Пайвандҳои дастрасӣ

Исмоилхон, вазири пешини об ва энержии Афғонистон аз ҳамлаи интиҳорӣ ҷони соли бадар бурдааст.

Тибқи гузориши хабаргузории Ассошиэйтед пресс, оқои Исмоилхон, ки ҳамзамон муовини номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Афғонистон Абдурабб Расули Сайёф мебошад, баъд аз намози ҷумъа дар вилояти Ҳирот, дар ғарби Афғонистон ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.

Ҳамла ба Исмоилхон замоне сурат гирифт, ки ӯ пас аз адои намози ҷумъа аз масҷид берун мерафт. Ба гуфтаи сухангӯи пулиси Ҳирот, дар ин ҳамла ба ҷуз шахси интиҳоркунанда, каси дигар ба ҳалокат нарасидааст. Сухангӯи пулиси Ҳирот ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки шахси интиҳорӣ 70 сол умр дошта ва ҳадафи ҳамла Исмоилхон будааст. То кунун ҳеҷ гурӯҳ масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст

Исмоил Хон аз чеҳраҳои саршиноси қавми тоҷик дар Афғонистон ва аз фармондеҳони муҷоҳиддин дар замони таҷовузи Шӯравӣ ба он кишвар мебошад. Ӯ давоми ин солҳо ба унвони фармондеҳи ин ҳизб дар канори Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд бар зидди нерӯҳои ишғолгари шӯравӣ дар ғарби Афғонистон мубориза мебурд. Аҳмадшоҳ Масъуд соли 2001 ва Бурҳониддин Раббонӣ соли 2012 дар ҳамлаҳои интиҳорӣ аз сӯи Ал-қоида ва Толибон ба шаҳодат расида буданд.

Исмоилхон чандин сол дар мақоми волии вилояти овозадори Ҳирот низ ифои вазифа намудааст. Ӯ дар вилояти Ҳирот аз маҳбубияти зиёде бархӯрдор аст ва мардуми зиёде дар ин вилоят ӯро "амир" хитоб мекунанд. Ҳудуди чанд моҳ қабл, ҷиҳати иштирок дар интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон ба унвони муовини номзади ин мақом Абдурабб Расули Сайёф, ӯ аз мақоми вазири об ва энержии Афғонистон истеъфо дода буд.

Чанд сол қабл писари оқои Исмоилхон, ки дар мақоми вазири ҳавонавардии Афғонистон ифои вазифа мекард, дар шаҳри Ҳирот кушта шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG