Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гимназияи исломӣ дари худро ба рӯи устодону шогирдон баст


Раҳбарияти Гимназияи исломӣ омӯзгорону шогирдони ин муассисаро то замони пайдо кардани бинои нав ҷавоб додаанд. Онҳо гуфтаанд, агар бино ёфтанд, ба фаъолият идома хоҳанд, дод, вагарна...

Масъулони ягона Гимназияи исломӣ дар Тоҷикистон омӯзгорон ва хонандагони ин муассисаи таълимиро то пайдо кардани бинои нав, ки замонаш ҳанӯз маълум нест, ҷавоб додаанд. Онҳо дар як ҷаласаи махсус гуфтаанд, молики биное, ки ҳоло Гимназияи исломӣ дар он ҷо фаъолият дорад, вориди як баҳси додгоҳӣ бо ҳукумат шудааст ва бинобар ин маҷбуранд, то замони пайдо кардани макони нав онҳоро ҷавоб диҳанд. Гимназияи исломӣ дар бинои собиқ Донишгоҳи муштараки Тоҷикистону Амрико, маъруф бо номи "Садр" ҷойгир буд.

Яке аз устодони Гимназияи исломӣ рӯзи 13 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "на мегӯянд, батамом биравед ва на мефаҳмонанд, ки воқеан чӣ шудааст. Фақат гуфтанд, равед, агар бино ёбему кор идома пайдо кунад, Шуморо дубора даъват менамеом. Ҳамин қадар гуфтанд ва ҷаовб доданд."

Ба қавли ҳамсӯҳбати мо ҳоло омӯзгорони Гимназияи исломӣ машғули ҷамъ кардани ҷиҳози таълимии худ ҳастанд ва намедонанд аз оғози соли нави хониш корашонро дар куҷо идома хоҳанд дод. Дар ягона Донишкадаи исломии Тоҷикистон ҳам санҷиш ҷараён дорад ва эҳтимол бархе аз шӯъбаҳои он баста ва шумораи кормандонаш низ кам карда шаванд. Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Тоҷнюз" бо такя ба манобеи худ аз қатъи фаъолияти Гимназияи исломӣ ва якбора ҷавоб шудани 1380 хонандаи ин муассисаи таълимӣ хабар додааст.

Рӯзи 13 июн тамосҳои батакрори мо бо Раҷабалӣ Аҳмадов, мудири Гимназияи исломӣ дар бораи дарёфти иттилои бештар дар ин замина бенатиҷа буд. Аммо ӯ як ҳафта пеш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар пайи овоза шудани қатъи фаъолияти Гимназияи исломӣ гуфта буд, "танҳо баъзе аз сустхонҳоро ҷавоб дода, аммо ба фаъолиятамон идома хоҳем бахшид".

Ӯ афзуд, "дар масъалаи бино баҳси додгоҳӣ ҷараён дорад. Агар ба мо диҳанд ё иҷора диҳанд, мешинем. Агар не, дар назди Донишкадаи исломӣ ҷой дорем ва ба он ҷо мекӯчем. Ин эҳтимол аст. Вақте дар назди бинои Донишкадаи исломӣ будем, 1100 нафар таҳсил мекард. Хонандаҳое, ки суст мехонанд ва ба талаботи гимназия ҷавобгӯ нестанд, ҷавоб медиҳем. Дар масҷиди марказӣ низ синфхонаҳо ҳастанд. Агар зарур шавад, донишкада онро мегирад ва мо синфхонаҳои донишкадаро хоҳем гирифт."

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз моҳи январи соли ҷорӣ аз ихроҷи ҳудуди 400 толибилми Гимназиия исломӣ хабар дода буданд. Лутфулло Сафаров - ноиби раиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа рӯзи 23 январи соли ҷорӣ дар нишасти хабарии ин танҳо мактаби олии мазҳабӣ дар кишвар гуфт, сабаби ихроҷи 382 шогирди гимназияи исломӣ кам будани ҷои нишаст дар ин мактаб буд. Оқои Сафаров гуфт, дар пайи як санҷиши Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мушаххас шудааст, ки теъдоди толибилмон дар муқоиса ба ҷои нишаст дар ин гимназия хеле зиёданд.

Дар Гимназияи исломӣ 1548 нафар, аз ҷумла 910 духтар таҳсил мекарданд.

Бо онки беш аз 98 дарсади аҳолии 8 миллионнафарии Тоҷикистонро мусулмонон ташкил медиҳанд, ба гуфтаи мақомот, дар ҳоли ҳозир дар кишвар танҳо 6 мадрасаи мутавассита, як гимназия ва як мактаби олии исломӣ – Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам дар Душанбе – амал мекунанд. Дар солҳои охир шумори зиёде аз мадрасаҳои мавҷуда, ки таҳсилашон пулакӣ буд, ба далели “надоштани шароити дурусти таълимӣ” ваё ҷавобгӯ набудани барномаи таълимиашон ба меъёру талаботи вазорати маориф ва Кумитаи дини Тоҷикистон баста шуданд.

XS
SM
MD
LG