Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Умедвории Душанбе ба сармоягузориҳои бештар аз ҷаҳони Ислом (ВИДЕО ва 12 АКС)


Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар нахустин Анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкориҳои исломӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хостори сармоягузории бештари Бонки исломии рушд дар тарҳҳои минтақавӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи рӯзи 27 уми октябр бо суханронии хеш ин анҷуманро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ мекард, гуфт, як зумра кишварҳои мусалмонӣ, ки аз захираҳои нафту газ маҳруманд душвори зиёди иқтисодӣ доранд. Аз ин рӯ раисҷумҳур бо таъкиди эҳтиёҷоти зиёди ин кишварҳо ба сарчашмаҳои сармоягузорӣ, хостори дастгирӣ ва сармоягузориҳои бештари Бонки исломии рушд барои иҷрои лоиҳаҳои минтақавӣ ва рушди иқтисодӣ шуд. Раисиҷумҳур аз ҷумла ба масъулони Бонки исломии рушд бори дигар дархости қаблии Тоҷикистонро дар марвиди сармоягузории ин бонк дар бунёди тарҳи CASA-1000 ёдовар шуд.

Вай гуфт: “Лоиҳаи байниминтақавии сохтмони хатти интиқоли нерӯи барқ КАСА-1000 оид ба содироти барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон, ки мо онро бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ оғоз намудем, яке аз роҳҳои самараноки ҳалли масъалаҳои зикршуда ба назар мерасад, зеро ин лоиҳа барои рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ аҳаммияти бузург дорад. Бо истифода аз фурсати муносиб, ба роҳбарияти Бонки исломии рушд ёдрас карданӣ ҳастем, ки Тоҷикистон дар ҷавоб ба дархости хеш барои ҷудо намудани маблағи зарурӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи КАСА-1000 умедвор аст.”

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо муҳим хондани нақши Бонки исломии рушд ва сохторҳои он, афзун кардани сармояи оинномавии ин бонкро зарур хонад ва гуфт, ки то 100 миллиард динори исломӣ расонидани он як амри саривақтӣ мебошад.

Ҳадафи Тоҷимкистон аз баргузор кардани ин нишаст дар пойтахти Тоҷикистон пеш аз ҳама ҷалби сармоягузории Бонки исломии рушд ба ҳамин тарҳи КАСА 100 аст. Бонки исломии рушд то ҳол қотеъона нагуфтааст, ки дар ин тарҳ иштирок мекунад.

Зимнан, дар чорчӯби ҳамкории Тоҷикистон бо созмонҳои исломӣ, 53 лоиҳаи сармоягузорӣ, аз ҷумла тавассути Бонки исломии рушд 41 лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 348 миллион доллар дастгирӣ ёфта, ҳоло 42 лоиҳаи он маврид иҷро қарор дорад. Ҳоло Бонки мазкур якҷо бо созмонҳои исломӣ дар Тоҷикистон иҷрои 11 лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ ба маблағи қариб 300 миллион долларро бар дӯш дорад.

Дар анҷуман ба ҷуз аз Эмомалӣ Раҳмон, дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Иёд Амин Маданӣ ва вазирони хориҷаи Судону Либия, вазири давлатии Имороти Араб ва муовинони вазирони хориҷаи Саудияву Афғонистону Қатар ва ҳамчунин мудиромили ширкати қатарии "Диёр Тоҷикистон" Камол Ҳиҷозӣ суханронӣ карданд.

Ҷаноби Ҳиҷозӣ, роҳбарии ширкати “Диёр Тоҷикистон”-ро ба ӯҳда дорад ва ин ширкат дар Душанбе машғули сохтмони хонаҳои пурҳашамат аст, зимни суханронӣ аз иқлими мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ситоиш кард. Вай гуфт: “Ҳама вақт шарикони мо аз ман як суоли оддӣ мекунад. Чаро маҳз дар Тоҷикистон дар Душанбе саромоягузорӣ кардем? Ҷавоб ҳам оддист. Чунки мо ба Тоҷикистон бовар мекунем. Бо як ибора ин ҷо ба туфайли суботу амният шароити сармоягузорӣ беҳтарин аст. Инро факту рақамҳои аз фаъолияти мо ба даст омада тасдиқ мекунад.”

Зимнан тибқи иттилои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар нишаст зиёда аз 400 нафар иштирокчиён, аз ҷумла 120 намояндагони давлатҳои аъзои СҲИ, созмонҳои бисёрҷонибаи молиявӣ, сохторҳо оид ба рушди ҳамкорӣ, инчунин намояндагони бахши хусусӣ ширкат доранд. Нишаст рӯзи 28 октябр бо баргузории ҷаласаи поёнӣ, ки дар он дабири кулли СҲИ ва намояндагони ҳукумати Тоҷикистон суханронӣ мекунанд, ба поён мерасад.

Тоҷикистон соли 1992 ба узвияти Созмони ҳамкориҳои исломӣ пазируфта шуд ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна низ узви ин созмон мебошанд. Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар ҳоли ҳозир 57 узв дорад ва баъд аз Созмони Милали Муттаҳид бузургтарин созмони байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG