахусус, ҳамлагарҳои аргентинӣ Лусиано Фигероа ва Леандро Веласкес”.

Манучеҳр Ҷалилов, бозигари “Истиқлол”, иброз намуд, ки “мо барои аввалин бор дар чунин мусобиқа ширкат мекунем ва ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтаем, ки ин дар таърихи футболи тоҷик саҳифаи нав аст. Ба бозӣ хуб омодагӣ дидем, вазифаамон якто - ғолиб омадан аст, ки ба ин комилан бовар дорем.”

Доварони бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2015 байни “Истиқлол” ва «Ҷоҳор Дарул Такзим» аз Ҷопон мебошанд. Довари ФИФА Тоҷо Миноруи 39-сола сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ҳамватанони ӯ, ёварони довари ФИФА – Наги Тошиюкии 44-сола ва Очи Синдзии 40-сола ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Довари ФИФА Ииду Юмпеи 34-сола вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дорад. Хонӣ Толиб Сафар аз Қатар нозири доварон ва Йен Мун Чун аз Ҳонконг комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG