Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ барои парвандаи марги Икромзода вакили дифоъ гирифт


Масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои идомаи таҳқиқи парвандаи марги Ҳамза Икромзода, ба волидони ӯ вакили мудофеъ интихоб карданд.

Амиралӣ Икромзода, бародари Ҳамза Икромзода рӯзи 25-уми июн ба «Озодӣ» гуфт, ки падару модараш барои доштани як вакили мудофеъ, ки тавонад дар шаффоф сурат гирифтани ҷараёни тафтишот аз онҳо дифоъ кунад, ба раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва муовини ӯ Муҳамадалӣ Ҳайит муроҷиат карданд. Ҳизби наҳзати исломӣ бо шунидани арзи волидони Ҳамза вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёровро дар ихтиёри онҳо қарор дода, сарфу харҷи дифои ҳуқуқиро бар дӯши худ гирифтааcт.

Амиралӣ Икромзода афзуд, дар мурофиае, ки таҳти раҳбарии додрас Рустам Мирзоев ҷараён гирифт, Маҳмуд Исмоиловро, на аз рӯи моддаи "шиканҷа", балки бо иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, ки боиси ҳалокати инсон шудааст (моддаи 316, қисми 3), муҳокима мекунанд. Ин банди қонун аз 5 то 10 сол муҷозот дорад: "Мо мехоҳем, ки парвандаҳои дигари марбут ба латту кӯби Ҳамза Икромзода одилона сурат гирад."

Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор, ки бо иттиҳоми дуздӣ ва авбошӣ дар маҳабс ба сар мебурд, рӯзи 20-уми сентябри соли 2012 дар зиндони шумораи аввали Душанбе ба ҳалокат расид. Наздиконаш бо пахши силсилаи аксҳои ҷасади Икромзода мегӯянд, ки вай дар натиҷаи шиканҷа ва ҳатто сӯзондани танаш бо дарзмол фавтидааст.

Аммо дар моҳи ноябри соли гузашта Додситонии кулли Тоҷикистон баъд аз ташхиси ҷасад ба хулосае омада буд, Ҳамза Икромзода худро ба дор овехтааст. Дар робита ба латту кӮб ва шиканҷаи Ҳамза Икромзода созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва шиканҷа борҳО изҳорот пахш намуда аз мақомоти Тоҷикистон хостори ба ҷазо кашида шудани омилони марги Ҳамза шуданд

Ин дар ҳолест, ки ба муносибати Рӯзи байнулмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа, имрӯз, 25-уми июн Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонунмандии Тоҷикистон бо мусоидати Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон «Amnesty International» нишастеро таҳти унвони «Нест бод шиканҷа!» дар толори Маркази тиҷоратии ВЕФА, баргузор хоҳанд кард.

Дар ин ҳамоиш аксҳои Ҳамза Икромзода, Хуршед Бобокалонов, Баҳромиддин Шодиев, Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов ва Дилшодбек Муродов нишон дода мешаванд, ки зимни боздошт ё дар маҳбас бар асари латту куб ва шиканҷа ба марг расиданд.
XS
SM
MD
LG