Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Посухи ҲНИТ ба видеои "Фронт ТВ" (ВИДЕО)


Лаҳзае аз видеои "Фронт ТВ"

Лаҳзае аз видеои "Фронт ТВ"

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ба нашри наворҳои зиддинаҳзатии мақомот бо нашри маълумот дар бораи аъмоли ғайриқонунии рақибонаш, аз ҷумла аъзои ҳизби ҳоким посух хоҳад дод.

Мақомоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) видеои нашршуда дар шабакаи Ютюбро кори дасти “фабрикаи ҷавоб”-и марбут ба мақомоти давлатӣ хонда, мегӯянд, аз айни шева кор хоҳанд гирифт.

Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ рӯзи 16 март ба Радиои Озодӣ гуфт, нашри навори видеоӣ аз тарафи ба ном “Фронт ТВ” бо номи “Дар сояи мунофиқони ҲНИТ” аз он дарак медиҳад, ки рақибони ин ҳизб омодагиро ба интихоботи порлумонии соли 2015 шурӯъ кардаанд: “Ин ҳама бахше аз муборизаҳои равонианд, ки бо наздик шудани интихобот дигар шудан мегиранд. Мубориза алайҳи ҲНИТ дар чанд шакл идома дорад ва ин ҳам ҷузъе аз муборизаҳои иттилоотиву ахборӣ алайҳи мост. Аз шаклҳои дигари мубориза, мисли туҳмату обрӯрезӣ ҳам кор мегиранд дар муқобили мо. Чуни интихоботҳо наздик мешаванду инҳо сатҳи маҳбубияти моро хуб медонанд, аз ҷумла бар пояи натиҷаҳои воқеии интихоботи соли 2010, аз ҳар роҳу аз ҳар тариқ кор мегиранд.”

Рӯзи 15 март дар шабакаи Ютюб наворе нашр шуд бо номи “Дар сояи мунофиқони ҲНИТ”, ки дар он бо истифодаи фаровон аз наворҳои видеоии қаблан дар гузоришҳои “зиддинаҳзатӣ”-и мақомоти амниятӣ истифодашуда, аз ҷумла навори бозпурсиҳои Сомон Муҳаббатов, як нафари муттаҳам ба бачабозӣ дар ноҳияи Тоҷикобод, ва зодаи ноҳияи Восеъ Баҳриддин Мӯъминов, ки бо ҷурми ширкат дар ҷангҳои Сурия маҳкум ба зиндон шуд, ҳардуро узви ҲНИТ муаррифӣ карда, ин ҳизб ба сурати умум ҳамчун як нирӯи ифротгаро ва “мубаллиғи ҷиҳод” тасвир мешавад.

https://www.youtube.com/watch?v=R-dB4PC8uhg



Муаллифони навор бори масъулияти 100 000 қурбониии ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва 10 миллиард доллар хисороти ин ҷангро ба гардани ҲНИТ бор карда, мегӯянд, “идеологияи гумроҳсозандаи раҳбарони ҲНИТ дар мавриди тоза будани аъзояш ба ягон ҳақиқат рост намеояд. Баракс, маълум мешавад, аъмоли аксари ин наҳзатиён аз назари раҳбарияти он дур мондааст, ки онҳо қудрати назорат бар фаъолияти аъзои худро тамоман аз даст додааст. Ин аст ки ҲНИТ дар назари мардум на ҳамчун як ҳизби поку беолоиш, балки ҳамчун як дастгоҳи фиребу найранг, моҷаро ва иғвогарии сиёсӣ, тарбиятгари ҷинояткорон таҷассум ёфтааст...”

Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ

Бахши аъзами ин видеои 12- дақиқаиро лаҳзаҳои суханронии раиси ҲНИТ Муҳиддини Кабирӣ, қозикалони собиқ Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ва аксҳои гӯё “аъзо”-и ҲНИТ, ки дар “ҷиҳод”-ҳои хориҷӣ ширкат доранд, ташкил медиҳад. Ин навор аз номи корбаре бо номи “Чамшед Анвари” нашр шудааст, ки то имрӯз дар Ютюб 11 видео, аз ҷумла “Васиятномаи модар” ва шеъри Давлат Сафар алайҳи Додоҷони Атовуллоҳ, “Масири гумроҳон” (низ алайҳи ҲНИТ) ва чанд навори дигареро, ки ба бовари маҳофил, низ сохтаи “фабрикаи ҷавоб” аст, нашр кардааст.

“Фабрикаи ҷавоб” ба як дастаи қаламбадастоне мегӯянд, ки тайи тақрибан 2 соли охир ба сурати хеле фаъолтар аз солҳои қабл ба таҳияи ҷавобияҳо ба мунтақидони давлат машғуланд. Дар маҳофили Тоҷикистон мутмаинанд, ки аъзои “фабрикаи ҷавоб” аз тарафи ниҳодҳои давлатӣ раҳнамоӣ ва ҳидоят мешаванд. Мақомот инро башиддат рад мекунанд, вале дар соли гузашта Давлат Сафар, ки он замон дар мақоми раиси “Тоҷиккино” кор мекард, тавассути матбуоти давлатӣ эътироф кард, ки яке аз коргарони ин “фабрика” ӯст ва ба хотири ҳимоят аз сиёсати ҳукумати кунунӣ довталабона дар ин “ҷабҳа” хидмат мекунад.

Саидумар Ҳусайнӣ

Саидумар Ҳусайнӣ

Саидумар Ҳусайнӣ ба Озодӣ гуфт, ҲНИТ низ дар посух дар муқобили рақибонаш аз айни шева кор хоҳад бурд. Ишораи Саидумар Ҳусайнӣ аз ҷумла ба силсилаи матлабҳоест, ки рӯзҳои охир дар сомонаи расмии ҲНИТ алайҳи аъзои ба ин ё он гуноҳ муртакибшудаи ҲХДТ- ҳизби ҳокими халқии демократии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон нашр мешаванд.

Тарафдорони наҳзат мегӯянд, дар ҳоле ки ҳар ҷинояткорро дар Тоҷикистон ба ҳар василае мехоҳанд ба ин ҳизб нисбат диҳанд,вақте аъзои ҳизби ҳоким бо гуноҳе ба даст биафтанд, ҳизбияти ӯро пинҳон мекунанд ва ҳоло ҲНИТ мехоҳад пардаи аз рӯи чунин аъзои ҲХДТ бардорад. Аз ҷумла дар сомонаи наҳзат ахиран хабари бо ҷурми таҷовуз ба номус дастгир шудани гӯё як узви ҳизби ҳоким дар ноҳияи Рашт ва бо ҷурми “бадахлоқӣ” дастгир шудани писари раиси созмони ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ гузоришҳо нашр шуданд. Таҳлилгарон мегӯянд, ҲНИт бо чунин шева мехоҳад таъсири “ҷанги равонӣ”-еро, ки алайҳаш ба роҳ андохтаанд, коҳиш бидиҳад.

ҲНИТ бо наздики 45 000 узв ва ду вакил дар порлумон бузургтарин ташаккули сиёсии мухолифин дар Тоҷикистон ба шумор меояд. Аъзои ин ҳизб мегӯянд, баъди интихоботи порлумонии соли 2010, ки дар он ин ҳизб, ба ҳисоби раҳбаронаш, беш аз 30 дарсад раъй ба даст оварду мақомот танҳо 8 дарсадашро эътироф карданд, таҳти фишору таъқиби дучанд қарор гирифтаанд.

Танҳо дар моҳи феврал тавассути расонаҳои давлатӣ дастикам 2 гузориши вижа дар бораи ба ҷиноят муртакиб шудани аъзои ҲНИТ нашр шуд. Дар як гузориш нафаре бо номи Маҳмадуллоҳ Холов, ки дар вилояти Суғд бо гумони алоқаи ҷинсӣ бо ду духтарандараш дастгир шуд, тавассути телевизионҳои давлатӣ узви собиқадори ҲНИТ муаррифӣ шуд. Дар навори дигар бар пояи шаҳодати Баҳриддин Мӯъминов, ки бо ҷурми ширкат дар ҷангҳои Сурия маҳкум ба зиндон шуд, ин ҳизб ба як сурати нимпӯшида ба он айбдор мешуд, ки аъзояшро барои машқи “ҷиҳод” ба хориҷ мефиристад. ҲНИТ ба дунбол эълон кард, ки Мӯъминов бо роҳи худ ба Сурия барои таҳсил рафтааст ва Холов ягон вақт узви ин ҳизб набуд, вале телевизионҳои давлатӣ раддияи ҳизбро нашр накарданд.

Дар матбуоти маҳаллӣ ҳатто дар бораи маъракаи вижае бо номи “Анти-наҳзат” сӯҳбат мекунанд, ки алайҳи аъзо ва ҳаводорони ин ҳизб дар саросари Тоҷикистон ба роҳ мондаанд.

Мақомот аммо ин иддаоро ҳамеша рад мекунанд ва мегӯянд, Тоҷикистон танҳо кишвари Осиёи Марказист , ки ба фаъолияти як ҳизби исломӣ иҷозат додааст ва танҳо кишвари пасошӯравист, ки дар порлумонаш ҳизби исломӣ ду вакил дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG