Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мадрасаи Хоҷа Ансорӣ дар Ховалинг баста шуд


Ховалинг, мақбараи Султон Увайси Қаранӣ
Ховалинг, мақбараи Султон Увайси Қаранӣ

Мақомоти Кӯлоб фаъолияти танҳо мадрасаи исломӣ дар Ховалингро бо сабаби нагузаштан аз қайди давлатӣ бастанд.

Дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон мадрасаи исломии ба номи Хоҷа Ансорӣ, ки да он сад донишҷӯ таҳсил мекунанд, муваққатан баста шуд. Дар ин бора ба радиои Озодӣ масъулини Кумитаи дин хабар доданд.

Шариф Абдулҳамидов, сармутахассиси Шӯъбаи кор бо дин дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, сабаби баста шудани мадараса дар он аст, ки масъулини мадраса Қонун «Дар бораи иттиҳодияҳои динӣ»-ро нақз карданд. Ӯ гуфт, бо вуҷуди таъкидҳои пешакӣ, масъулини мадраса сари вақт аз қайди давлатӣ нагузаштанд ва мақомот тасмим гирифтанд, ки фаъолияти ин муассисаро барои мӯҳлати муайян бубанданд.

Ба гуфтаи ӯ, ин мадраса соли 1998 ба фаъолияти расмӣ шурӯъ карда буд ва бояд ҳуҷҷатгузории худро мувофиқи қонуни нав ба роҳ мемонд.

- Мо се моҳ пеш гуфтем, ки рафта аз қайд гузаред, аммо таваҷҷӯҳ накарданд. Ҳоло ҳам мӯҳлат доранд ва агар ҳуҷҷатҳояшонро дуруст кунанд, метавонанд фаъолиятро идома диҳанд. Ба наздикӣ дар Ховалинг масҷиди марказӣ сохта ба истифода дода мешавад, ки агар ҳуҷҷатгузориро дуруст кунанд, мадраса дар назди ин масҷид фаъолияти худро идома медиҳад,- гуфт Абдулҳамидов.


Масъулини ин мадраса низ бо тасдиқи хабар ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳоло талош доранд ҳуҷҷатгузории худро дуруст кунанд. Баҳром Нуров, як масъули ин мадраса гуфт, воқеан, дар дуруст кардани ҳуҷҷатгузорӣ ба беправоӣ роҳ додаанд ва талош мекунанд, ки ин корро зудтар ислоҳ кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин мадраса шогирдон аз тамоми ҳудуди Тоҷикистон тариқи шартномавӣ таҳсил мекунанд.


- Шартномаи яксолаи таҳсил 600 сомониро дар бар мегирад ва мо аз навоҳии Рашт, Суғд ва минтақаи Кӯлоб шогирд дорем. Дар мадраса шогирдон 4 сол таҳсил мекунанд ва ба ҷуз дарсҳои динӣ, инчунин аз фанҳои дигар низ таълим мегиранд. Бовар дорам, ки фаъолияти мо дар оянда хубтару беҳтар идома мекунад, - гуфт, ӯ.



Мадрасаи Хоҷа Ансорӣ дар ноҳияи Ховалинг ягона мадрасаи расмӣ ба шумор рафта, дар он 100 нафар донишҷӯён таълим мегиранд.
XS
SM
MD
LG