Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Исроил ба Сурия. Ҳавопаймоҳои моро назанед


Системаи зиддмушакии Исроил дар марз бо Сурия.

Системаи зиддмушакии Исроил дар марз бо Сурия.

Исроил ба ҳукумати Сурия ҳушдор додааст, ки системаи зиддимушакиашро ба зидди ҳавопаймоҳои исроилӣ истифода накунад, вагарна онро аз байн мебаранд.

Ҳушдор баъд аз он садо дод, ки нерӯҳои Сурия ба ҳавопаймоҳои исроилие оташ кушоданд, ки барои маҳви як корвони мошинҳо вориди қаламрави Сурия шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти исроилӣ, ин мошинҳо барои гурӯҳи тундрави Ҳизбуллоҳи Лубнон аслиҳа мебурданд.

Авигдор Либерман, вазири дифои Исроил

Авигдор Либерман, вазири дифои Исроил

Авигдор Либерман, вазири дифои Исроил, рӯзи 19-уми март гуфт, “Агар суриягиҳо бори дигар системи зиддимушакиашонро ба зидди ҳавопаймоҳои мо ба кор баранд, мо онро бе як зарра истиҳола нобуд мекунем.”

Гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон дар канори ҳукумати Сурия ба зидди шӯришиён дар ин кишвар 6 сол боз аст меҷангад. Ҳизбуллоҳ, ки аз тарафи Эрон ҳимоят мешавад, худро душмани ашаддии Исроил эълон кардааст ва дар як даҳсолаи гузашта ба қаламрави Исроил ҳазорон мушак андохтааст.

Исроилу Амрико гурӯҳи шиамазҳаби Ҳизбуллоҳи Лубнонро созмони террористӣ медонанд ва мегӯянд, ки ин гурӯҳ як абзори дасти Эрон аст.

Ҳавопаймоҳои Исроил рӯзи 17-уми март ба чанд мавзеъ дар шаҳри биёбонии Тамруд ва ё Палмира дар Сурия зарба заданд. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфт, ки онҳо аслиҳаеро нобуд карданд, ки мебоист, ба размандагони Ҳизбуллоҳ мерасид.

Агар суриягиҳо бори дигар системи зиддимушакиашонро ба зидди ҳавопаймоҳои мо ба кор баранд, мо онро бе як зарра истиҳола нобуд мекунем.

Артиши Сурия гуфт, ҳангоми ҳамлаи ҳавопаймоҳои Исроил, яке аз онҳоро сарнагун кардаанд ва ба ҳавопаймои дигар осеб расондаанд. Мақомоти Исроил ҳеҷ кадоме аз ҳавопаймоҳо зарба нахӯрдаанд, вале ба самти онҳо ҳангоми амалиёти ҳавоӣ “чанд мушаки зидди ҳавопаймо партоб шудааст.”

Авигдор Либерман гуфт, “Ҳар вақте мо интиқоли аслиҳа аз Сурия ба Лубнонро ошкор кардем, ҳатман барои қатъи он амал мекунем. Дар ин масъала мо ҳеҷ мусолиҳа намекунем.”

Вазири дифои Исроил афзуд, кишвараш намехоҳад дар ҷанги дохилии Исроил дахолат кунад ва ё бо нерӯҳои Русия, ки ба ҳукумати раиси ҷумҳур Башор Асад кӯмак мекунанд, вориди муқобила шавад.

Дар ҷанги шашсолаи Сурия миллионҳо нафар бехонумон шудаанд.

Дар ҷанги шашсолаи Сурия миллионҳо нафар бехонумон шудаанд.

Бо вуҷуди онки Русияву Исроил дар Сурия манофеи гуногун доранд, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил чанд моҳ пеш бо Владимир Пути, раиси ҷумҳури Русия мулоқот кард ва ду тараф ба мувофиқа расиданд, ки барои пешгирӣ аз муноқишаи тасодуфии байни нерӯҳои ду кишвар “хати ҳамоҳангсозӣ” дошта бошанд.

Дар ҷанги шашсолаи Сурия, ки баъди саркӯби қиёмҳои мардумӣ дар моҳи марти соли 2011 шурӯъ шуд, то кунун 300 ҳазор нафар кушта шудаанд ва миллионҳо тани дигар бехонаву дар мондаанд.

Амрикову Туркия дар ин ҷанг ба гурӯҳҳои ошӯбгари гуногун кӯмак ва Эрону Русия ба ҳукумати Сурия кӯмак мекунанд. Ба ин ҷанг гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ ҳам шомил шуд, вале ҳам Амрикову Туркия ва ҳам Эрону Сурия бо ин гурӯҳ меҷанганд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG