Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагии шоҳонаи ашрофзодаҳо дар Латвия


Муаллифони таҳқиқот мегӯянд, ки фарзандони бархе аз нухбагони сиёсӣ дар Латвия гаронтарин хонаҳоро харида ва миллионҳо долларашонро дар ҳисобҳои бонкии он кишвар нигоҳ медоранд.

Як таҳқиқоти журналистӣ мушаххас карда, ки фарзандону наздикони бархе аз нухбагони сиёсии Узбакистон дар Латвия зиндагии шоҳона доранд. Ин таҳқиқот аз сӯи маркази “Re: Baltica” дар якҷоягӣ бо бахши узбакии Озодӣ таҳия шудааст. Муаллифони таҳқиқот мегӯянд, ки фарзандони бархе аз нухбагони сиёсии Узбакистон дар Латвия гаронтарин хонаҳои истиқоматиро харида ва миллионҳо долларашонро дар ҳисобҳои бонкии он кишвар нигоҳ медоранд.

АЗ ИН ШАҲР БА ОН ШАҲРИ АВРУПО

Саҳифаи Азим Ғаниев – писари вазири иқтисод, сармоягузорӣ ва тиҷорати Узбакистон Илёр Ғаниев дар Фейсбук баёнгари он аст, ки ӯ дар замони донишҷӯияш дар Рига – пойтахти Латвия – зиндагии хушу хурраме доштааст. Дар аксҳои гузоштаи ӯ дида мешавад, ки чигуна Азим Ғаниеви ҷавон ҳамроҳи дӯстонаш аз ин шаҳр ба он шаҳри Аврупо рафта, вақташро дар тарабхонаҳо гузарондааст.

Яке аз аксҳои Азим Ғаниев
Яке аз аксҳои Азим Ғаниев

Азим дар донишгоҳи “Turība”-и Рига дар риштаи ҷаҳонгардии байналмилалӣ таҳсил мекард, аммо натавонистааст онро ба поён бирасонад. Маркази таҳқиқоти журналистии “Re:Baltica” мегӯяд, ки соли 2014 Азимро аз донишгоҳ хориҷ кардаанд. Аммо худи Азим Ғаниев ба суоли он ки чаро Ригаро ба ҳайси макони таҳсилаш интихоб карду чаро аз онҷо рафт? посух надодааст. Аз рӯи навиштаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯшан аст, ки ӯ ҳоло ба Узбакистон баргашта, дар Тошканд зиндагӣ дорад. Азиз Ғаниев, писари дигари Илёр Ғаниев ва бародари Азим, ҳоло дар Академияи байналмилалӣ дар Рига таҳсил дорад.

900 ДОНИШҶӮ

Узбакистон дувумин кишварест, ки донишҷӯёни зиёдаш дар Латвия таҳсил мекунанд. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 900 донишҷӯи узбак дар Латвия машғули омӯзишанд, ки 13,5 дарсади теъдоди умумии донишҷӯёни хориҷӣ дар он кишварро ташкил медиҳанд. “Узбакистониҳо барои он донишгоҳҳои Латвияро интихоб мекунанд, ки нархи таҳсил дар муқоиса ба кишварҳои дигар, барои мисол бо Бритониё, чандон гарон нест. Гузашта аз ин, аз миёни кишварҳои назди Балтика танҳо Латвия дар Узбакистон сафорат дорад,” – гуфтааст муовини раиси Донишгоҳи “Turība” Имантс Бергс.

Раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов бо раисиҷумҳури Латвия Андрис Берзинш. Рига, 2013
Раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов бо раисиҷумҳури Латвия Андрис Берзинш. Рига, 2013

Равобити миёни Латвия ва Узбакистон дар миёнаҳои соли 1990 оғоз ёфтааст. Аз соли 2004 боз ҳавопаймоҳои ширкати “Узбекистон ҳаво йуллари” аз Тошканд ба Ню-Йорк тавассути Рига парвоз анҷом медиҳанд. Аз панҷ се раисиҷумҳури Латвия ба Узбакистон рафтаанд. Дар навбати худ Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон низ се бор ба Рига сафар кардааст. Аммо дар ҷараёни сафари ахири Ислом Каримов, ки соли 2013 сурат гирифт, фаъолони узбак дар эътироз карда гуфтанд, бояд ба раисиҷумҳури ин кишвари Осиёи Марказӣ иҷоза дода нашавад, то дар пояи Ҳайкали Озодӣ дар Рига гул бигузорад.

ГУЛНОРА ВА ДУ БОНКИ ЛАТВИЯ

Аммо танҳо Азим ва Азиз Ғаниевҳо нестанд, ки нухбагони сиёсии Узбакистонро дар Латвия “намояндагӣ” кардаанд ё мекунанд. Соли 2008 дар пайи буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, ки яке аз бонкҳои бузурги Латвия “Parex Banka” аз муфлисшавияш хабар дод, Гулнора Каримова - духтари бузурги Ислом Каримовро маҷбур кард, барои наҷоти миллионҳо доллари гузоштааш дар ин бонк ба Латвия биравад.

Гулнораи 43-сола зоҳиран ҳоло мавриди хашми падараш қарор гирифта, ду сол боз дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад. Бар асоси маводди

Акси Гулнора Каримов
Акси Гулнора Каримов

Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ин духтари Ислом Каримов дар ду бонки Латвия ҳудуди 446 миллион долларашро гузоштааст, ки асосан аз роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст омадаанд. Аз ин бонкҳо Aizkraukles Banka (ҳоло ABLV) ва “Parex Banka” (ҳоло Citadele) ном бурда мешавад. Намояндагони ABLV аз шарҳ дар ин бора худдорӣ карда, вале намояндагони “Citadele” гуфтаанд, ки корашон бар асоси қонунгузорӣ буд.

ТАВАЛЛУДИ ПИСАРИ ЛОЛА

Номи духтари хурдии Ислом Каримов - Лола Каримова-Тиллоева низ ба Рига пайванд мехӯрад. Ӯ моҳи августи соли 2006 фарзанди дувумашро дар яке аз таваллудхонаҳои Рига ба дунё овард. Дар Латвия ӯ меҳмони Ғулом Ғуломӣ, тоҷири афғониасл буд. Ғуломӣ, ки солҳои зиёд боз дар Латвия ба сар мебарад, шаҳрвандии он кишварро ба даст овардааст.

Лола Каримова-Тиллоева моҳҳои охири ҳомиладорияшро дар хонаи нав дар Юрмала – истироҳатгоҳи бузурги Назди Балтика гузарондааст. Бино ба иттилои мақомоти замини Латвия ин хона ба қимати 2 миллион евро харида шуда, ба номи Валентина - ҳамсари Ғуломӣ сабт ёфтааст.

Лола Каримова-Тиллоева
Лола Каримова-Тиллоева

Хонаводаи Лола Каримова дар роҳҳои Латвия бо мошинҳои гаронарзиши Hummer ва BMW гаштаанд. Ин худравҳо бо рақамҳои давлатии “ТТ” (Тимур Тиллоев – ҳамсари Лола) ва “1LK” (яъне, 1 Лола Каримова) сабт шудаанд. Лола Каримова дар тирамоҳи соли 2006 баъд аз таваллуди фарзандаш Латвияро тарк кардааст.

BENTLEY-И АКБАР АБДУЛЛОЕВ

Писарамаки Каримовҳо - Акбар Абдуллоев ба Латвия дар як вақт бо Лола Каримова омада, дар ҳамсоягии ӯ хона мехарад. Бар асоси иттилои мақомоти замини Латвия, Абдуллоев, ки он замон 23 сол дошт, қасри бошукуҳро дар Юрмала бар ивази 1,4 миллион евро харидааст. Ин қаср бар иловаи бинои бошукуҳ дар ҳудуди худ меҳмонсаро, бассейн ва боғ ҳам дорад.

Акбар Абдуллоев, ки замоне меросбари аслии қудрат дар Узбакистон ном бурда мешуд, зиёдаравӣ кард. Дар аввал ӯ барои худ бар ивази 200 ҳазор евро мошини Bentley харид. Он вақт ин Bentley яке аз қимматтарин мошинҳо дар соли 2001 дар Латвия ба шумор мерафт. Баъдан Абдуллоев дар яке аз минтақаҳои гаронарзиши пойтахти ин кишвар хона мехарад. Аз равзанаи ин хона қисми асримиёнагии шаҳри Рига ва дарёи Даугава дида мешуд.

Акбар Абдуллоев
Акбар Абдуллоев

Ин хонаро Абдуллоев ба дафтари корӣ табдил дода, аз онҷо ду меҳмонсарои худро, ки дар миёнаҳои соли 2000 бар ивази 18 миллион евро харида буд, идора мекард. Дар ҳоли ҳозир, қасри бошукуҳи Абдуллоев дар шаҳри Юрмала бенигоҳубин партофта шудааст.

Соли 2015 вақте Ислом Каримов пирӯзии навбатии худ дар интихоботи президентии Узбакистонро эълон кард, Акбар Абдуллоев алакай ба муддати 10 сол равонаи зиндон шуда буд. Қаблан бахши узбакии Озодӣ чанд матлабе ҳам нашр карда буд, ки гӯиё Абдуллоев дар раҳбарии гуруҳи муташаккили ҷиноӣ айбдор мешавад, ки бузургтарин корхонаҳои давлатӣ дар вилояти Фарғонаро идора мекард.

ДОМОДИ СОБИҚИ ДОДСИТОНИ КУЛЛ

Темур Каримов, нафари наздик ба яке аз мансабдорони воломақоми Узбакистон тавассути низоми "корти тиллоӣ" ҳаққи будубош дар Иттиҳоди Аврупоро дарёфт карда буд. Ӯ домоди додситони пешини генералии Узбакистон Рашид Қодиров мебошад. То замони барканорӣ аз додситонии кул ва таъйин шудан ба мақоми додраси Додгоҳи конститутсионии Узбакистон Қодиров яке аз чеҳраҳои машҳур дар Узбакистон ба шумор мерафт.

Бар асоси иттилои асноди замини Латвия, соли 2010 Каримов дар маркази Рига хонаеро соҳиб шудааст. Ҳамзамон ӯ дар Латвия ду ширкатро ба қайд гирифтааст. Вале ширкатҳои "ITIR Solutions" ва "IVT Solid Energy" баъд аз замони таъсиси худ ҳеч гуна фаъолият набурдаанд. Соли 2013 ширкати "IVT Solid Energy" ҳамагӣ баъд аз чанд моҳи таъсисёбиаш ба ширкати оффшории дигаре дар Қибрис (Кипр) фурӯхта шуд.

XS
SM
MD
LG