Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи олии Озарбойҷон Хадиҷа Исмоиловаро озод кард


Лаҳзаҳои аввали озодшавии Хадиҷа Исмоилова аз зиндон. Шоми 25 маи соли 2016

Лаҳзаҳои аввали озодшавии Хадиҷа Исмоилова аз зиндон. Шоми 25 маи соли 2016

Соли 2015 Исмоилова аз ҷониби додгоҳи Боку ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуд ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башар гуфтанд, ки мақомот бо ин роҳ аз Исмоилова барои таҳқиқи мавридҳои фасодзадагии аъзои оилаи президент Илҳом Алиев қассос мегиранд.

Додгоҳи Олии Озарбойҷон рӯзи 25 май қарори аз маҳбас озод кардани журналисти радиои Озодӣ Хадиҷа Исмоиловаро содир кард. Соли 2015 Исмоилова аз ҷониби додгоҳи Боку ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуд ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башар гуфтанд, ки мақомот бо ин роҳ аз Исмоилова барои ошкор кардани мавридҳои фасодзадагии аъзои оилаи президент Илҳом Алиев қассос мегиранд.

Ненад Пейиҷ, сардабири радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бо истиқбол аз ин хабар гуфт, «ин як рӯзи бузург барои Хадиҷа ва барои ҳамаи журналистон ва ҳам озодии баён дар тамоми нуқоти дигари ҷаҳон аст». Вай гуфт, ки барои ин хабари хуши хонаводаи Хадиҷа хеле шод аст ва интизор аст, ки Хадиҷа базудӣ сари кор баргардад.

Додгоҳи олии Озарбойҷон баъди бозбинӣ шудани ҳукми Исмоилова, қарор кард, ки ҳукми ӯро ба сеюним соли зиндони шартӣ табдил шавад. Ҳамин тавр, додгоҳи олӣ Исмоиловаро аз рӯи моддаҳои «азхудкунӣ» ва «сӯиистифода аз вазифа» сафед кард, вале моддаҳои “соҳибкории ғайриқонунӣ” ва “фирор аз пардохти молиёт”-ро нигоҳ дошт.

Ба ҳангоми қироати ҳукми додгоҳ худи Исмоилова дар мурофиа ҳузур надошт ва ӯро дар ин мурофиа вакили дифояш Фариз Намозлӣ намояндагӣ кард. Вакили дифоъ ба хабаргузории Франс Пресс гуфт, ки интизор меравад Хадиҷа Исмоилова шоми имрӯз аз зиндон озод шавад.

Хадиҷа Исмоилова декабри соли 2014 боздошт ва сентябри соли 2015 бо иттиҳоми, ба гуфтааш сохта ва сиёсӣ ба ҳабс маҳкум шуд. Барои озодшавии Исмоилова дар баробари созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар, инчунин ҳукуматҳои ғарбӣ ва аврупоӣ талош кардаанд.

Дар оғози моҳи май ба Исмоилова ҷоизаи ЮНЕСКО барои озодии баён ба номи Гилермо Кано тақдим шуд. Ин ҷоиза барои саҳми фавқулодда дар ҳимоят ва пешбурди озодии матбуот дар саросари ҷаҳон супурда мешавад.

Озодшавии Исмоилова се рӯз пеш аз таҷлили Рӯзи Ҷумҳурӣ дар Озарбойҷон сурат мегирад ва дар остонаи ин ҷашн ҳукумат ба афви сартосарӣ иқдом кард. Рӯзи 27 май созмонҳои ҷамъиятии Озарбойҷон мехоҳанд дар 40 шаҳру манотиқи ин кишвар раҳпаймоӣ ташкил карда, 40-солагии мавлуди Хадиҷа Исмоиловаро таҷлил кунанд

XS
SM
MD
LG