Пайвандҳои дастрасӣ

Гимназияи исломӣ ба ҷои мадраса дар Кӯлобу Қӯрғонтеппа


Шеравган Бегмадов аз масъулони Кумитаи дин хост, то дари бастаи мадрасаҳои диниро боз намоянд

Шеравган Бегмадов аз масъулони Кумитаи дин хост, то дари бастаи мадрасаҳои диниро боз намоянд

​Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон тасмим дорад, дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоби вилояти Хатлон гимназияи исломӣ боз кунад.

Масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло бар сари ташкили гимназияҳои исломӣ дар Кӯлобу Қӯрғонтеппа фикр доранд ва онҳо шояд ҳамчун филиал ё намояндагии Гимназияи исломии Душанбе сабти ном шаванд.

Азизуллои Файз, намояндаи Кумитаи дин, ин ҳарфро замоне ба забон овард, ки дар вохӯрӣ бо сокинони Кӯлоб Шеравган Бегмадов -- як вакили маҳаллӣ пешниҳод кард, то дари мадрасаи исломии воқеъ дар Кӯлобро, ки чанд сол боз баста аст, бикушоянд. Шеравган Бегмадов, вакили маҳаллаи ба номи Оиша Сарвароваи шаҳри Кӯлоб, гуфт, боз кардани як мадрасаи исломӣ дар Кӯлоб имкон медиҳад, то аз пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҷилавгирӣ шавад.

Ӯ хитоб ба масъулони Кумитаи дин гуфт: “Бубинед, хориҷиҳо ҷавонони моро фиреб медиҳанд ва ба ҳар гуна равияҳои хатарнок аъзо мекунанд. Мо агар мадрасаи исломӣ таъсис диҳем, шукр, ки олимҳои худамон зиёданд ва дарси хубашон медиҳанд. Ҷавонони моро берун аз мадрасаҳо таълими нодурусти исломӣ медиҳанд ва ба ҳар роҳи хатарнок мебаранд. Бисёр хоҳиш мекунам, ҳамин масъаларо бинед.”

Азизуллои Файз, намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳои назди ҳукумати Тоҷикистон, гуфт, дар гузашта танҳо ба он хотир чанд мадраса аз фаъолият бозмонд, ки ҳеч шароити дурусти таълимӣ надоштанд. Вай афзуд, “хонандагони ҳамин мадрасаҳо рафта ба гурӯҳҳои терористӣ пайвастанд. Ташкил кардани мадраса кори саҳлу осон нест. Вақте як макони таълимӣ таъсис мешавад, бояд он ҷо китобхона бошад, устодон ҷалб шаванд ва шароити буду бош дошта бошад. Ба ҳамин шакл агар касе мадраса ташкил карданӣ ҳаст, марҳамат пешниҳод кунад, қобили қабул аст. Мадрасаҳо буданд, вале бинобар сабабе, ки ба ҳамин талабот ҷавобгӯ набуданд, натавонситанд фаъолият кунанд”.

Аммо ин масъули Кумитаи дин ва танзими расму оинҳо гуфт, ин андешаро низ онҳо доранд ва дар ояндаи наздик дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб гимназияи исломӣ боз хоҳад шуд: “Дар назди роҳбарият андешаҳо ҳаст. Мо андешаи онро дорем, ки филиали гимназияи исломие, ки дар Душанбе ҳаст, дар минтақаи Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб дар ояндаи наздик, ки имконияти ташкил кардан ҳаст, таъсис диҳем. Ҳамин сухане, ки ҷавонони мо дар ҷое таълими расмии исломӣ бигиранд, дар андешаи роҳбарият ҳаст ва, иншоаллоҳ, ҳалли худро меёбад.”

Тасмими боз кардани гимназияҳои исломӣ дар ду шаҳри вилояти Хатлон дар ҳолест, ки ду соли пеш мадрасаи исломӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва мадрасаи бо номи Хоҷа Аҳрори Валӣ дар ноҳияи Ховалинг баста шуданд. Масъулон сабаби баста шудани ин ду мадрасаро дар дуруст набудани ҳуҷҷатҳо ва надоштани шароити дурусти таълимӣ арзёбӣ карда буданд. Ҳоло дар вилояти Хатлон, бузургтарин вилояти Тоҷикистон, ягон мадрасаи исломӣ фаъолит намекунад ва мақомот пайваста аз ошкор шудани таълимӣ ғайриқонунии динӣ дар ин минтақа хабар медиҳанд.

Моҳе пеш мақомот дар маркази забономӯзии “Баҳор” дар Кӯлоб таълими ғайрирасмии динӣ ба наврасонро ошкор карда буданд. Шодмон Алихонов, директори маркази забономӯзии «Баҳор» ба Радиои Озодӣ бо тасдиқи ин хабар гуфта буд, «огоҳ шудем, ки муассисони мо корҳои таблиғотро дар миёни хурдсолон ва наврасон мегузарониданд, зуд ба амният хабар додем.» Ба гуфтаи ҷаноби Алихонов, сарпарасти асосии маркази забономӯзии «Баҳор» сокини Туркия Гемир Чингиз будааст, ки номи он шахс дар ягон ҳуҷҷати расмии ин муассиса дарҷ нагардидааст. Ҳоло ин шаҳрванди Туркия дар ҷустуҷӯи мақомоти Тоҷикистон қарор дорад.

Ҳукумати Тоҷикистон аз таълими ғайрирасмии динӣ ҳамеша нигарон аст, зеро даҳҳо ҳолате ошкор шудааст, ки дар ин маврид ҷавонон бештар ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG