Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ислом Каримов: Гулнора зинда аст


Гулнора Каримова ва писараш Ислом Каримови хурдӣ

Гулнора Каримова ва писараш Ислом Каримови хурдӣ

Ислом Каримови 23-сола – писари Гулнора Каримова – духтари бузурги раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, ки дар Лондон ба сар мебарад, хабарҳоро дар бораи марги модараш рад кард ва онро "овозае беш надонист". Каримови хурдӣ 23 ноябр дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфтааст, Гулнора Каримова аз соли 2014 боз дар ҳабси хонагӣ дар Тошканд ба сар мебарад. Вай афзудааст, хоҳараш Имон, ки қаблан гуфта мешуд, дар ҳабси хонагист, феълан дар озодӣ буда, вале аз кишвар берун рафта наметавонад.

Ба ману наздиконам имкон надоданд, ки бо бобоям видоъ кунем. Бисёр мехостам, ки дар он маросим иштирок кунам.

Қаблан дар саҳифаи "Фарзандони Каримов" дар Фейсбук номаи Ислом Каримови хурдӣ ба хотири бобояш чоп шуда буд. Каримови хурдӣ дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ тасдиқ кардааст, ки муаллифи нома ӯст ва мактубро дар шарҳи сарусадо дар бораи марги модараш Гулнора Каримова навиштааст.

Ислом Каримов гуфт, ҳарчанд баъзе аз бахшҳои нома тағйир ёфтааст, аммо дар маҷмӯъ, мазмунаш ҳифз шудааст. Дар ин нома набераи раиси ҷумҳури пешини Узбакистон шарҳ додааст, ки чаро ӯ дар маросими видоъ бо бобояш набуд?

Ислом Каримови хурдӣ

Ислом Каримови хурдӣ

"Ба ману наздиконам имкон надоданд, ки бо бобоям видоъ кунем. Бисёр мехостам, дар он маросим иштирок кунам. Аз лаҳзаи марги бобоям афсурда будам ва наметавонистам бо касе сӯҳбат кунам. Модарам зуд ба занги ман ҷавоб надод. Мехостам ба намояндагии расмии Узбакистон дар Лондон муроҷиат кунам, вале дертар хоҳарам ҳамаи овозаҳоро беасос хонд", - навиштааст ӯ.

Рӯзи 22 ноябри имсол вебсайти "Центр-1" бо такя ба манбааш дар Хадамоти амнияти миллии Узбакистон аз марги Гулнора Каримова хабар дод ва гуфт, духтари 44-солаи раиси ҷумҳури пешин рӯзи 5 ноябр дар натиҷаи заҳролудшавӣ фавтидааст. "Ҳамон шаб ӯ дар мазори Минори Тошканд ба хок супурда шуд", - гуфтааст манбаи "Центр 1" ва афзудааст, шахсан дар маросими дафни Гулнора Каримова иштирок кард.

Вай гуфтааст, аз сарнавишти Ислом ва Имон – фарзандони Гулнора Каримова сахт нигарон аст ва таъкид кардааст, ки духтари ӯ Имон дар ҳолати танҳоӣ ва беҳуқуқӣ дар Тошканд қарор дорад.

Баъд аз ин дар чанде аз расонаҳои Русия хабари "марги Гулнора Каримова" нашр шуд. Аммо дертар хабаргузории РИА Новости ва Интерфакс даргузашти Гулнора Каримоваро рад карданд. Ин хабар ба мавзӯи сербаҳси шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам табдил шуд. Сардабири вебсайти "Фарғона" Даниил Кислов дар саҳифаи Фейсбук навишт, "аксҳои даргузашти Гулнораро" барои ӯ ҳам фиристоданд ва ӯ баъди дидани ин аксҳо ба хулосае расид, ки ҳамааш "фейку фармоишист". "Чунин бармеояд, ки мехостанд расонаҳоро барои мақсадҳои худ истифода кунанд", - гуфтааст Кислов.

Ивар Дале, намояндаи Кумитаи Ҳелсинкии Норвеж дар Осиёи Марказӣ низ ба ҳамин назар аст. Дале рӯзи 24 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бисёре аз сокинони Узбакистон ба иттилои воқеӣ ва мустақил дастрасӣ надоранд, ба овозаҳо бештар бовар мекунанд.

"Барои узбакистониҳо дастрасӣ ба иттилои боварбахш бисёр муҳим аст. Расонаҳои давлатӣ иттилои воқеиро намедиҳанд, чун таҳти назорати ҳукуматанд. Расонаҳои ғайрирасмӣ дар дохил чизҳои беҳуда менависанд. Онҳое, ки ҳамарӯза дар Интернет ҳастанд ва ба ҳайси журналист кор мекунанд, медонанад, аз куҷо иттилои воқеиро бигиранд. Аммо як сокини оддии Тошканду Самарқанд ва ё Бухоро, ки дар бозор кор мекунад, аз куҷо медонад, иттилои боварбахш кадом аст ва аз куҷо гирад?" - суол гузошт ӯ.

Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи Узбакистон, рӯзи 2 сентябри имсол дар синни 78 бар асари сактаи мағзӣ даргузашт ва як рӯз баъд дар зодгоҳаш Самарқанд ба хок супурда шуд. Дар маросими видоъ ва дафни ӯ духтараш Лола Каримова-Тиллоева ва ҳамсараш Татяна Каримова ҳузур доштанд, вале Гулнора Каримова дида нашуд.

Бо ин ҳама, иттилои дақиқ дар бораи тақдири Гулнора Каримова дар даст нест. Вай соли 2013 аз пеши назарҳо дур шуд ва дар бораи макони будубошаш ҳам овозаҳо гуногунанд. Бино ба баъзе хабарҳо, Гулнора Каримова ё дар бемористони бемориҳои рӯҳист ё дар хориҷа ба сабар мебарад. Хабарҳои дигар аз ҳабси хонагии ӯ дар Тошканд мегӯянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG