Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати ҲНИТ ба раҳоии "ҳарчӣ зудтар"-и Ҷалолиддини Маҳмуд (ВИДЕО)


Лаҳзае аз гузориши расмӣ дар бораи боздошти Ҷамолиддин Маҳмудов

Лаҳзае аз гузориши расмӣ дар бораи боздошти Ҷамолиддин Маҳмудов

Шӯрои сиёсии ҲНИТ боздошти Ҷамолиддин Маҳмудов (Ҷалолиддини Маҳмуд)-ро пеш аз интихоботи парлумонӣ "тарҳрезишуда" ва "сиёсӣ" донист ва хостори раҳоии ҳарчӣ зудтари ӯ шуд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баъд аз зӯҳри 11 феврал бо баргузории нишасти Шӯрои сиёсияш боздошти Ҷамолиддин Маҳмудов (Ҷалолиддини Маҳмуд)-ро дар остонаи интихоботи парлумонии 1 март аз қабл "тарҳрезишуда" ва "сиёсӣ" донист ва аз мақомот хост, то "масъаларо мунсифона баррасӣ карда, ҳарчи зудтар Ҷ. Маҳмудовро аз боздошт раҳо намоянд." Ин ҳизби сиёсӣ изҳори умед кардааст, бо дарназардошти он ки Маҳмудов узви Кумисюни марказии интихобот асту "дар назорат бар оташбас ва расидан ба сулҳ" низ саҳм дорад, қазияи ӯро шахсан раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон зери назар мегирад.

Дар ҳоле ки, ба қавли онҳо, қазияи силоҳи ёфтшуда ҳанӯз соли 2013 барои мақомот маълум буда, нав рӯи об баромадааст. ​"Шӯрои сиёсии ҲНИТ боздошт ва кушода шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ҷ.Маҳмудовро маҳкум намуда, ин корро як амали сирф сиёсӣ ва марбут ба раванди интихобот медонад. Зеро пинҳон доштани ин қазия муддати беш аз як сол ва ошкор карданаш дар чунин як марҳилаи сиёсӣ наметавонад дигар маънӣ дошта бошад," - омадааст дар изҳороти ҲНИТ.

Дар идома аз Ҷамолиддин Маҳмудов ба унвони шахсе ёд шудааст, ки "дар душвортарин рӯзҳои миллат масъулияти вазнину хатарнокро ба дӯш гирифта, дар расидан ба сулҳу амният саҳми беназир гузоштааст." Масъулони ҲНИТ мегӯянд, номзадии Ҷамолиддин Маҳмудов чанд моҳи пеш барои узвият дар Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шуда буд ва боздошти ӯ, ба гуфтаи онҳо, "дар айни ҳол комилан зидди мантиқу воқеиятҳост".

Гузориши ТВ давлатӣ дар бораи боздошти Ҷалолиддини Маҳмуд

Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон зӯҳри 11 феврал гузориши расмӣ дар бораи боздошти Ҷамолиддин Маҳмудов (Ҷалолиддини Маҳмуд), яке аз раҳбарони ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон ва узви Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии ин кишварро нашр кард.

Чунин дугунаӣ дар номи ин сиёсатмадори мухолиф аз ин аст, ки ӯ дар маҳфилҳои сиёсӣ бо номи Ҷалолиддини Маҳмуд маъруф аст, вале дар санадҳояш номи ӯ Ҷамолиддин Маҳмудов будааст.

Дар ин гузориши муфассали 6-дақиқаӣ аз ҷумла гуфта мешавад, ки “тибқи нишондоди шаҳрванд Латиф Сардоров, аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо собиқаи 22 соли узвият, Ҷамолиддин Маҳмудов соли 1996 2 таппончаи Макаров, 4 тирдон, 51 тир, 1 запали таркандаи норинҷаки дастиро ба ҳамсоя ва дӯсти содиқаш Латиф Сардоров ғайриқонунӣ дода, хоҳиш кардааст, то дар ягон махфигоҳ онҳоро пинҳон намояд.”

Дар гузориш лаҳзаҳои бозпурсии Ҷамолиддин Маҳмудов дар ҳоле намоиш дода мешавад, ки силоҳҳои ёфтшударо дар рӯи миз дар пешаш барчидаанд. Дар ин навор сӯҳбатҳои худи Ҷалолиддин Маҳмудов оварда нашудаанд, ки оё ин иттиҳомро эътироф мекунад ё на.

Латиф Сардоров

Латиф Сардоров

Аммо Латиф Сардоров, ки ҳамчун "дӯсти содиқ"-и Маҳмудов муаррифӣ мешавад, дар навор иқрор мекунад, ки ин силоҳҳоро ба ӯ Ҷалолиддин Маҳмудов ҳанӯз дар соли 1996 додааст. Ӯ мегӯяд, чанд дафъа аз Маҳмудов хоста буд, ки силоҳҳояшро пас бигирад, "вале бародар Ҷалолиддин ба суханҳои мо аҳамияте ҳам надод."

Баъдан ду сокини дигари рустои Чуқураки болои ноҳияи Ҳисор низ дар ин навор нишондод медиҳанд. Яке аз онҳо, ки худро аъзои ҳизби наҳзат аз соли 1998 муаррифӣ мекунад, мегӯяд, ки гӯё баъди бозпурсии аввали Латиф Сардоров, Ҷалолиддини Маҳмуд аз ӯ хостааст, то ба Сардоров фаҳмонад, ки "яроқҳоро ба калла бигирад, ман ёрдамаш мекунам."

Дар гузориш гуфта шуд, алайҳи Ҷамолиддин Маҳмудов бар асоси қисми 2-юми моддаи 195-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ( ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ бо маслиҳати пешакӣ бо дигарон) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ҳукми чунин кирдор дар Кодекси ҷиноӣ аз 3 то 7 соли зиндон гуфта мешавад.

Гузориши телевизиони давлатиро дар бораи боздошти Ҷалолиддини Маҳмуд инҷо тамошо кунед:

М.Кабирӣ 1 туфангчаи Ҷалолиддини Маҳмудро эътироф кард

Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар шарҳи боздошти Ҷалолиддини Маҳмуд, узви Раёсати олии ҳизбаш гуфт, “воқеан, як туфангча мутааллиқ ба ӯст, вале аз силоҳҳои боқимонда чизе намедонам.”

Ҷаноби Кабирӣ рӯзи 11 феврали соли ҷорӣ пеш аз шурӯи ҷаласаи парлумонӣ ба хабарнигорон гуфт, ин туфангча ҳангоме ки Ҷалолиддини Маҳмуд муовини ҳамраиси Кумиссиюни оташбас аз тарафи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон буд, ба ӯ дода шудааст.

“Соли 1996 Ҷалолиддини Маҳмуд таппончаро ба ҳамдеҳаи худ Латиф Сардоров медиҳад, то нобуд кунад. Вале Сардоров ба ҷои нобуд кардан онро дар ҳавлии худ нигоҳ медорад. Бо гузашти 17 сол, дар охирҳои соли 2013 келини соҳибхона бо ҳамсари худ даъво мекунад ва барои қасосгирӣ дар бораи пинҳон кардани таппонча ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад. Чун маъмурони пулис меоянд, Сардоров пинҳон кардани таппончаро иқрор мекунад. Аммо кормандони Кумитаи амнияти миллӣ, ки ба ҷои ҳодиса меоянд, ба маъмурони пулис мегӯянд, таппончаро дар ҷойи пинҳон карда боқӣ гузоранд,” - шарҳ дод Муҳиддин Кабирӣ.

Ҷалолиддини Маҳмуд

Ҷалолиддини Маҳмуд

Боздошти Ҷалолиддини Маҳмуд

Ҷалолиддини Маҳмуд (Ҷалолиддин Маҳмудов) -- узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, узви Раёсати олӣ ва мушовири сиёсии раиси Ҳизби наҳзати исломӣ аз сӯи маъмурони амниятии кишвар боздошт шудааст. Мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ӯро барои нигоҳдории силоҳ дар хонаи яке аз дӯстонаш дар деҳаи Ҷуқураки Болои ноҳияи Ҳисор айбдор мекунанд.

Ин ниҳоди қудратӣ рӯзи 11 феврали соли ҷорӣ бо нашри изҳороте дар ин бора хабар дод ва гуфт, рӯзи душанбе дар пайи кофтукоби манзили Латиф Сардоров, сокини деҳаи Чуқураки Боло, ки 22 сол боз узви ҲНИТ будааст, 2 таппончаи тамғаи Макаров, 4 тирдон, 51 тир ва 1 запали таркандаи норинҷаки дастӣ пайдо кардаанд.

Бар асоси иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Латиф Сардорови 60-сола ин миқдор силоҳро дар соли 1996 аз Ҷалолиддини Маҳмуд гирифта, дар манзили худ пинҳон кардааст. ​“Тибқи нишондоди шаҳрванд Латиф Сардоров, аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо собиқаи 22 соли узвият, Ҷалолиддин Маҳмудов соли 1996 2 таппончаи Макаров, 4 тирдон, 51 тир, 1 запали таркандаи норинҷаки дастиро ба ҳамсоя ва дӯсти содиқаш Латиф Сардоров ғайриқонунӣ дода, хоҳиш кардааст, то дар ягон махфигоҳ онҳоро пинҳон намояд”,-омадааст дар изҳороти КДАМ.

Ин ниҳоди қудратӣ мегӯяд, соли 2012 низ Ҷалолиддини Маҳмуд ба Латиф Сардоров таъкид карда будааст, “то лавозимоти ҷангии номбурдаро боэҳтиёт нигоҳ дорад, зеро онҳо лозим хоҳанд шуд.”

Ҳарчанд дар охири ин изҳорот дар бораи боздошти Ҷалолиддини Маҳмуд хабар дода шудааст, аммо дақиқ нест, оё Латиф Сардоров ҳам дар боздошт аст, ё озодӣ. Дар навори телевизиони давлатӣ аммо яке аз сокинони Куқураки боло нақл мекунад, ки баъди бозпурсиаш дар идораи амният ба хабаргирии Латиф Сардоров рафтааст.

Ҳикматулло Сайфуллозода

Ҳикматулло Сайфуллозода

Ҳикматулло Сайфуллозоҳда, сардабири “Наҷот” -- нашрияи расмии Ҳизби наҳзати исломӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҷалолиддини Маҳмуд рӯзи 10 феврал ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ даъват шуда, дигар аз он ҷо берун наомадааст. Ӯ афзуд, бино ба иттилои онҳо Ҷалолиддини Маҳмудро ҳангоми кораш дар Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсӣ ба КДАМ даъват кардаанд. “Масъулони КМИРТ аз мо беҳтар медонанд, ки барои чӣ ӯро даъват кардаанд”,-таъкид дошт Сайфуллоҳзода.

Масъулони ҲНИТ мегӯянд, ба зудӣ Шӯрои сиёсии ин ҳизбро баргузор ва масъалаи боздошти Ҷалолиддини Маҳмудро баррасӣ хоҳанд кард.

Вале Абдуманон Додозода, раиси дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷиикистон дар робита ба боздошти Ҷалолиддини Маҳмуд, ки ҳамзамон узви ин комиссия аз тарафи ҲНИТ аст, гуфт, "тоза ин хабар ба дасти мо расид." Ҷаноби Додозода афзуд, “ҳоло аз изҳороти КДАМ бармеояд, ки вай барои нигоҳдории силоҳу муҳимот гумонбар дониста мешавад. Аммо

Абдуманнон Додозода

Абдуманнон Додозода

то он замоне ки ҳукми додгоҳ нисбат ба ин шахс содир нашвад, вай гунаҳкор ҳисобида намешавад. Бинобар ин, бояд мунтазир шуд.” Аммо вай гуфт, КМИРТ ин қазияро пайгирӣ хоҳад кард ва баъдан метавонад вокунише нишон диҳад.

Ҷалолиддини Маҳмуд -- узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва собиқ раиси Комиссияи назорати оташбас аз ҷониби мухолифин дар солҳои ҷанги дохилӣ. Дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. 51 сол дорад. Шӯъбаи иқтисоду савдои Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар соли 1988 хатм кардааст. Хидмати сарбозии даврони Шӯравиро дар Муғулистон анҷом додааст.

Аз солҳои 80-ум бо ҳаракатҳои исломӣ пайваст мешавад ва дар ҳалқаҳои динии он солҳо донишҳои исломии худро такмил медиҳад. Фаъолияти кории худро дар “Таджиклифтремонт” ба ҳайси корманди техникӣ шурӯъ карда, баъдан дар Омӯзишгоҳи савдои шаҳри Душанбе ба ҳайси муаллим идома медиҳад.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Маскав паноҳанда мешавад ва сипас аз тарафи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин тайи солҳои 1995 -1998 узви Кумиссиюни назорати оташбас ва баъди кушта шудани раиси ҳайати мухолифин дар ин кумиссиюн Ҳоҷӣ Музаффар раҳбарии ҳайати мухолифинро дар он ба ӯҳда мегирад.

Як муддат раёсати бахши минтақаии ҲНИТ дар навоҳии тобеи марказро ҳам бар ӯҳда дошт. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG