Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду инфиҷор дар Истанбул 20 захмӣ барҷой гузошт. АКС


Шоми 10 декабр дар бахши аврупоии Истанбул ду инфиҷор рух дода, бар асари он 20 нафар захмӣ шуданд. Хабаргузории Фаронса гуфт, ҳодиса дар наздикии варзишгоҳи "Водафон Арена" дар Бешиктош ба амал омадааст. Шабакаи телевизионии СNN Турк хабар дод, ки эҳтимол истгоҳи пулис дар варзишгоҳ ҳадафи яке аз ҳамлаҳо бошад. Вазорати умури дохилии Туркия эълон кард, теъдоди зиёде аз нерӯҳои пулиси зидди шӯриш дар ин таркишҳо захмӣ шуданд. Дар аксу видеоҳое, ки аз ин таркишҳо мунташир гардид, мошини зиёди "Ёрии таъҷилӣ" ва нерӯҳои пулис дар ҳоли ҳаракат дар ин хиёбонҳо ҳастанд ва оташу дуд аз беруни варзишгоҳ дида мешавад. Ин варзишгоҳ рӯзи шанбе мизбони як мусобиқаи футбол буд.

XS
SM
MD
LG