Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як зан бо иттиҳоми қатли ду кӯдаки навзод


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як занеро бо иттиҳоми қатли ду кӯдаки хурдсол дастгир кардааст ва ангезаҳои қатлро таҳқиқ мекунад. Ҳафтаномаи вазорати умури дохилӣ рӯзи 23-уми сентябр навишт, ки Мавлуда Зиёдуллои 23-сола аз шаҳри Истаравшан дар муддати як ҳафта як кӯдаки якунимсола ва як тифли чаҳорсоларо бо сабабҳои то кунун номаълум куштааст. Ба навиштаи ҳафтанома, Мавлуда Зиёдулло аввал тифли навзоди хоҳари шавҳарашро куштааст ва дар як ҳафта писари бародарашро, ки ҳодисаи ғайриқобили дарк аст. Ба гуфтаи як сокини Истаравшан, ҳодиса охири моҳи август ва аввали моҳи сентябр ба вуқӯъ пайвастааст ва муфаттишон баъд аз ҳодисаи дуввум ошкор кардаанд, марги кӯдакони навзод тасодуфӣ набудааст. Волидони Фотима Бобоеваи як солаву ҳафтмоҳа, рӯзи 4-уми сентябр ба Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Истаравшан муроҷиат кардаанд, ки дар пайдо кардани кӯдакашон кӯмак кунанд. Ҷасади хурдсолро як рӯз баъд аз зери кӯрпаҳо пайдо кардаанд ва дар аввал ба хулоса омадаанд, ки ҳодисаи нохуш ва ё чаппа шудани кӯрпаҳо сабаби ҳалокати Фотима шудааст. Аммо дари қуфлшудаи хона шубҳаи мақомотро барангехтааст ва онҳо ба таҳқиқ шурӯъ карда ва маълум кардаанд, ки роҳи нафаси Фотимаро бо кӯрпа баста, куштаанд. Дар ҳарду ҳолат хешовандон, аз Мавлуда Зиёдулло хостаанд, тифлонашонро дар набудани онҳо барои муваққат нигоҳубин кунанд, вале натиҷаи бовариашон фоҷиа шудааст. Абубакр Шафиеви якунимсоларо рӯзи 29 август дар хонаи бобои модариаш, ки Мавлуда келини хонадон аст, дар дохили гавҳора беҷон пайдо кардаанд. Ба гуфтаи вазорат, ҳодисаи ғайричашмдошт, шубҳаи касе аз наздиконро ба вуҷуд наовард ва бо гумони он, ки ҳалокати хурдсол марги табиист, бе хабар додан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ўро ба хок супурдаанд. Баъд аз ин ҷасади Абубакри якунимсоларо ҳам барои ташхиси судӣ-тиббӣ берун кардаанд ва маълум шудааст, ки ӯро буғӣ карда куштаанд. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, “сабаби чунин кирдори гумонбаршаванда то ҳол норўшан аст, зеро муносибати ў бо волидайни хурдсолон бад набудааст, ки боиси интиқомгирӣ шавад. Аз ин рӯ ба гуфтаи онҳо, яке аз ангезаҳои эҳтимолӣ ”васвосӣ” будан ва эҳсоси нафрат доштан нисбат ба кӯдакон метавонад сабаби чунин амали мудҳиши зани 23-сола бошад. Айни замон ин зан дар боздошт аст ва ба зидди ӯ бо моддаи куштор парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

XS
SM
MD
LG