Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ мегӯяд, ки ҳамла супоришӣ буд


Конфронси бахши ҲНИТдар Бадахшон. 17-уми августи соли 2013.
Конфронси бахши ҲНИТдар Бадахшон. 17-уми августи соли 2013.

Кормандони додситонӣ ва умури дохилии Бадахшон дар нимаи дувуми рӯзи шанбе ҳайати эъзомии ҲНИТ ба Хоруғро, ки ду рӯз қабл мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифта буд, мавриди пурсиш қарор доданд.

Воҳидхон Қосиддинов, раҳбари дастгоҳи раиси ҲНИТ ва сардори ин гурӯҳ дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, ин пурсиш дар бинои Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ сурат гирифт ва онҳо дар бораи чигунагӣ, кай ва дар кадом маҳал рух додани ҳодиса баёнот додаанд.

Оқои Қосиддинов афзуд, онҳо дар ин қазия бештар аз хадамоти амният гумонбар ҳастанд. Зеро ба таъкиди ҷаноби Қосиддинов ва ҳам Саодатшоҳ Адолатов, раҳбари тозатаъини Раёсати ҲНИТ дар Бадахшон, аз лаҳзаи вуруд ба ноҳияи Дарвоз, онҳо мавриди назорати амният ва пулис қарор доштанд.

Воҳидхон Қосиддинов
Воҳидхон Қосиддинов
Намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯянд, шоми 15 август, ҳангоми бозгашт аз ноҳияи Рӯшон дар наздикии Шуғнон аз ҳадафи ҳамлаи чандин нафари ниқобпӯш шудаанд.

Дар ҳамин ҳол ҳайати эъзомии ҲНИТ, изҳороти сардори Раёсати корҳои дохилии Бадахшон Тоҷиддин Назришоев, ки қабл аз пурсиш хулосабарорӣ карда, ҳамларо кори худи наҳзатиён хондааст, ғайриқонунӣ ва бӯҳтон номида, мегӯянд, дар сурати ислоҳ нашудани ин гуфтаҳо, ба додгоҳ муроҷиат хоҳанд кард.

Ба гуфтаи ҳайати эъзомӣ, ин изҳори назари оқои Назаршоев дар ҳолест, ки худи ӯ бо аризаи ҳайат шинос шуда, нишонаҳои зарбу латро бар сару рӯйи узви гурӯҳ Саодатшо Адолатов дид ва кормандони милиса то бемористон ва натиҷаи ташхиси ҷабрдидаро ҳамроҳӣ карданд.

Ҷаноби Назришоев рӯзи гузашта ва ба дунболи ин ҳодиса, онро кори дасти худи наҳзатиҳо унвон кард ва гуфт: «Вақте онҳо ба Рӯшону Шуғнон омаданд, онҳоро раисони ҳизбашон пешвоз нагирифтанд, баъд ҳаминхел кор карданд. Мо метавонем парвандаро боз кунем, аммо далел надорам. Танҳо бо як далел, ки ин ҳайат мегӯяд моро ҳамла карданд, парванда кушода намешавад, зеро ҷиноят ҳанӯз рӯшан нест.»

Ба гуфтаи Саодатшо Адолатов бо он омодагие, ки ҳамла болои онҳо сурат гирифт, вай мутмаин аст, ки он супоришӣ буд. Раҳбари ин гурӯҳ оқои Қосиддинов ҳам мегӯяд, ба гумон аст, ки ҳамлаварон ёфт шаванд, зеро ба эҳтимоли қавӣ ин ҳамла таҳрезишуда ва кори дасти мақомот будааст. Аммо мақомоти шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳр пас аз пурсиш ба онҳо гуфтанд, ки ба қазияашон расидагӣ мекунанд.

​Дар ҳамин ҳол имрӯз, 17-уми август конфронси бахш вилоятии ҲНИТ баргузор шуда, дар он масоили ҳисоботӣ-интихоботӣ баррасӣ шуданд. Раиси нави бахши вилоятии ҳизб дар асоси алтернативӣ Саодатшоҳ Адолатов интихоб шуд.

Оқои Адолатов дар ин мақом ҷойгузини Муслима Броҳимшоева шуд. Хонум Броҳимшоева дар тобистони соли гузашта ва ба дунболи кушта шудани Сабзалӣ Мамадризоев дар амалиёти Хоруғ, дар ин мақом ифои вазифа менамуд. Интихоби Адолатов ба унвони раҳбари наҳзатиёни Бадахшон дар ҳолест, ки ҳамагӣ ду рӯз қабл ӯ ва ҳайати эъзомии ҲНИТ ба Хоруғ, дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон мавриди ҳамла қарор гирифтанд.

Розия Имомназарова, раиси ҲНИТ дар Хоруғ.
Розия Имомназарова, раиси ҲНИТ дар Хоруғ.
Саодатшоҳ Адолатов зодаи ноҳияи Ванҷ буда, мутахассиси риштаи таърих аст, вале солҳои охир ба ҳайси узви хоҷагии деҳқонӣ фаъолият мебарад. Саодатшо Адолатов дар ин конфронс гуфт, вазифаи худро дар раъси ҳизб густариш додани фаъолияти ҳизбӣ ва даъват намудани аъзои ҳизбашон ба таҳаммул ва сабр дар баробари фишорҳои мақомот медонад.

Конфронс бахши шаҳрии ҳизб ба ҷойи иҷрокунандаи вазифаи раиси бахши шаҳрии ҲНИТ Асрор Булбулов раиси нав Розия Имомназароваро интихоб кард. Розия мутахассиси соҳаи иқтисод буда, дар риштаи соҳибкорӣ фаъолият мебарад. Раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Шуғнон Мирсаид Шораҳматуллоев бо хоҳиши худ аз раъси ҳизб дар ноҳия баркнор шуда, ба ҷояш Убайд Наноков, раиси бахши ноҳиявии ҳизб интихоб шуд. Мирсаид Шораҳматуллоев изҳор дошт, ки вай узви ҲНИТ ва масъули бахши интихоботии ин ҳизб дар минтақа боқӣ мемонад.

Дар конфрос гуфта шуд, ки агарчанде зери фишои мақомот иддае аз аъзои наҳзат сафи ҳизбро тарк карданд, вале дар рӯзи баргузории конфронс сафи аъзои он дар минтақа расман ба 1860 нафар баробар будааст.
XS
SM
MD
LG