Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳайрат"-и бархе кишварҳо аз "эътилофи зидди террор"-и Саудӣ


Чанд кишвари исломии воридшуда дар феҳристи "эътилофи зидди террор" ба раҳбарии Арабистони Саудӣ, аз ҳузур дар он ибрози ҳайрат кардаанд.

Бархе кишварҳои воридшуда дар феҳристи "эътилофи зидди террор" ба раҳбарии Арабистони Саудӣ, аз шомил шудани номашон дар ин эътилоф, шигифтзада шудаанд. Арабистони Саудӣ рӯзи 15 декабр бо ном бурдани 34 кишвари "исломӣ" эълон кард, эътилофе ташкил додааст, ки ҳадаф аз он "мубориза бо терроризм аст" ва маркази фармондеҳии он дар Риёз - пойтахти он кишвар қарор хоҳад дошт.

Кишваре дувуме, ки дар ин феҳрист аз он ном бурда шудааст, Покистон аст, ки аз ин мавзӯъ ибрози ҳайрат кардааст. Ба навиштаи вебсайти рӯзномаи "Dawn", Аҳмад Чударӣ, як мақоми баландпояи вазорати умури хориҷии Покистон гуфтааст, "ман аз ин ки Арабистони Саудӣ номи Покистонро ба унвони узве аз эътилоф овард, ҳайратзада шудаам". Вазорати умури хориҷии Покистон аз сафорати худ дар Риёз хостааст, то аз мақомҳои Саудӣ дар ин бора шарҳ бихоҳад.

Дар Лубнон вокунишҳои мақомоти баландпояи он кишвар аз якдигар фарқ доштааст. Дар ҳоле, ки нахуствазири он кишвар аз вориди шудани номи Лубон дар феҳрист ҳимоят кардааст, вазорати умури хориҷии Лубнон ҳузур дар ин эътилофро рад кардааст.

Вазири дифои Малайзия ҳам гуфтааст, ки ҳеҷ паймони низомӣ дар ин робита вуҷуд надорад ва кишвараш дар ҳеҷ амалиёти низомӣ ширкат нахоҳад кард. Индонезия ҳам гуфтааст, ки ҳеҷ майле ба узвият дар ин эътилоф надорад. Сухангӯи вазорати умури хориҷии он кишвар гуфтааст, ки муҳим аст аввал аз ҷузъиёти ин эътилоф бохабар шавем, то баъдан дар мавриди узвияти он тасмим бигирем.

Вазири дифои Арабистони Саудӣ.
Вазири дифои Арабистони Саудӣ.

Рӯзи сешанбеи 15 декабр Арабистони Саудӣ гуфт, якҷо бо 34 кишвари исломӣ, "эътилоф алайҳи терроризм" ташкил медиҳад ва маркази фармондеҳии он дар шаҳри Риёз хоҳад буд. Ба ҷуз кишварҳои арабӣ монанди Миср, Қатар, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва аксари кишварҳои ҷануби Халиҷи Форс, бархе аз кишварҳои африқоӣ монанди Сомалия, Гения, кишварҳои осиёӣ монанди Покистон, Малайзия ва Туркия дар ин "эътилоф" ҳузур доранд. Аммо бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Ироқ, Алҷазоир, Аммон, Эрон ва кишварҳои мусалмоннишини Осиёи Миёна дар байни ин кишварҳо нестанд. Ҳукумати Афғонистон гуфтааст, ки ин пешниҳоди Риёзро баррасӣ мекунад.

Хабаргузориҳо аз қавли вазири дифои Саудӣ Муҳаммад бин Салмон навиштанд, ки ин эътилоф барои мубориза бо терроризм дар Ироқ, Сурия, Либия, Миср ва Афғонистон иқдом хоҳад кард. Шоҳзода Муҳаммад бин Салмон, вазири дифои Арабистон рӯзи сешанбе дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки "аксари кишварҳои исломӣ дар ин эътилоф якҷо шудаанд, то терроризмро саркӯб кунанд."

Ташкили эътилофи зиддитеррористии кишварҳои исломӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:53 0:00

Вай гуфтааст, ки "дар ин эътилоф аксарияти дунёи ислом гирдиҳам омадаанд, то терроризмро саркӯб кунанд. Ин эътилоф бо тақозои дунёи ислом эҷод шудааст, зеро ин беморӣ аз ҳама бештар ба ҷаҳони ислом таъсир расонидааст. Маркази амалиётии ин эътилоф дар Риёз эҷод шуда, то аз ҳамин ҷо бар алайҳи терроризм дар кишварҳои исломӣ иқдом мешавад."

"Кишварҳое, ки имрӯз аз терроризм осеб дидаанд, ба таври мисол Сурия, Ироқ, Миср, Яман, Либия, Нигерия, Покистон ва Афғонистон, ки ниёз аст алайҳи фаъолиятҳои террористӣ дар ин кишварҳо иқдомоти ҷиддӣ ва амалӣ шавад. Ин эътилоф низ ба ҳамин ҳадаф ташкил шудааст."

Вазири дифои Арабистони Саудӣ дар посух ба ин суол, ки "Ҳадаф ташкили ин эътилоф мубориза бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" аст ё дигар гурӯҳҳои тундрав?", гуфтааст, ки "алайҳи ҳама гуна гурӯҳи террористӣ мубориза мебарем."

Аммо як коршиноси тоҷик муваффақ шудани эътилофи ташкилнамудаи Арабистони Саудӣ бо ширкати 34 кишвари исломӣ барои мубориза бо терроризмро баъид медонад.

Саъдӣ Юсуфӣ, таҳлилгари тоҷик.
Саъдӣ Юсуфӣ, таҳлилгари тоҷик.

Саъди Юсуфӣ, коршиноси тоҷик мегӯяд, ба далели он, ки дар ҷаҳони ислом таърифи ягона ва эътирофи яксон аз терроризму гурӯҳҳои ифротӣ вуҷуд надорад, баъид ба назар мерасад, ки эътилофи ташкилнамудаи Арабистони Саудӣ ба муваффақият даст ёбад. Зеро ба эътиқоди ин коршиноси тоҷик, иддае аз кишварҳо ин гурӯҳҳоро ифротиву даҳшатафкан меҳисобанд ва барои бархе аз кишварҳо, онҳо муборизони роҳи озодӣ мебошанд.

Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, ки дар чунин шароит даст ба иқдом задани Арабистони Саудӣ шояд ба он хотир аст, ки нигарониҳои амниятӣ аз ҳарвақта дида ҳоло бештар мутаваҷҷеҳи он кишвар шуда ва дар наздикҳои сарҳадоти он кишвар вуҷуд дорад. Аз сӯи дигар Арабистони Саудӣ бо ташкили як эътилофи низомӣ алайҳи ҳусиҳо дар Яман аҳамияти доштани эътилофро амалан таҷриба карда, ҳоло дар фикри тавсеа ва густариши он аст.

Шоҳзода Муҳаммад бин Салмон, вазири дифои Арабистони Саудӣ дар ҳамин ҳол гуфт, ки амалиёт ин эътилофи низомӣ дар ҳамоҳангӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ анҷом хоҳад шуд. Арабистони Саудӣ ва шуморе аз кишварҳои дигари ҳошияи Халиҷи Форс бо таҳдидҳои рӯзафзуни тундравӣ дар сарҳадоташон рӯбарӯ ҳастанд.

Дар Яман гурӯҳи ҳусиҳо, ки гуфта мешавад, аз ҳимояти Эрон бархӯрдоранд ва дар Сурия ва Ироқ гурӯҳи маъруф ба "Давлати исломӣ" амнияти Шарқи Миёнаро ба ҳам задаанд. Арабистони Саудӣ ва бархе аз кишварҳои дигари арабӣ гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-ро, ки аз ҳимояти Эрон бархӯрдор аст, гурӯҳи террористӣ ном мебаранд.

Дар Покистону Афғонистон Толибон аз қавитарин гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат мебошанд, ки бо нерӯҳои интизомии ин кишварҳо вориди набард ҳастанд. Дар кишвари африқоии Нигерия низ, гурӯҳи "Боко Ҳарам" нуфузи густурда пайдо кардааст ва тайи чанд соли ахир бо гаравгонгириҳои худ, дар сархати хабарҳои ҷаҳонӣ қарор гирифт. Гурӯҳи "Ал-Қоида" низ, ки эътилофи ҷаҳонӣ аз чанд сол алайҳи он мубориза мебарад, дар бархе аз кишварҳои арабӣ ва африқоӣ ҳамоно фаъол аст.

XS
SM
MD
LG