Пайвандҳои дастрасӣ

Рақсу бӯсаи "наврӯзӣ"-и Ислом Каримов ва сӯҳбатҳояш аз Украина (ВИДЕО)


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дар расми таҷлил аз Наврӯз дар пойтахти кишвараш хуб рақсид ва бидуни бурдани ном аз Украина хостори ҳалли сулҳомези ихтилофот “ дар баъзе манотиқ” шуд.

Ҷашни расмии Наврӯзи Узбакистон имсол ба ҷои 21 март, рӯзи 19 март дар Боғи миллии ба номи Алишери Навоӣ дар маркази Тошканд доир шуд. Гуфта мешавад, Маркази обуҳавошиносии Узбакистон барои рӯзи 21 март ҳавои номусоиди пурборишеро пешбинӣ кардааст ва ба ин далел тантанаҳои наврӯзиро дар Тошканд ду рӯз пештар овардаанд.

Раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов чун дар Наврӯзҳои қаблӣ имсол низ дар ҷашн дар назди мардум зоҳир шуд, як зани миёнасолро оғӯш кашида, бӯсид ва бо вуҷуди синнаш, ки имсол ба 76 расидааст, имсол ҳам дар Наврӯз мисли ҳарсола хуб рақсид.


Ислом Каримов тайи 15 дақиқаи суханрониаш дар ҳамоиши наврӯзӣ, ки тавассути шабакаҳои давлатӣ ба таври мустақим пахш шуд, гуфт, халқи Узбакистон тарафдори ҳалли ихтилофот бо роҳҳои сулҳомез аст. Ӯ бидуни бурдани ном аз Украина гуфт: “Халқи мо чӣ мехоҳад? Пеш аз ҳама онҳо мехоҳанд, ки дар ватани онҳову дар минтақаҳои атроф ва дар тамоми ҷаҳон тинҷиву осоиш ҳукмфармо шавад. Бӯҳрону моҷароҳое, ки дар бархе минтақаҳо идома доранд, бояд бидуни истифода аз зӯр, такрор мекунам, бидуни истифода аз зӯр, аз тариқи музокироти сиёсӣ ҳаллуфасл шавад. Ин аст чизе ки халқи мо мехоҳад.”

Дар Ютюб порае аз лаҳзаҳои мулоқоти Ислом Каримов бо меҳмонони ҷашни Наврӯз ва лаҳзаи як зани дар канораш истодаро оғӯш кашидану бӯсидани ӯ низ нашр шудааст, ки метавонед инҷо тамошо кунед:

https://www.youtube.com/watch?v=v1hkqxXMnTQ



Ислом Каримов ҳарчанд ишорае ба Украина накард, вале зоҳиран манзури ӯ таҳаввулоти охир дар атрофи ҳамин кишвари пасошӯравист. Бӯҳрони Украина ва тасарруфи вилояти Қрими ин кишвар аз тарафи Русия бархе ҳокимони дигари пасошӯравӣ, аз ҷумла ҳокимони дар муқобили фишорҳои Маскав "саркаш"-таре, чун Ислом Каримовро низ нигарон сохтааст. Ба фарқ аз аксари ҳамсояҳояш дар минтақа, ки нисбат ба ҳаводиси Украина ба истилоҳ ба даҳон об гирифтан , яъне худдорӣ аз ҳар навъ шаҳру эзоҳро пеш гирифтаанд, Узбакистон алакай чанд дафъа дар ин масъала ибрози назар кардааст.

Аз ҷумла рӯзи 4 март хабаргузории “Жаҳон”, як бунгоҳи иттилоотии марбут ба вазорати хориҷаи Узбакистон бо пахши як изҳорот навишт, “ҳаводиси Украина, ки боиси ташаннуҷи ҷиддии вазъ ва ихтилофи ҷиддӣ шуда, метавонад ба ташдиди бештари вазъият ва паёмадҳои ногувор биорад ва ба истиқлол ва тамомияти арзии кишвар таҳдидҳои ҷиддӣ эҷод кунад, наметавонад ташвишу нигаронии амиқ дар Узбакистонро ба бор наоварад.” Тошканд дар ҳамон изҳороташ низ ба ҳайси роҳҳои ҳалли ин бӯҳрон “пеш аз ҳама даст кашидан аз истифодаи роҳҳои зӯрӣ ва истифодаи васоили сиёсӣ ва талошҳо барои ҳалли мушкилот бо роҳҳои сулҳомез, бо роҳи музокирот бар пояи меъёрҳои аслии ҳуқуқи байналмилалӣ ва Ойинномаи СММ”-ро пешниҳод карда буд.

Тантанаҳои расмии наврӯзӣ дар Узбакистон, хусусан маъракаҳое ки бо ширкати раиси ин ҷумҳурӣ Ислом Каримов мегузаранд, маъмулан таҳти тадобири шадиди амниятӣ доир мешаванд. Имсол низ дар арафаи ҷашни Наврӯз тамоми афроди бехонаву "шубҳанок"-ро аз саросари Тошканд барчида, "муваққатан" берун ронданд. Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз ҳамлу нақли мусофирон аз шаҳрҳои дигари Узбакистон ба пойтахташро низ маҳдуд кардаанд. Аз ҷумла тамоми автобусҳое ки дар масири Урганҷ -Тошканд ҳаракат мекарданд, дар арафаи Наврӯз таътил дода шуданд.

Мунтақидони давлат мегӯянд, ин тадбирҳои амниятӣ дар асл баёнгари дар доираи ҳокимони вақти Узбакистон ва атрофиёни онҳо маҳдуд шудани ҷашнҳои расмӣ, бо шумули Наврӯз аст. Далели дигар, ба бовари онҳо, нобоварии ҳукумат ба мардум аст ва аз ин рӯ, рӯйхати меҳмонони ҷашнҳои расмиро аз пеш омода мекунанд ва ҳар нафарро хеле мӯшикофона месанҷанд, ки боз мабодо...

Наврӯз дар Узбакистон ҳамчун иди расмӣ ҷашн гирифта мешавад, вале ба фарқ аз Тоҷикикистон, дар ин кишвари ҳамсоя танҳо 1 рӯз – 21 март – рӯзи таътили наврӯзист.

Дар солҳои 80 дар Узбакистон талошҳое шуд, ки Наврӯзро манъ ва ба ҷояш ҷашни дигаре сохта шавад. Соли 1988 раҳбари вақти Узбакистон Рафиқ Нишонов бо пешниҳоди адиби узбак Абдулло Орипов таҷлили Наврӯзро расман манъ карда, ба ҷои он иди сунъие бо номи “Навбаҳор”-ро ҷорӣ кард, ки мебоист ҳар сол дар таърихи 5 апрел ҷашн гирифта шавад. Аммо “Навбаҳор” ҳамагӣ як сол умр дид ва алакай соли 1989 Наврӯзро дар Узбакистон дигарбора барқарор карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG