Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти интизомии Маскав дар ҷараёни амалиёти “Такси” як зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми ҷалби афрод ба сафи созмони тундрави “Давлати исломӣ” дастгир кардаанд.

Анатолий Якунин, раҳбари пулиси шаҳри Маскав рӯзи 19 апрел дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳафтаи гузашта дар ҷараёни амалиёти “Такси” 29 ронандае, ки таҳти ҷустуҷӯ қарор доштаанд, дастгир шуданд. Амалиёти “Такси” дар Маскав аз 5 апрел ба ин сӯ идома дошт.

Ба гуфтаи раҳбари пулис, яке аз дастгиршудагон зодаи Тоҷикистон буда, ба ҷалби афрод ба сафи созмони тундрави “Давлати исломӣ” (ДИИШ) айбдор мешавад.

Анатолий Якунин ба хабарнигорон гуфт: “Рӯзи 14 апрел дар ҳавзаи марказии Маскав як зодаи Тоҷикистон, ки ҳамчун ронандаи такси кор мекард, дастгир шуд. Ӯ бо иттиҳоми даст доштан дар ҷиноятҳои марбут ба ҷалби шаҳрвандон барои ширкат дар амалиётҳои ҷангӣ дар сафи “Давлати исломӣ” дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт.”

Исми ин мубаллиғи тоҷики “Давлати исломӣ” нашр нашудааст. Ин ҳам маълум нест, ки оё ин нафарро худи мақомоти Русия ҷустуҷӯ мекарданд ваё ӯ бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт шудааст?

Аммо боздошти ин нафар дар ҳолест, ки манобеи Озодӣ ҳафтаи гузашта аз таҳти ҷустуҷӯ қарор додани Анӯшервон Азимов, сокини 26-солаи деҳаи Тутқавули шаҳри Норак хабар доданд. Анӯшервон Азимов, ки бо лақаби “Анас” маъруф буд, бино ба маълумоти дарёфтӣ, ба ҷалби беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷангҳои Сурияву Ироқ муттаҳам мешавад.

“Анас”, ки ба гуфтаи манобеи Озодӣ, аз хатарноктарин мубаллиғони “Давлати исломӣ” маҳсуб мешуд, дар Русия такси мезад ва ҳамзамон барои ин созмони тундрав асосан аз байни муҳоҷирони тоҷик “аскар” меҷуст.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки қисматҳое аз қаламравҳои Сурияву Ироқро ишғол ва дар ин заминҳои зери назораташ эълони ба ном “хилофат” кардааст. Ин гурӯҳ бо бархӯрди бераҳмонааш нисбат ба асирону дигарандешон, аз ҷумла бо зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани мухолифонаш ном баровардааст.

“Давлати исломӣ” бо истифода аз шеваҳои нави даъвату таблиғ ва ҷалби афрод, бахусус аз тариқи Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ тавонист дар байни ду ило се соли охир қариб 20 0000 нафарро аз кишварҳои мухталиф ба Сурияву Ироқ бикашонад ва бо кумаки ин “сипоҳи муртазиқа” (зархарид) ҳатто шабакаи террористии Ал-Қоидаро ақиб гузошта, ба қавитарин созмони террористии ҷаҳони муосир табдил биёбад.

“Давлати исломӣ” масъулияти як силсила ҳамлаҳои террористӣ дар гӯшаҳои гуногуни дунё, аз ҷумла масъулияти ҳамлаҳои моҳи ноябри Порисро, ки 130 кушта ба ҷо гузошт, ва ҳамлаҳои рӯзи 22 март дар фурудгоҳ ва метрои Брюсселро, ки мунҷар ба ҳалокати беш аз 30 нафар шуд, бар дӯш гирифтааст.

Кишварҳои Ғарб ва давлатҳои арабӣ ба раҳбарии Амрико эътилофи байналмилалие таъсис додаанд, ки мавқеъҳои “Давлати исломӣ”-ро дар Сурия бомбборон ва нирӯҳои Ироқ ва пешмаргаҳои курдро алайҳи ин гурӯҳи тундрав таъмини силоҳ мекунад.

“Давлати исломӣ” ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон созмони террористӣ эътироф шуда, фаъолияташ манъ шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон аз пайвастани, ба ҳисоби онҳо, 1094 шаҳрванди тоҷик ба “Давлати исломӣ” ва ҳалокати ҳудуди 150 нафари онҳо дар ҷангҳои Сурияву Ироқ изҳори нигаронӣ мекунанд. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон гуфта буд, ки 85 дарсади ин шаҳрвандони тоҷик ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия ва асосан тавассути Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба доми фиреби мубаллиғони “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои дигари тундрав афтода, барои ба ном “ҷиҳод” ба Ховари Миёна рафтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG