Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шартҳои Исроилу Ҳамос барои оташбас


Муҳаммад Мурсӣ дар дидор бо Холид Машъал
Муҳаммад Мурсӣ дар дидор бо Холид Машъал

Миср раҳбари талошҳо барои хатми хушунатест, ки дар 6 рӯз камаш 100 фаластинӣ ва 3 исроилиро кушта ба ҷой гузошт.

Дабири кулли СММ Бан Ки Мун имрӯз дар Қоҳира бо раисиҷумҳури Миср Муҳаммад Мурсӣ мулоқот мекунад. Миср раҳбари талошҳо барои хатми хушунатест, ки дар 6 рӯз дастикам 100 фаластинӣ ва 3 исроилиро кушта ба ҷо гузошт.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дирӯз дар сӯҳбат бо Мурсӣ ба зарурати хатми мушакборон аз сӯи Ҳамос таъкид кардааст.Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Виктория Нуланд гуфт, Вошингтон ба хотири поён додан ба хушунат бо раҳбарони минтақа ҳамкорӣ мекунад: “Мо аз қурбониҳои мулкӣ дар ҳарду ҷониб нигарон ҳастем, мо мехоҳем вазъият ором карда шавад, мо бо ҷонибҳо ва бо бозигарони минтақавӣ рӯи ин кор мекунем.”

Дар Брюссел вазирони умури хориҷии ИА ба оташбас даъват карда, хостори хатми мушакборон аз навори Ғаза шуданд ва ҳам аз Исроил хостанд, то “мутаносиб амал карда, дар ҳамлаҳои ҷавобиаш ҳамеша ҳифзи мардуми мулкиро замонат диҳад.” Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу шоми душанбе қадамҳои баъдиашро бо доираи наздики вазирон баррасӣ кард. Исроил шартҳои худ барои оташбасро эълон кардааст, ки аз ҷумла қатъи мушакборон аз ҷониби Ҳамос ва талоши байналмилалӣ барои тазмини инро, ки Ҳамос дигарбора мусаллаҳ нахоҳад шуд, дар бар мегирад.

Аммо раҳбари табъидии Ҳамос Холид Машъал дирӯз дар Қоҳира гуфт, низоъро бояд аввал Исроил бас кунад: “Музокироти мо бо раҳбарону мақомоти иктишофии Миср идома дорад. Мо ҳар рӯз мулоқот дорем, вале ман дар бораи ҷараёнаш сӯҳбат намекунам. Вале мо талабҳои Исроилро қабул нахоҳем кард. Онҳоянд, ки ҳамла карданд. Сониян, оташбас замоне воқеъ мешавад, ки талабҳои мо иҷро шаванд. Онҳо оташбас мехоҳанд, вале барои ин бояд таҷовуз ҳам қатъ шавад ва мо исрор меварзем, ки талабҳои мо иҷро шаванд.”


Эрдуғон
Эрдуғон
Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи душанбе Исроилро ба маҳзи бомбборони навори Ғаза “давлати террористӣ” номид ва гуфт: “Оё дар ин дунё барои онҳое ки кӯдаконро мекушанд, ҷой ҳаст? Мо метавонем бигӯем, ки онҳо ба инсоният эҳтиром доранд? Ба ҳамин далел, ман мегӯям, ки Исроил давлати террористист.”

Русия дар СММ аз нокомии Шӯрои Амният дар мавриди иқдом дар қиболи ин буҳрон изҳори таассуф кард.

Исроил ду рӯз боз қароргоҳи расонаҳои байналмилалӣ дар Ғазаро мушакборон мекунад. Дар ин сохтмон ду нафар, аз ҷумла як ҷангии гурӯҳи Ҷиҳоди исломӣ, кушта шудаанд. Пулиси Исроил гуфт, ҷангиёни Ғаза рӯзи душанбе алайҳи ҷануби Исроил 110 мушак андохтаанд, вале касе осеб надидааст.
XS
SM
MD
LG