Пайвандҳои дастрасӣ

"Ваҳҳобиҳо" дар Туркманистон (ВИДЕО)


Сокини вилояти Лабиоб

Сокини вилояти Лабиоб

Маълум мешавад, назорати шадиди масоили мазҳабӣ аз тарафи давлат ҳам натавонистааст роҳ ёфтани ақидаҳои тунди мазҳабиро дар ҷомеа бигирад. Ҳатто дар ҷомиаи бастае, чун Туркманистон.

Назорати шадиди давлат аз болои мазҳаб ҳам натавонистааст роҳ ёфтани ақидаҳои тунди мазҳабиро дар ҷомеа бигирад. Бино ба мушоҳидаҳо, дар манотиқи ҳаммарз бо Афғонистон ва вилоёти шарқии Марву Лабиоби Туркманистон афзоиши ақоиди ифротии мазҳабӣ мушоҳида мешавад.

Нависандаи маъруфи туркман Амонмурод Бугаев, ки бо Озодӣ аз шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон сӯҳбат мекард, гуфт, дар миёни мардум ин афродро «ваҳҳобӣ» мегӯянд. Амонмурод Бугаев дар сӯҳбат бо бахши туркмании радиои Озодӣ гуфт, ин дар ҳолест, ки назорати давлат аз болои мазҳаб ва ходимони дин хеле шадид аст ва муллоҳо дар баробари давлат ҷавобгӯ ҳастанд:

- Муллоҳо талқин мекунанд, ки мо ҳама пайрави мазҳаби Имоми Аъзам ҳастем. Масалан, аз рӯи расму русуми мо, туркманҳо, баъди даргузашти инсоне дар рӯзҳои сеюм, ҳафтум ва чилуми баъди марги ӯ маърака барпо мешавад. Вале ваҳҳобиҳо зидди ин чиз баромад мекунанд. Дар расму

одатҳои чандинасраи мо чунин аст, ки ҳар маъракаи шодиву хурсандӣ, масалан арӯсиҳоро зану мард ҳамроҳ ҷашн мегирифтанд. Вале ваҳҳобиҳо пофишорӣ мекунанд, ки ин ҳамоишҳо ба таври ҷудогона барпо шаванд. Дар рустоҳои вилояти Лабиоб, масалан, ин гуна андешаҳо хеле густариш ёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки дар Туркманистон ҳукумат таълимоти диниро манъ кардааст. Дар чунин шароит, мегӯяд нависанда Амонмурод Бугаев, афроди камдонишу ноомода ба ҳама гуна ақидаҳо, аз ҷумла, ақидаҳои тундрав дода мешаванд, ки хатари бештар ба бор меорад. «Дар Сарқонуни мо навишта шудааст, ки дин аз давлат ҷудо аст, вале дар асл, дин сад дарсад тобеи ҳукумат аст ва ходимони дин ҳам аз ҷониби ҳукумат таъйин мешаванд. Вале ин чизро ифротгароҳо ба фоидаи худ истифода мекунанд. Дар миёни мардум ба таври пинҳонӣ таблиғоти худро ба роҳ мондаанд,» - гуфт ӯ.

Дар ҳоле ки дарёфти иттилои расмӣ дар заминаи фишор ё боздошти афрод бо иттиҳоми пуштибонӣ аз ақидаҳои тундрав ғайриимкон аст, ба гуфтаи Бугаев, «5-6 сол пеш гурӯҳе аз ходимони динро муҳокима карданд. Расман гуфта шуд, ки гӯё ин афрод дар хонаи худ силоҳу маводи мухаддирро нигоҳ медоштанд. Вале бисёриҳо медонистанд, ки онҳоро барои дину мазҳаб ба додгоҳ кашондаанд.»

Тундгароии мазҳабӣ дар Туркманистон бахше аз баҳси масъалаи гароиш ба равияҳои тунди динӣ дар Осиёи Марказӣ буд, ки дар шумораи навбатии барномаи телевизионии 5 бахши минтақавии Радиои Озодӣ – «Перекресток» - матраҳ шуд. Шакли пурраи ин барнома бо назари таҳлилгароне, чун исломшиноси маъруфи рус Ҳайдар Ҷамол ва раиси собиқи Кумитаи дини Тоҷикистон Саид Аҳмадов, ба масъалаи тундгароӣ дар Осиёи Марказӣ ва тадбирҳои ҳукуматҳо барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии ин ақидаҳоро дар барномаи «Перекресток» тамошо кунед:

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG