Пайвандҳои дастрасӣ

Бо вуҷуди таърихи дарози қатлҳои сиёсӣ Истамбул дар ин росто марҳалаи наверо ба сар мебарад. Дар як соли охир дар ин ҷо зиёда аз 20 куштор рӯй дода, ангеза ва фармоишгарони аксари онҳо ошкор нашудаанд.

Куштори Умаралӣ Қувватов, яке аз мухолифони тоҷик дар Истамбул бисёре аз таҳлилгарони туркро ба ёди қатлҳои дигаре андохт, ки дар кишвари онҳо солҳои охир ба вуқӯъ пайвастанд. Аз ҷумла сӯиқасд ба ҷони мухолифи ҳукумати Ӯзбакистон Абдуллоҳ Бухорӣ дар соли 2013 ё қатли паноҳандагони чечен дар солҳои 2011, 2009 ва 2007 дар як саф бо куштори сиёсатмадорон, тоҷирон, сарварони олами ҷиноӣ, фаъолони курд ё арман ва журналистону ҳомиёни ҳуқуқи инсон хулосаеро ба бор овард, ки Истамбул пур аз қотилони фармоишӣ ва қурбониёни онҳост.

Куштори сиёсӣ барои Туркия падидаи наве нест ва пеш аз ин авҷи он ба солҳои 1990 рост меояд, ки ба гуфтаи Википедия, он вақт 13 нафар аз чеҳраҳои шинохтаи саҳнаи сиёсии ин кишвар дар сӯиқасдҳо кушта шуданд. Тафовут дар ин аст, ки ҳарчӣ бештар дар феҳристи қурбониён номи шаҳрвандони хориҷӣ ба назар мерасад.

Ҳалдун Солмазтурк, таҳлилгари умури сиёсӣ ва амниятии Туркия

Ҳалдун Солмазтурк, таҳлилгари умури сиёсӣ ва амниятии Туркия

Муҳаққиқи фарҳанги сиёсии Туркия дар Пажӯҳишгоҳи салтанатии Чатҳам Ҳауси Лондон, Ҳалдун Солмазтурк мегӯяд, ин ҳол бештар ба таҳаввулоти сиёсӣ дар давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Русия, Сурия, кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ бастагӣ дорад. Ба ақидаи ӯ, ҳама гуна низоъҳо дар ин кишварҳо ба ин ё он тарз вазъи дохилии амниятии Туркияро шакл додаанд.

Аммо ин пажӯҳишгар бовар дорад, ки худи вазъи дохилии Туркия низ ба сар задани қатлҳои сиёсӣ ва густариши онҳо мусоадат мекунад. Вай мегӯяд: “Муҳити сиёсӣ дар Туркия ба гунае шудааст, ки полис ва ниҳодҳои амнияти миллӣ комилан пойбанди иродаи сиёсии ҳизби ҳокиманд ва мавқеи мустақил, ташаббус ва амали мустақил надоранд. Зеро онҳо ҳисси ноамнӣ мекунанд, чунки ҳазорон нафар аз афсарони полис ва амният бо иттиҳомоти гуногуни суолбарангез ба додгоҳ кашида шуданд ва мақсад поккории ин ниҳодҳо буд. Онҳо зери фишори ҳукуматанд ва метарсанд, ки барои ҳар ташаббус метавонанд, ҳадафи ҷазо шаванд.”

Аз нигоҳи Ҳалдун Солмазтурк ҳоло полис ва хадамоти амниятии Туркия ҳолеро доранд, ки метавон дар Русия мушоҳида кард. Онҳо тавони дарёфт ва боздошти гумонбаронро доранд, вале аз пеши худ ташаббус карда наметавонанд ва интизори тасмиму роҳнамоии сиёсӣ мешаванд. “Онҳо аввал бояд бовар кунанд, ки барои чунин амал ҳимоят хоҳанд шуд. Бидуни ин ва бе роҳнамоии ҳокимияти сиёсӣ онҳо даст ба амал нахоҳанд зад,” -- мегӯяд ҷаноби Солмазтурк.

Дар таҳқиқи куштори Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гурӯҳи 24”, ки шаби 5-уми март дар ноҳияи Фотеҳи Истамбул рӯй дод, аз замони воқеа то 3 рӯзи баъдӣ хеле зуд хабарҳои зиёд, аз ҷумла боздошти се гумонбари қатл нашр шуд, аммо ҳеч яке аз хабарҳо бевосита аз тарафи мақомоти полис ё хадамоти манияти Туркия садо надода, балки бо таровиш ба расонаҳои ахбори ом паҳн гаштаанд. Гумонбари куштори имом Абдуллоҳ Бухорӣ пас аз 17 рӯзи воқеа, 27-уми декабри соли гузашта боздошт шуд, вале дигар дар борааш иттилое расонаӣ нашудааст.

Қатли Абдулло Бухорӣ

Қатли Абдулло Бухорӣ

Абдуллоҳ Бухории 38-сола, яке аз мунаққидони сарсахти ҳукумати президент Ислом Каримов ва тарафдори ба сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастани ҷавонони ӯзбак рӯзи 10-уми декабри соли 2013 дар назди масҷиди худ дар ноҳияи Зайтунбурнуи Истамбул кушта шуд. Полис ҳамчун гумонбар як чечентабори 27-соларо боздошт кардааст, ки шиносномаи украинӣ доштааст. Аммо тафсилоти бештаре дода намешавад ва он ҳам дар ҳоле ки қатли паноҳҷӯёни чечен дар соли 2011 сарусадои зиёд ба бор оварда буд.

Расонаҳои туркӣ мегӯянд, хадамоти амнияти Русия ва Ӯзбакистон борҳо ба Абдуллоҳ Бухорӣ таҳдиди марг кардаанд ва ӯ замоне ҳадаф қарор гирифт, ки бе ҷавшан ва муҳофизонаш барои кӯтоҳмуддат ба кӯча баромад.

Каим Садуев, ки зидди нерӯҳои Русия дар Чеченистон ҷангидааст, 28-уми феврали соли 2014 дар ноҳияи Башакшаҳри Истамбул аз хӯрдани ғизое ба ҳалокат расид, ки хешовандон барояш фиристодаанд. Зан ва писари ӯ ҳам аз ин ғизо заҳролуд шуданд, аммо зинда монданд, аммо худи ӯ дар бемористон фавтид.

Умаралӣ Қувватов

Умаралӣ Қувватов

24-уми декабри соли 2014 Ведот Шоҳин, бародари Седот Шоҳин, ки аз сарони як дастаи ҷиноии Туркия ба шумор меравад, ҳамроҳи як дӯсташ ва ҳам як муҳофизи Седот дар минтақаи Нишонтошӣ бо тири силоҳи автоматӣ кушта шуданд. Худи ҳамон рӯз тоҷири маскан Алиакбар Акгун вақте мошини худро дар чароғаки сурх нигоҳ дошт, аз ҷониби ду нафаре ба зарби тири туфангча ба қатл расид.

16-уми сентябри соли 2011 кушторе шабеҳи қатли дастаҷамъона дар истодгоҳи мошинҳо ба амал омад. Се чечен -- Берг Ҳаҷ Мӯсоев, Заурбек Амриев ва Рустам Алтемиров баъд аз адои намоз мехостанд, ба мошине боло шаванд, аммо аз тарафи як марди мусаллаҳ яке паси дигар кушта шуданд. Полис ду нафарро боздошт кард, ки гуфта мешавад, кормандони Хадамоти федеролии амнияти Русия буда, бо номҳои Александр Жарков ва Надим Аюбов вориди Туркия шудаанд.

Мутахассисон ин қатлро кори қотили ҳирфаӣ номиданд, ки дар 30 сония 11 бор тир холӣ карда, гулӯлаҳои охиринро ба сари қурбониёнаш задааст.

Дар шарҳи ин куштор мақомоти Русия гуфтаанд, ки се чечен аз бомбгузорони таркиши 24-уми январи соли 2011 дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав ва афроди фармондеҳ Доку Умаров будаанд. Бархе аз коршиносони рус, аз ҷумла узви Шӯрои ҷамъиятии президент Путин – Максим Шевченко ин қатлро одилона шумурдаанд.

Пеш аз ин куштор, 26-уми феврали соли 2009 намояндаи Аморати Қафқоз, собиқадори ҷанги Чеченистон Алӣ Осаев аз силоҳи бесадое кушта шуд, ки “MSP Groza” ном дошта, дар Русия тавлид мешавад ва дар фурӯш дастрас нест.

Медет Унлу

Медет Унлу

Дар ҳамлаҳои дигар шаҳрванди чечентабори Туркия ва консули ифтихории ҳукумати президенти Чеченистон Ҷавҳар Дудаев -- Медет Унлу (22-юми майи соли 2013), ҳамчунин ҷангиёни собиқи чечен Ислом Ганибеков (10 декабри соли 2008), сарҳанги артиши Чеченистон Ғозӣ Эдилсултонов (сентябри соли 2008) ба қатл расидаанд.

Куштори Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гурӯҳи 24” дар чунин як шаҳре ба вуқӯъ пайваст. Пажӯҳиши ин воқеа идома дорад ва коршиноси тоҷик, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров мегӯяд, натиҷаҳои он мумкин аст, то андозае ба робитаҳои байни Тоҷикистон ва Туркия таъсиргузор бошанд: “Албатта, эҳтимоли чунин таъсир кам аст, вале онро тамоман рад кардан ҳам намешавад, чунки онҳое ин корро карданд, мехоҳанд, дар байни ду тараф зиддияте ба вуҷуд ояд. Аз сӯи дигар ҳукумати Тоҷикистон бисёр мехост, ки Қувватов ба Тоҷикистон баргардонида шавад, чунки ин ҷо б аъзе проблемаҳои дигар ҳам буд, ки мебоист онҳоро таҳқиқ мекарданд.”

Вале коршиноси мустақил Саймиддин Дӯстов бар ин аст, ки натиҷаҳои пажӯҳиши қатли Умаралӣ Қувватов барои робитаҳои байни Тоҷикистон ва Туркия ҳеч гуна таъсир нахоҳад дошт: “Дар бадтарин ҳолат танҳо мумкин аст, як изҳорот ё нота фиристода шавад, на бештар аз ин. Ин қазия барои ҳаёти сиёсии дохили кишвар таъсири бештар хоҳад дошт, то ба равобити берунаи он.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG