Пайвандҳои дастрасӣ

Номи Бобоназарова дар феҳристи ҲНИТ барои курсии парлумон


Ойниҳол Бобоназарова.

Ойниҳол Бобоназарова.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳуқуқшиноси шинохта Ойниҳол Бобоназароваро дар рӯйхати номзадҳои худ барои ширкат дар интихоботи парлумонӣ шомил кардааст.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик рӯзи 10 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар руйхати якмандатӣ номи ӯро ҳамчун номзад ба курсии Маҷлиси намояндагон дар интихоботи соли 2015 пешниҳод кардаанд.

Вай афзуд, ки Ҳизби наҳзати исломӣ номи ӯро дар феҳрасти номзадҳои якмандата пешниҳод ва дар корзори интихобот пуштибонӣ мекунанд: “Ман ҳоло фикр карда истодаам ва дар рӯзҳои наздик тасмими ниҳоии худро хоҳам гуфт.”

Дар ҳамин ҳол Ҳизби наҳзати исломӣ мавзуи пешниҳодии номзадии хонум Бобоназароваро таъйид кард. Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар баробари номзадии эҳтимолии Ойниҳол Бобоназарова, номзадии афроди бонуфузи дигар берун аз ҳизб дар ҳоли баррасӣ аст ва дар сурати тавофуқи тарафайн, дар яке аз ҳавзаҳо номзад мегарданд.

Ойниҳол Бобоназарова аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон буда, дар интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар соли гузашта аз сӯи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотталаб номзади мақоми раёсатҷумҳурӣ шуда буд, вале бинобар ҷамъ наовардани имзоҳои матлуб, аз сабқат берун монд. Ӯ дар таърихи Тоҷикистон аввалин зане буд, ки ба ин мақом пешбарӣ шудааст. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва сарвари созмони “Перспектива +” аст.

Ойниҳол Бобоназарова соли 1948 дар ноҳияи Ёвон ба дунё омада, соли 1971 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатиро хатм кардааст. То соли 1976 дар аспирантураи Академияи улум кору таҳсил карда, баъди дифоъ аз рисолаи номзадиаш ба ҳайси устод дар риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатӣ ба кор пардохт ва то мақоми декани ин факулта расид. Соли 1990, дар пайи таъсиси ҳизби демократи Шодмон Юсуф ба ин ҳизб пайваст.

Соли 1994, дар пайи ба қудрат расидани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, тақрибан барои як моҳ боздошт шуд. Аз соли 1996 то 2004 ба сифати мушовири намояндагии САҲА дар масоили ҳуқуқи башар кор кардааст. Аз ҳамон сол то соли 2007 раҳбарии раёсати намояндагии Сандуқи Сорос дар Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Аз соли 2007 раҳбари созмони ғайридавлатии “Перспектива +”, ки дар ҳоли ҳозир яке аз созмонҳои маъруфи ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 тибқи саҳмияи сифоизаи мухолифин, ба мақоми муовини додситони кулл пешбарӣ шуд, вале ин мақомро напазируфт.

Ойниҳол Бобоназарова дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2013 ба унвони номзади ягонаи мухолифин пешбарӣ шуд, вале номзадиаш ба далели ҷамъ наовардани 210 000 имзо сабт нашуд. Бо вуҷуди ин вай дар маъракаи пешазинтихоботӣ аз ҳаққи мухолифони сиёсӣ ва занон ҳимоят кард.

Шавҳари ӯ Ҷунайдулло Ибодов аз ҳуқуқшиносҳои маъруфи тоҷик аст. Духтараш Парвина Ибодова, собиқ раиси Анҷумани дастраскунандагони Интернет буда, писараш Ҷовид дар Шӯрои адлия кор мекунад. Домоду келинаш низ ҳуқуқшиносанд. Ойниҳол Бобоназарова 4 набера дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG