Пайвандҳои дастрасӣ

Созмонҳои журналистӣ: «Пойбанди нафрат» нафратангез аст


Созмонҳои журналистӣ аз пахши барномаҳои «нафратангез» дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон изҳори нигаронии шадид карда, аз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати Тоҷикистон хостори додани баҳои сазовори ҳуқуқӣ шудаанд.

Ин изҳорот аз сӯи Шӯрои ВАО, Ассотсиатсияи миллии васоити ахбори мустақил (НАНСМИТ) ва Медиа-Алянси Тоҷикистон имзо шуда, дар он омадааст, ки шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон барномаҳоеро пахш мекунанд, ки «боиси таассуфи аҳли ҷомеа шуда, ба меъёрҳои касбӣ мувофиқ нестанд”.

Созмонҳо бахусус пахши филми «Пойбанди нафрат» тариқи шабакаи телевизиони кӯдаконаи «Баҳористон»-ро таъкид карда, онро намоиши муносибати ғайрикасбӣ ва қонуннописандии бармалои дастандаркорони шабакаҳои телевизионии давлатии Тоҷикистон унвон кардаанд. Онҳо мегӯянд, шабакаҳои давлатии телевизион, аз ҷумла «Баҳористон», «бо намоиш додани чунин барнома меъёри конститутсионии дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон, ҳаққи қонунии кӯдакон ва наврасон оид ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, маҳрамона будани асрори ҳаёти кӯдакон ва амсоли онҳоро дағалона поймол намуданд».

Бегоҳиҳои 21 ва 23-юми сентябр шабакаҳои телвизиони давлатии Тоҷикистон барномаи махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо номи "Пайроҳаи нафрат" намоиш доданд, ки дар он донишҷӯи дастгиршудаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сомон Муҳаббатов дар бораи куштори кӯдак дар ноҳияи Тоҷикобод ва ҳамкориҳояш бо ҲНИТ нақл мекунад. Мавсуф мегӯяд, ки Қиёмиддин Абдусаломови 8 - соларо бо корд кушта, баъдан ба номусаш таҷовуз кардааст. Ӯ ҳамчунин аз таҷовуз ба номуси худ аз сӯи муллоҳои Тоҷикобод ва аъзои ҲНИТ нақл мекунад.

Созмонҳои журналистӣ менависанд, “аз муҳтавои филм чунин хулоса бармеояд, ки аъмоли зишти таҷовуз ба номуси кӯдакон дар байни ҷомеа аллакай маъмул гаштааст. Вале дар ҷомеаи Тоҷикистон чунин аъмол ҳамеша маҳкум мешуд ва имрӯз низ маҳкум мегардад. Бинобар ин, онро набояд аз тариқи телевизион ба тамоми мардуми кишвар намоиш дод, балки бар зидди он аз тариқи роҳҳои қонунӣ, масалан суд, истифода бурд».

Созмонҳои журналистӣ аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки шабакаи «Баҳористон» ҳамчун шабакаи кӯдакону наврасон бо намоиш додани филми «Пойбанди нафрат» одоби миллии тоҷикиро нодида гирифтааст. Онҳо менависанд, намоиши ин филм як гуна огоҳона ё ноогоҳона табдил додани «оинаи нилгун» ба минбари ташвиқу тарғиби фаҳшу фуҷур ва хилофи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон аст.

Созмонҳои рӯзноманигорӣ мегӯянд, аъмоли як нохалаф аъмоли умумии як миллат нест ва намоиши он обрӯ, шаъну эътибор ва иффату фарҳанги миллӣ ва имиҷи Тоҷикистонро пеши мардуми дунё паст задан аст.

Дар ниҳоят созмонҳо хулоса мекунанд, ки дар арафаи маъракаи интихоботи президентии Тоҷикистон намоиш додани чунин филмҳо мақсади муайяни сиёсӣ дорад ва бар зидди рақибони сиёсӣ равона шудааст, аммо барои расидан ба ҳадаф ба бозиҳои сиёсӣ кашидан ва истифода бурдани кӯдакону наврасон тангназарӣ ва камоли ноҷавонмардист.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG