Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳаммад Исмоил Хон, яке аз фармондеҳони маъруфи ғарби Афғонистон, ки то таъсиси ҳукумати нав вазири обу энержӣ буд, дар бораи таҳдиди як ҷанги бесобиқа дар моҳҳои оянда ҳушдор додааст.

Ҳушдори Исмоил Хон рӯзи панҷшанбе дар ҷанозаи доктор Нургул, яке аз фармондеҳони ҷиҳодии Ҳирот, ки ду рӯз пеш аз тири афроди ношинос кушта шуд, садо дод.

Исмоил Хон аз ҳукумати ваҳдати миллӣ хост, ки ҳарчӣ зудтар як барномаи муназзамеро барои назорати вазъи амниятӣ дар кишвар рӯи даст бигирад. Фармондеҳи маъруф баъд аз маросим дар сӯҳбат бо хабарнигорон аз раиси иҷроияи Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ интиқод кард, ки ҳарчанд аксари мардуми Ҳирот дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ба ӯ раъй дода буданд, нафареро аз ин минтақа ба ҳукумат шомил накардааст. Зимнан, ному насаби Исмоил Хон, собиқ вазири обу энерҷӣ, дар феҳристи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон нест. Дар робита ба ин бархе аз таҳлилгарони маҳаллӣ ҳадс мезананд, ки шояд изҳороти эҳсосотӣ ва ҳушдори Исмоил Хон бо пешбарӣ нашуданаш ба мақоме дар ҳукумати ҷадид бастагӣ дошта бошад.

Аммо Аҳмад Саидӣ, сиёсатшиноси афғони муқими Кобул мегӯяд, ки ҳушдори Исмоил Хон дар бораи ҷанги шадиди нав дар Афғонистон беасос нест. “Ғайр аз ҳушдори Исмоил Хон ҳам мардум мефаҳманд, ки душманони Афғонистон то ба дарвозаҳои хонаҳо расидаанд. Аз дигар сӯ, мардум аз ҳукумати ваҳдати миллӣ хело нороҳат ҳастанд, онҳо гушнаву парешон ҳастанд... Гапи Исмоил Хон нест, мардум ҳама воқеъиятро мефаҳманд”. Ба гуфтаи сиёсатшинос, гап сари ҷанги дохилӣ дар пайи норозигӣ аз ҳукумат меравад, ки ба он шояд "Давлати исломӣ" ҳамроҳ шавад.

Наҷиб Маҳмуд

Наҷиб Маҳмуд

Саид Аҳмад Наҷиб Маҳмуд, дигар таҳлилгари афғон, ҳам мегӯяд, эҳсоси Исмоил Хон, фармондеҳи маъруфи ҷиҳодӣ, дар бораи сар задани як ҷанги бесобиқаи дохилӣ дар Афғонистон, ҳатман нигарониҳоро халқ мекунад, ба вижа, ки вазъи амниятӣ дар кишвар тайи як соли ахир бадтар шудааст ва мардум аз таҳдиди гурӯҳи “Давлати исломӣ” низ ҳарос доранд. Ӯ мегӯяд, “амалан мо дар як амнияти хуб ба сар намебарем, дар аксари вилоятҳои Афғонистон ҳукумати маҳаллӣ, ба хусус дар рустоҳову волусволиҳо аз байн рафта ва ҳатто эҳтимоле, ки гурӯҳҳои ҷадиде ба ҷанг алайҳи давлат пардозанд, хело қавист”.Ба гуфтаи сиёсатшинос, “соли 2014 кашмакашҳои низомӣ беш аз ҳад буд ва акнун ҳам рӯҳияи мардум нисбат ба масоили амниятӣ хуб нест”.

Саид Аҳмад Наҷиб Маҳмуд меафзояд, “дар аксар вилоятҳо сӯҳбат дар он бора аст, ки гурӯҳи “Давлати исломӣ” шакл мегирад ва шояд вазъиятро бештар ноамн кунад”.

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, мардум аз он ҳам нигаронанд, ки баъд аз хурӯҷи нерӯҳои байнулмилалӣ дигар сармоягузорӣ ба Афғонистон сурат намегирад, хориҷиҳо кишварро тарк мекунанд, қиматҳо боло мераванд, вазъияти бад дар долонҳои сиёсии кишвар вуҷуд дорад ва ин ҳам нишондиҳандаест, ки ба душманони зиёди давлати Афғонистон шонси дигареро медиҳад то вазъро бештар ноором кунад.

Ато Муҳаммади Нур

Ато Муҳаммади Нур

Мусоҳиби мо мегӯяд, қаблан Ато Муҳаммад Нур, волии Балх ҳам дар яке аз сӯҳбатҳои худ аз хатари гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба Афғонистон ҳушдор дода буд. Ба гуфтаи Саид Аҳмад Наҷиб Маҳмуд, то ҳол ягон мансабдори воломақом изҳороти Исмоил Хонро ташреҳ накарда ва нагуфтааст, ки вазъият ба самти ҷанг ва кашмокаш меравад ё хайр.

Аз ин пештар ҳам таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки баъд аз хурӯҷи нерӯҳои байнулмиллалӣ Афғонистон мубтало ба тундбоди ноамниҳо мешавад. Ёдовар мешавем, ки аз ин баъд дар Афғонистон 10 800 афсару сарбози амрикоӣ боқӣ мемонанд ва шумораи умумии неруҳои эътилоф 13 000 нафарро ташкил хоҳад дод. Қарор аст, ки онҳо тавйи ду соли оянда ба тамрини нерӯҳои афғон машғул шаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG