Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтаниҳои зиёди Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон


Яке аз аксҳои ангуштшумори Каримов ва Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Яке аз аксҳои ангуштшумори Каримов ва Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Дар пешорӯи сафари Ислом Каримов ба Душанбе коршиносон мегӯянд, Тоҷикистону Узбакистон дар шароити кунунии ҷаҳон маҷбуранд, ки дар фикри беҳтар кардани равобиташон бошанд.

Қарор аст, дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), ки рӯзи 11-12-уми сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов низ ширкат кунад.

Ин нахустин сафари раисҷумҳури ҳамсоякишвар ба Тоҷикистон дар 6 соли охир ва агар мулоқоти рӯбарӯи онҳо низ сурат бигирад, пас нахустин дидори Каримов бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2010 ба ин сӯ хоҳад буд. Дар солҳои охир Раҳмон ва Каримов танҳо чанд дафъаи ангуштшумор ва он ҳам дар чорчӯби нишастҳои минтақавӣ, аз ҷумла мулоқоти сарони СНГ ё Созмони Шанхай мулоқот доштаанд.

Бино бар ихтилофҳои зиёд ва бастаи мушкилоти ҳалношуда миёни ду кишвар мулоқоти Раҳмон ва Каримов кам андар кам сурат мегирад. Аз ин рӯ, ба ҳар мулоқоти ин ду президент коршиносону таҳлилгарон ва матбуот таваҷҷӯҳи хос зоҳир мекунанд. Расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон дар такя ба манбаъҳояшон дар ҳукумат хабар доданд, ки ба эҳтимоли зиёд зимни сафари президент Каримов ба Душанбе мулоқоти “рӯ ба рӯ”-и сарони ду кишвар низ сурат хоҳад гирифт.

Ҳар вохӯрии раисиҷумҳурони ду ҳамсоякишвар дар дили шаҳрвандонро низ умедеро бедор мекунад, ки шояд онҳо бо ҳам забон ёбанду “ях”-и муносиботи Тоҷикистону Узбакистон об шавад ва бо ҳамин мушкили равуои ҳазорон нафар сокинони ду кишвар, ки бо ҳам пайванди зиёди хешовандӣ ҳам доранд, ҳал шавад.

Рашид Ғанӣ Абдулло

Рашид Ғанӣ Абдулло

Рашид Ғанӣ Абдулло, таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, равобити кунунии Тоҷикистону Узбакистон дар сатҳе аст, ки аз ин вохӯрии ду раисиҷумҳур намешавад интизори беҳбудии назаррасе шуд: “Чунки заминаҳо ҳоло ҳам омода нест. Аммо ман мутмаинам, ки ду раисҷумҳур дарк мекунанд, ки кишварҳои абарқудрати ҷаҳон дар ҳолати муқовимати шадид қарор доранд ва кишварҳои абарқудрат одатан дар хоки кишварҳои севум бо ҳам мубориза мебаранд.”

Аз ин рӯ, ба таъкиди Рашид Ғанӣ, Тоҷикистону Узбакистон ба оҳистагӣ ба дарки ин нукта мерасанд, ки аз ихтилофоти мавҷуда дар байни ин ду кишвар давлатҳо севум метавонад сӯиистифода кунад ва ё кишварҳои абарқудрат қаламравашонро ба ҷавлонгоҳи муборизоти геополитикии хеш табдил диҳанд.

Cолиёни ихтилофот

Марзи Узбакистон

Марзи Узбакистон

Муносиботи Тоҷикистону Узбакистон пас аз касби истиқлоли онҳо дар соли 1991 ҳеҷ гоҳ тахту ҳамвор набуд, аммо пас аз азми қавии Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун вориди як марҳалаи наздик ба “ҷанги сард” шуд. Сараввал Узбакистон дар равуои озоди қаторҳои роҳи оҳани Тоҷикистон монеа эҷод кард ва баъдан қимати боҷи транзитиро барои ҳамсояаш ба таври бесобиқа то ба 60 дарсад боло бурд. Хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон тариқи қаламрави кишварҳои Осиёи миёна рақобати бе ин ҳам тезутунди Тоҷикистону Узбакистонро боз ҳам афзоиш дод. Узбакистон бо баҳонаи таркиш дар яке аз кӯпрукҳои қитъаи роҳи оҳани Ғалаба – Амӯзанг танҳои роҳи оҳан ба вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистонро тахриб намуд. Ин қитъаи роҳ Тоҷикистонро барои кишварҳои узви НАТО дар амри берун кашидани аслиҳаю таҷҳизоти ҳарбӣ пураҳамияттар мекард.

Узбакистон ҳамин тавр нархи гази табииро барои Тоҷикистон сол аз сол гарон карда, то ба 400 доллар расонд ва соли 2012 интиқоли онро барои Душанбе пурра қатъ кард.

Соли 2012 ихтилофҳои Тоҷикистону Узбакистон ба авҷи худ расид ва Ислом Каримов зимни як сафараш ба шаҳри Алма-Атои Қазоқистон бо як лаҳни тунд дар робита бо моҷарои тақсими оби дарёҳои фаромарзӣ ва бунёди сарбанди нерӯгоҳҳо дар минтақа гуфт: “Ташаннуҷ метавонад то ҳадде расад, ки натанҳо боиси муқовимат, балки сабаби ҷанги байни давлатҳо шавад.”

Пас аз ин мухолифати сарсахтонаи Каримов ба тарҳи Роғун Тоҷикистон бо сарпарастии молии Бонки ҷаҳонӣ арзёбии зистмуҳиттӣ ва фанниву иқтисодии ин нерӯгоҳро анҷом дод, ки тоза дар аввали моҳи сентябр бехатариву самаранокии онро тасдиқ кард.

100 маротиба коҳиш ёфтани тиҷорати Тоҷикистону Узбакистон

Дар ҳар сурат, дар натиҷаи ин солиёни мухолифатҳо гардиши мол байни Тоҷикистону Узбакистон ба шиддат коҳиш ёфта, дар як соли охир ҳамагӣ 4, 6 миллион долларро ташкил кардааст, ки барои ду ҳамсоякишвар, албатта, хеле ночиз аст.

Барои муқоиса, тиҷорати Тоҷикистон бо ҳамсояи дигараш - Афғонистони ҷангзада дар соли 2013 ба 174 миллион доллар расидааст. Яъне 40 маротиба бештар аз табодули молу коло байни Душанбеву Тошканд!

Ҳамин тавр, боз ҳам барои муқоиса бояд гуфт, ки дар соли 1999, замоне ки марҳалаи ихтилофҳо тоза сар мешуду аз Каримов дар Тоҷикистон ҳанӯз “Отамиз” ном мебурданд, гардиши мол миёни Тоҷикистону Узбакистон ба 445, 4 миллион доллар баробар буд. Яъне дар ин 15 сол тиҷорати ду кишвар қариб 100 маротиба коҳиш ёфтааст!

Умеди нармиш байни ду ҳамсоя?

Бо вуҷуди ин ҳама мухолифатҳо таи ним соли ахир муносиботи Тоҷикистону Узбакистон таҳаввулотеро паси сар карданд, ки ба пиндори бархе аз коршиносон “аз нармиши андак дар равобити ду кишвар дарак медиҳанд.”

Баъд аз соли 2008 имсол Узбакистон барои бори аввал дар остонаи ҷашни истиқлоли давлатиаш гузургоҳҳои гумрукиашро бо Тоҷикистон набаст. Табрикоти президент Раҳмон ба муносибати рӯзи истиқлоли Узбакистон низ тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизиони давлатӣ қироат карда шуд. Каримов низ ба навбаи худ Раҳмонро ба муносибати солигарид 23-юми истиқлоли Тоҷикистон табрик гуфт: "Мӯътакид бар онам, ки муносиботи мавҷудаи таърихии ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми мутақобилаи миёни Узбакистон ва Тоҷикистон минбаъд низ ба нафъи халқҳои ду кишвар, ба манфиати нигаҳдории субот ва устуворӣ дар минтақаи мо рушд мекунанд."

Алишер Илҳомов, таҳлилгари масоили минтақа дар донишгоҳи Лондони Бритониё мегӯяд, таҳаввулоти охир дар дунё ин ду кишвари Осиёи миёнаро водор сохтааст, ки муносиботашонро бознигарӣ кунанд. Ба таъкиди вай, ҳам дар Душанбе ва ҳам дар Тошканд ин нуктаро дарк мекунанд, ки дар шароити феълии ҷаҳон кишварҳои севум аз бад будани муносибати ин ду кишвар метавонанд сӯиистифода кунанд.

Алишер Илҳомов

Алишер Илҳомов

Таҳлилгар меафзояд: “Авзои сиёсӣ дар хориҷ ҳам Тоҷикистон ва ҳам Узбакистонро водор месозад, ки ба вазъи сиёсии дар ин минтақа аз дидгоҳи нав нигаранд. Сатҳи нобоварӣ ба ҳамдигар миёни Узбакистону Тоҷикистон хеле ҳам зиёд аст, чунки байни ду кишвар як бастаи мушкилоти ҳалношуда боқӣ мондааст, ки манбаи ихтилофҳо ва ҳатто моҷароҳои низомӣ метавонад бошад. Дар шароити кунунӣ, ки хоҳишҳои империявии Русия боло гирифтааст, ин кишвар метавонад аз ин нуқтаи заъфи Тоҷикистону Узбакистон ба нафъи худаш истифода кунад.” Ҷаноби Илҳомов мегӯяд бо назардошти авзои нави ҷаҳон, ки бархеҳо онро марҳилаи “тақсимоти нави ҷаҳон” низ мегӯянд, Узбакистону Тоҷикистон маҳкуманд, то муносиботи беҳтар дошта бошанд.

Аммо бархе аз коршиносон бар инанд, ки “муносиботи то як андоза хасмонаи Тоҷикистону Узбакистон” ба шахсияти роҳбарони ду кишвар бармегардад. Ба иддаои ин коршиносон, хусумати шахсии ду раисҷумҳур яке аз монеаҳои аслии хуб ушдани равобит миёни ду кишвар аст. Аммо Илҳомов мегӯяд, сиёсатмадорони сатҳи аввал бояд зуҳуроте мисли хусумати шахсиро як сӯ гузоранд. Ба таъкиди вай, вақте “иродаи сиёсӣ зуҳур кунад”, ба осонӣ метавонанд хусуматҳоро рафъ кунанд.

Илҳомов мегӯяд, дар мавриди ҳал шудани ҳама мушкилоти тайи ин солҳо ҷамъшуда миёни Тоҷикистону Узбакистон сухан гуфтан барвақт аст. Аммо ба таъкиди ин коршинос, ба эҳтимоли зиёд Узбакистон дар масоиле, назири транзити қаторҳои роҳи оҳан, интиқоли гази табиӣ ва ҳатто соддатар кардани тартиби рафтуомади шаҳрвандон дар байни ду кишвар ба Тоҷикистон гузашт кунад. Аммо суол ин аст, ки оё Тошканд дар иваз чӣ гузаштҳоеро аз Душанбе мехоҳад?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG