Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байъати ҷангиёни ҲИУ бо "Давлати исломӣ"


Ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон дар шимоли Афғонистон гуфтаанд, ки бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" баъйат мекунанд.

Дар наворе, ки дар шабакаи интернет пахш шудааст, ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон аз байъат ё паймони худ бо гурӯҳи "Давлати исломӣ", ки бештар дар Ироқ ва Сурия фаъол аст, хабар додаанд.

Дар ин навор шахсе, ки худро Саъдуллоҳи Урганҷӣ муаррифӣ мекунад, мегӯяд, ки аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон раҳбари Таҳрики Толибони Афғонистон Мулло Муҳаммад Умарро, ки аз 13 сол ба ин тараф дида нашудааст, мутобиқ ба шариати исломӣ наметавонад ба ҳайси як раҳбар қабул кунанд.

Саъдуллоҳи Урганҷӣ ба ҳамин далел гуфтааст, ки гурӯҳи вай Абубакри Ал-Бағдодиро ба ҳайси раҳбари худ мешиносад. Ҳаракати исломии Узбакистон ахиран дар шимоли Афғонистон фаъолиятҳои худро густариш додааст ва зери чатри Толибон алайҳи нерӯҳои ҳукумати Ағонистон ва эътилофи байналмилал бо раҳбарии Амрико, ҷанг мекард.

Ҳаракати исломии Узбакистон дар замони ҳукмронии Толибон бар Кобул, аз пуштибонии ин гурӯҳ бархӯрдор буд ва ба дунболи суқути ҳукумати Мулло Муҳаммад Умар ва оғози ҳамлаҳои Амрико ва муттаҳидонаш, ба минтақаҳои қабиланишини Покистон ҳаммарз бо Афғонистон паноҳ бурд.

Ин гурӯҳ ҳамчунин навореро дар интернет ба нашр расонидааст, ки саҳнаи сар буридани як сарбози афғон нишон медиҳад. Урганҷӣ гуфтааст, ки ин сарбози афғонро дар интиқом ба боздошти чанд зани узви Ҳаракати исломии Узбакистон, ки ахиран дар вилояти Форёб дастгир шуданд, сар буридаанд.

Урганҷӣ ҳамчунин гуфтааст, ки 30 сарбози афғон ахиран дар ин робита аз сӯи ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон ба гарав гирифта шудаанд. Ин раҳбари ҷангиёни узбак таҳдид кардааст, ки дар сурати раҳо нашудани занони узви ин гурӯҳ, шумораи бештари сарбозони афғонро қатл хоҳанд кард. Урганҷӣ гуфтааст, ки ҳукумати Афғонистон пешниҳоди онҳо дар мавриди мубодилаи ин занонро радд кард ва онҳо ин сарбози афғонро сар буриданд.

Аммо вазорати умури дохилии Афғонистон ин иддаоро радд кардааст. Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳеҷ кас аз афроди пулиси мо назди ҳеҷ гурӯҳи террористӣ нест."

Хабари баъйати ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар ҳоле нашр шуд, ки қаблан низ гурӯҳҳое аз Толибони покистонӣ ва афғон аз пайвастани худ бо ин гурӯҳи таҳти раҳбарии Абубакр Ал-Бағдодӣ, хабар дода буданд.

Ҳаракати исломии Узбакистон гурӯҳи тундрави мазҳабиест, ки фаъолияташ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо шумули Тоҷикистон, манъ буда, то чанд сол дар манотиқи қабиланишини Покистон паноҳ мебурд. Баъди амалиётҳои артиши Покистон алайҳи ҷангиёни Толибон ва гурӯҳҳои хориҷии ҳампаймони онҳо, Ҳаракати исломии Узбакистон дар минтақаҳои узбакнишини шимоли Афғонистон ҷои по пайдо кардааст.

Ин гурӯҳ, ки соли 1996 бо ҳадафи тағйири низоми Узбакистон ба низоми исломӣ таъсис ёфтааст, ба феҳрасти созмонҳои террористӣ шомил шуда ва фаъолияти он дар қаламрави тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ манӯъ аст.

XS
SM
MD
LG