Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нзинга Найт, тарроҳи либосҳои исломӣ аз Ню-Йорк


Нзинга Найт
Нзинга Найт

Тарроҳ Нзинга Найт мехоҳад, хонумҳоро зебову боназокат тасвир кунад.

Тарроҳ Нзинга Найт дар Ню-Йорк зиндагӣ мекунад. Моҳи сентябр ӯ дувумин намоишгоҳи либосҳои исломии эҷодкардаашро дар Ҳафтаи мӯди Ню-Йорк ба намоиш гузошт. Хонум Найт мегӯяд, ҳадаф дорад аз роҳи намоиши либоси исломӣ “ҳусну зебоии” хонумони мусалмонро таъкид кунад.

Ӯ гуфт, дар аксар ҳолатҳо либоси саропо пӯшидаи хонумҳо ҷаззобияту латофати ҷисми онҳоро пинҳон мекунад, вале ҳадафи ӯ дигар аст. “Мехоҳам, бо либосҳои дӯхтаи ман хонумон худро роҳат, сабук ва болатофат эҳсос кунанд”, мегӯяд вай.

Волидони ин тарроҳи сиёҳпӯст аз Гвинея ва ҷазираи Тринидади ҳавзаи Карриб буда, Нзингаро дар наврасӣ ба Ню-Йорк овардаанд. Вай аз ҳамон замон то кунун либоси исломӣ ба бар мекунад. Ӯ мегӯяд, сару либоси дӯхтаи ӯро ҳама занҳо, новобаста аз мазҳабашон пӯшида метавонанд. Қимати либосҳои дӯхтаи вай аз 365 доллар шурӯъ шуда, то 3500 доллар мерасад. Харидорони аслии ӯ сокинони Ню-Йорк будаанд.

Дар гузашта намоишгоҳи либосҳои ӯ дар Дубай, Абу Дабӣ баргузор шудаанд. Ӯ мегӯяд, аз хонумҳои сокини Покистон, Малайзия, кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Ҷанубушарқӣ пайваста фармоиш мегирад.



Аз рӯи иттилои коршиносон, бозори либосҳои исломӣ даромади зиёд меорад. Барҷис Чоҳан, як тарроҳи ғарбии либосҳои исломӣ дар сӯҳбат бо нашрияи бритониёии "The Guardian" гуфтааст, ки саҳми мӯди исломӣ дар саноати ҷаҳонӣ 96 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Кӯртни Брукс, радиои Озодӣ, Ню-Йорк
XS
SM
MD
LG