Пайвандҳои дастрасӣ

Ду ҳамлавар ба Кабирӣ ва 1 узви ҲНИТ ба 5 рӯз ҳабс маҳкум шуданд


Масъулони додгоҳи шаҳри Кӯлоб мегӯянд, ки парвандаи 10 нафар дар иртибот ба ҳодисаи ҳамла ба Муҳиддин Кабирӣ барои баррасӣ ворид шудааст, ки аз онҳо 3 нафар ба панҷ рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шудаанд.

Баҳром Шарифов, раиси додгоҳи шаҳри Кӯлоб, рӯзи ҷумъаи 13 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз се нафаре, ки додгоҳ аллакай парвандаҳои онҳоро баррасӣ кардааст, як нафар узви ҲНИТ ва ду тани дигар аз ҷумлаи ҳамлаварон будаанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Шарифов, додгоҳ ин се нафарро тибқи модаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба иттиҳоми "майдаавбошӣ" ба панҷ рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум намудааст. Чун ба таъкиди раиси додгоҳи шаҳри Кӯлоб, зимни баррасии аъмоли ин афрод маълум гардид, ки онҳо ба майдаавбошӣ даст задаанд.

Дар ҳамин ҳол Баҳром Шарифов мегӯяд, дар ҳоли ҳозир баррасии парвандаи се нафари дигар, ки бо ҳамин иттиҳом, яъне "майдаавбошӣ", дар ҳодисаи ҳамла ба Муҳиддин Кабирӣ муттаҳам дониста мешавад, ҷараён дорад. Ҳамзамон, ҷаноби Шарифов таъкид кард, ки бақияи ин афрод заноне ҳастанд, ки тибқи қонун бо пардохти ҷарима озод шудаанд.

Дар ҳамин ҳол масъулони ҲНИТ тасдиқ карданд, ки додгоҳи минтақаи Кӯлоб фаъоли ҲНИТ Насрулло Раҷабов, сокини Себистони Норакро "барои дашном додан" ба ҳамлаварони Муҳиддин Кабирӣ, ба 5 рӯзи ҳабс маҳкум кардааст.

Маҳмадшариф Набиев, раиси бахши ҲНИТ дар Кӯлоб имрӯз, 13 июн бо тасдиқи ин хабар ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки шоми дирӯз бар асоси парвандае, ки шӯъбаи корҳои дохилӣ дар мавриди амали авбошии фаъоли ҲНИТ Насрулло Раҷабов ба додгоҳи Кӯлоб интиқол дод, додгоҳ ӯро ба 5 рӯзи ҳабс маҳкум кард ва аз шоми дирӯз фаъоли ҳизб ба боздоштгоҳ бурда шуд.

Ба қавли ҷаноби Набиев, ин фаъоли Ҳизби наҳзатро бар пояи шоҳидии ду нафар аз афроде, ки ба Муҳиддин Кабирӣ дар Кӯлоб помидору тухм зада буданд, боздошт ва ба ҳабс маҳкум кардаанд.

Вай гуфт, ки ин ду нафар ҳамлаварони Кабирӣ, ки дар боздоштгоҳи шӯъбаи корҳои дохилии Кӯлоб мебошанд, шоҳидӣ додаанд, ки вақте онҳо Муҳиддин Кабириро бо тухму помидор мезаданд, Насрулло Раҷабов онҳоро дашному ҳақорат дод ва таҳқир кард. Бар асоси ин гувоҳиҳо, узви Ҳизби наҳзат Насрулло Раҷабов ҳабс шудааст.

Аз сӯи дигар, шӯъбаи корҳои дохилии Кӯлоб дирӯз фаъолони ин ҳизб Абдусамад Ғайратов, Ҷомӣ Ҳабибов, Сулаймон Қаландаров ва Исмоил Талабовро барои пурсуҷӯ даъват карда буд.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати корҳои дохии Тоҷикистон барои пажӯҳиши тазоҳурот дар назди сафорати Британия дар шаҳри Душанбе ва ҳамла ба Муҳиддин Кабирӣ, вакили порлумон ва раҳбари ҲНИТ дар таърихи 10 июн гурӯҳи вижаеро таъсис додааст.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ки таъсиси гуруҳҳои корӣ ба хотири таҳқиқи ин ҳодисаҳо бо супориши генерал – лейтенант Раҳимзода Рамазон, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Рӯзи 10 июн зимни сафари Муҳиддин Кабирӣ ба Кӯлоб, як гурӯҳи занон ва ҷавонони тануманду зоҳиран варзишгар ба ӯ ва ҳайати ҳамроҳаш ҳуҷум бурданд ва ба сӯи онҳо помидор ва тухм партоб намуданд. Абдусамад Ғайратов, як фаъоли ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб гуфт, шумори ҳамлагарон "ягон 10 нафар буд, ки ба ҷуз 2 нафар бақия аз аҳли шаҳри Кӯлоб набуданд."

ТАФСИЛОТ НАШР МЕШАВАД

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG