Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар интихоботи имсолаи парлумонии Тоҷикистон тақрибан ҳамаи аҳзобу номзадҳо дар барномаву дидорҳояшон бо интихобкунандагон аз Худову Расул ёд мекунанд.

Ёд аз Худову Расул ва худро “бандаи содиқи Худо” унвон кардан аз шиору сӯҳбатҳои пешазинтихоботии номзадҳои аксари аҳзоби сиёсӣ шудааст.

Ҳамакнун, ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки замони Шӯравӣ динро “афюн” унвон мекард, ҳоло вожаи болшевикро “бандаи мӯъмин” таъбир мекунад ва бархе аз намояндагони ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ муввафақиятаҳояшонро “раҳмати Худованд ба бандаҳои дӯстдораш” марбут медонанд.

Шиори коммунистон: “Мӯъмин - бародари мӯъмин”

Исмоил Талбаков, муовини раиси ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки ҳангоми тамоси мо дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд қарор дошт ва ба гуфтаи худ бо сокинони чеҳраашон “пур аз нури илоҳӣ” сӯҳбат мекард, гуфт, аҳдофи ҳизбашон ҳамон аҳдофест, ки дар китоби муқаддаси мусулмонон, яъне Қуръон таъкид шудааст. Ба қавли, бархеҳо ба мардум Ҳизби коммунистро як ҳизби зиддинӣ муаррифӣ кардаанд ва ҳоло онҳо бо чунин сӯҳбатҳо танҳо нодурустии ин ақидаро ба мардум мефаҳмонанд.

Исмоил Талбаков

Исмоил Талбаков

“Мардуми мо аксаран мусулмонанд ва мо ба он хотир дар ин мавзӯъ бо интихобкунандагон сӯҳбат мекунем, ки ҳадафи моро мардум дуруст дарк кунанд. Ҳатто мо ба мардум мефаҳмонем, ки шиори “Пролетариатҳои ҳамаи ҷаҳон як шавед”, ҳамон шиори исломии “Мӯъмин бародари мӯъмин аст”. Ҳизби мо ҳеч андешаи зиддинӣ надорад. Мо ҳам мусулмонем,”-таъкид дошт Талбаков.

Дар шиорҳои расмии ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ низ ҳарфҳои динӣ ба назар мерасад. Дар як овезаи ин ҳизб навишта шудааст, онҳо пирӯзии аъзои ҳизб дар интихоботро “раҳмати Худо ба бандаҳои дӯстдорашон медонанд”.

"Электорати мо мусалмононанд"

Аммо Мӯсо Асозода, як узви фаъоли ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мегӯяд, ин танҳо ҳарфҳои пеш аз интихоботии номзадони ҳизб нест, балки онҳо ҳамеша аз исломи ноб пуштибонӣ мекунанд. Ӯ мегӯяд, раҳбари ҳизби онҳо Эмомалӣ Раҳмон соли “Бузургдошти Имоми Аъзам”-ро эълон карда буд ва ҳамеша ба беш аз 90 дарсад мусулмон будани сокинони кишвар таъкид мекунад.

Мӯсо Асозода (аз тарафи чап)

Мӯсо Асозода (аз тарафи чап)

“Шиору ҳарфҳо аз Ислом вақте аз забони аъзои ҳизби мо баланд мешавад, ки интихобкунандагон дар ин маврид сӯҳбат мекунанд. Бубинед, 99 дарсади мардуми мо мусулмон ҳастанд ва дар ин баробар онҳо электорати мо ҳастанд. Мо, албатта, талош мекунем, як ҳизбе бошем, ки ба хоҳишҳои онҳо посух гӯем. Мо ба эътиқодоти динии онҳо такя мекунем ва ҳамеша аз Исломи асл пуштибонӣ мекунем. Он корҳое, ки барои рушди диндорӣ кардаем, онро ба мардум шарҳ медиҳем,” - афзуд Асозода.

Раҳматилло Зоиров - набераи Хоҷа Аҳрори Валӣ?

Дар ҳоле ки аксари аҳзоб дар арафаи интихоботи парлумонӣ шиорҳои мазмунан исломӣ сар медиҳанд, аммо дар матбуоти расмӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва ҳизби наҳзати исломӣ барои сӯистифода аз эътиқоди сокинон интиқод мешаванд.

Матбуоти расмии Тоҷикистон Раҳматилло Зоиров, раҳбари ҳизби сотсиал-демократро ба он муттаҳам мекунанд, ки бо абераи Хоҷа Аҳрори Валӣ, як чеҳраи мазҳабии асри 15 унвон кардани худ мехоҳад, аз дар симои мусулмонони кишвар пуштибон пайдо намояд. Аммо Зоиров ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, ӯ яке аз абераҳои Хоҷа Аҳрори Валӣ аст, аммо ҳеч гоҳ ҳангоми вохӯрӣ бо интихобкунандагон аз номи ӯ истифода накардааст.

Раҳматилло Зоиров

Раҳматилло Зоиров

Ӯ гуфт: “Баръакс ман дар барномаи худ дар телевизион гуфтам, ки набояд мо аз номи дин сӯистифода кунем. Ман бештар такя ба дониши ҳуқуқии худ мекунам ва ҳеч ҷое намегӯям, ки абераи Хоҷа Аҳрори Валӣ ҳастам. Ин ҳарфҳоро хуш надорам ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин ҳарфҳоро бардурӯғ ба ман часпонидаанд. Ҳарчанд ман 15 сол дар Донишгоҳ аз ҳуқуқи исломӣ дарс додаам ва ин мавзӯъ бароям шинос аст, лекин зидди сӯистифода аз боварии соикинон ҳастам.”

Масҷид ҷои "райком"-ро гирифтааст

Аммо коршиносон мегӯянд, ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳадде мазҳабӣ шудааст, ки танҳо аз ин роҳ метавон ба дили сокинон роҳ ёфт. Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили динӣ мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон масҷид ҷойгузини “райком”, мақоми раҳбарикунанда дар сатҳи маҳалҳо дар замони Шӯравиро гирифтааст, ки аксари тасмимҳо он ҷо гирифта мешавад.

Фаридун Ҳодизода

Фаридун Ҳодизода

Вай афзуд, “ҳоло роҳ ёфтан ба дили сокинон аз ҳамин роҳ осон шудааст. Аҳзоби сиёсӣ низ инро хуб дарк мекунанд ва талош мекунанд, то ба интихобкунандагон худро “мусалмони содиқ” нишон диҳанд”.

Дар Тоҷикистон расман 8 ҳизби сиёсӣ фаъолият мекунад, ки дар ин миён яке аз онҳо расман ҳизби наҳзати исломӣ ном бурда мешавад. Мақомот ҳамеша ин ҳизбро дар сӯистифода аз номи дини ислом муттаҳам мекарданд, ки ба интихобкунандагонашон таъкид мекунанд, бо хат задани номи ҳизби онҳо исломро хат мезананд. Бо дарназрдошти ин имсол бо тағйир дар варақаҳои интихоботӣ хат задани номи ҳизбро барҳам доданд ва ҳоло дар рости номи ҳизб ва ё номзад танҳо аломати ҷамъ гузошта мешавад.

Қарор аст, 1-уми март дар Тоҷикистон интихоботи парлумони баргузор шавад, аммо соли аввал аст, ки аксари аҳзоби сиёсӣ дар барномаҳои худ шиорҳои исломӣ сар медиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG