Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомот дар вилояти Хатлон ба хотири пешгирӣ аз танфурӯшиву ҷиноятҳои дигари ахлоқӣ дар байни занҳо рӯҳониёнро низ дастбакор кардаанд. "Гурӯҳҳои таблиғотӣ" ба кор дар ноҳияҳо алакай шурӯъ кардаанд.

Созмони иҷтимоии «Моҳи Мунир» якҷо бо мақомоти маҳаллӣ дар ҷануби Тоҷикистон барои пешгирӣ аз хушунати хонаводагӣ, танфурӯшӣ ва ҷиноятҳои ахлоқӣ дар байни занҳо ба рӯҳониёни вилояти Хатлон рӯ овардааст. Аз диндорон дар вилояти Хатлон даъват шудааст, ки бо занҳо сӯҳбат ва онҳоро ба роҳи рост ҳидоят кунанд.

Зиёда Ашӯрова, раиси созмони иҷтимоии «Моҳи Мунир» рӯзи 14 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир 10 рӯҳониро барои мулоқоту вохуриҳо ва бо мардум дар навоҳӣ сафарбар кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин рӯҳониён бояд мардумро насиҳат кунанд ва “модарарӯсҳоро аз азияти келин, занҳоро аз танфурӯшӣ ва ҷинояткоронро аз хилофкорӣ баргардонанд.”

Бо онки ҳукумати Тоҷикистон аз таъсиру нуфузи рӯҳониён ба ҷомеъа хушнуд нест, аммо дар баъзе маворид онҳоро ба саҳна мехонад ва аз нуфузи онҳо истифода мекунад. Рӯҳониҳои тоҷик то ҳол ин рисолатро дар чаҳорчӯби масоҷид анҷом медоданд ва умдатан ҳушдорҳои худро тавассути мардҳо ба хонаводаҳо мерасониданд.

Аммо ҳоло бояд аз роҳи дигар ба ҳалли мушкилот ворид шаванд ва гуфтугӯҳои ошкорро аз ҷумла бо худи занон ба роҳ монанд. Ин гурӯҳи таблиғотӣ бо намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ ва идораи кор бо занон дар ҷамоатҳо ва рустоҳо мулоқот хоҳанд кард. Зиёда Ашӯрова мегӯяд, аз он роҳ мешавад хеле аз падидаҳои номатлубро аз байн бурд: «кӯшиш мекунем занҳоеро, ки ба танфурӯшӣ даст мезананд, фаҳмонем ва бо ҷои кор таъмин кунем, то дигар ба ин корҳо даст назананд.»

Баъзе рӯҳониён, ки ба гурӯҳи таблиғотӣ шомил шудаанд, талоқро аз омилҳои аслии бадахлоқии минбаъда дар байни занон унвон мекунанд.

Додарбек Давлатов, имоми масҷиди Имом Бухории ноҳияи Қумсангир ва узви ин гурӯҳ мегӯяд, муллоҳо занҳоеро, ки ба ҷодаи хато по гузоштаанд, ба сабру таҳаммул даъват мекунанд. “Занҳо имрӯз мушкили зиндагӣ бар дӯшашон аст, шавҳаронашон онҳоро танҳо гузоштаанд ва онҳо ба даъват ба роҳи дуруст ниёз доранд,”- гуфт имоми масҷиди ноҳияи Қумсангир.

Аз моҳи июн ҳукумати Тоҷикистон барномаи поккории ҷомеа аз бадахлоқиро рӯи даст гирифтааст, ки ба назар мерасад, ҷалби муллоҳо дар Хатлон низ бахше аз ҳамин маърака аст. Дар пайи рейдҳои вазорати дохила садҳо фоҳиша дар саросари кишвар боздошт ва бозпурсӣ шуданд. Аксари занҳои тунфурӯш, ки ба хабарнигорони Озодӣ сӯҳбат кардаанд, танфурӯшии худро ба мушкилоти иқтисодӣ рабт медиҳанд. Гулсум, як сокини 34-солаи вилояти Хатлон низ ду сол пеш, вақте шавҳараш ӯро талоқ дод ва бо ду бача ба кӯча партофт, барои коркобӣ ба Душанбе омад. Талошҳои ӯ барои ёфтани кори муносиб натиҷа надод ва ӯ танфурӯш шуд. Гулсум ҳоло аз ин нигарон аст, ки дар сурати идомаи маъракаи зидди фоҳишаҳо маҷбур мешавад бо ду кӯдакаш дубора ба деҳа баргардад.

Дарвозаи зиндони занонаи Норак

Дарвозаи зиндони занонаи Норак

Бино ба иттилои масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, дар соли 2013 дар ин кишвар 1641 занону духтарони фоҳиша кашф шудааст, ки 338 зану духтар нисбат ба соли 2012 бештар ва 41 нафари онҳо ноболиғ будааст. Ҳамин тавр, дар соли гузашта дар Тоҷикистон аз тарафи занону духтарон 1089 ҷиноят содир шудааст, ки назар ба як соли қабл 2888 маврид ё 26 дарсад бештар мебошад.Сеяки ҷиноятҳои содиршуда аз сӯи занону духтарон ба вилояти Хатлон рост меояд.Дар соли 2012, барои мисол, заноун духтарон дар Хатлон 314 ҷиноят содир кардаанд. Занон, ба гуфтаи мақомоти ин вилоят, бештар ба ҷиноёте, чун қаллобӣ, дуздӣ, авбошӣ, кӯтоҳӣ дар тарбияи фарзанд ваё ба шавҳар додани духтарони ноболиғ ва ҳам бо ҷароими ахолиқе, чун танфурӯшӣ ва ташкили даллахонаҳо ва духтарҷаллобӣ ба ҷавобгарӣ кашонда мешаванд.

Масъулони идораи кор бо занони минтақаи Хатлон мегӯянд, ки онҳо низ бо пиёда намудани малиёте таҳти унвони “Ахлоқ” иддае аз занҳоро боздошт карданд ва ба хонаҳояшон баргардониданд. Маърифат Зоҳирова, раиси идораи кор бо занон ва оила дар вилояти Хатлон мегӯяд, коҳиши ахлоқи занҳо танҳо кори як-ду ниҳод нест, мардҳо низ бояд барои пешгири аз футури ахлоқ дар байни занҳо саҳм бигиранд.

Аз сӯи дигар, Наргис Қосимова, коршиноси умури иҷтимоӣ аз шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, амалиёту боздошту бозпурсӣ чорае нест, ки битавонад аз ҷурму ҷиноят ва сабукпоӣ дар байни қишри муайяни аҳолӣ пешгирӣ кунад. Ӯ мегӯяд, аксари занҳое, ки танфурӯш мешаванд, илоҷи дигар надоранд ваё намебинанд. Ба гуфтаи Наргис Қосимова, чунин занон маъмулан на диплом доранд, на ҷойи кор ва на манбаи даромади дигар. Ба бовари ӯ, ҳукумат бояд барои ин қишри осебпазир пеш аз ҳама имкони омӯхтани касб ва пайдо кардани ҷои коро фароҳам биорад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG