Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, ки дар Русия пайваста ба беҳуқуқиву бадрафторӣ ва муносибати душманона рӯ ба рӯ мешаванд, барои таскини дил ва пайдо кардани оромиш ба ислом рӯ меоранд ва ба тоату ибодат машғул мешаванд.

Рӯ овардани муҳоҷирони Осиёи Миёни дар Русия ба диндорӣ як навъи эътироз ба мардумии бумии Русия шудааст, ки ба назари муҳоҷирон худашон “шароб бисёр истеъмол мекунанд” ва шаъну шарафи инсонии онҳоро паст мезананд. Ин хулосаҳои таҳқиқи Софи Роше, пажӯҳишгари Маркази Аврупо ва Осиё дар Донишгоҳи Ҳейделберги Олмон аст, ки барои омӯзиши нақши ислом дар зиндагии муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар байни муҳоҷирони тоҷик дар Маскав гашта ва бо онҳо ошно шудааст. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, бисёре аз муҳоҷироне, ки бахусус аз Тоҷикистону Узбакистон ба пойтахти Русия омадаанд, маҳз дар инҷо ба ислому ба тоату ибодат рӯ овардаанд:

“Ҳаст муҳоҷироне, ки дар Тоҷикистон диндор буданд ва дигарҳо дар муҳоҷират ба ислом сахттар наздик мешаванд. Ин фақат дар Россия намешавад ва мо медонем аз таҷрибаи дигар ҷойҳо, ки мигрантҳо дар ҷойҳои бегона нисбат ба миллатҳои дигар фикр мекунанд, ки худи мо кӣ ҳастем ва ё чӣ ҳастем ва аз ин сабаб ба дин наздик мешаванд. “

Аз ҷумла ба дин барои он рӯ меоранд, ки худашон танҳо намонанд ва “ҳамранги ҷамоат шаванд,” ё бо мардуми дигар робита барқарор кунанд. Дигар ин ки ислому диндорӣ ба ҷавононе, ки қабл аз омадан ба Русия, доир ба масоили мазҳабӣ огаҳии зиёде надоранд, имкон медиҳад, ба ватан “бо сари баланд” баргашта ва дар хона на дар бораи дарду ранҷу машаққатҳои кашидаашон роҷеъ ба масоили диниву ибодату тақво ё арзишҳои ахлоқӣ сӯҳбат кунанд.

Ба гуфтаи Софи Роше, ислом ба зиндагии бесарусомону пурхатари муҳоҷирон ритму низом медиҳад ва ба ҳамчунин ба онҳо имкон медиҳад,ки худро дар шароити босуръат тағйирёбандаи иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии Русия мутобиқ кунанд. Дар ин кишвар айни замон 6 ҳазор масҷид вуҷуд дорад, ки ба онҳо то 20 миллион нафар барои тоату ибодат меоянд. Теъдоди мусулмонон дар Русия дар 15 соли ахир ба истиснои муҳоҷирон 40 дар сад зиёд шудааст. Дар аксари масҷидҳо низ тоҷикону тоторҳо ва ё чеченҳо имоматӣ мекунанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ баъди омадан ба Русия асосан баъд аз иртибот бо ҳамватанони худ ва ё муносибат бо масеҳиён ва ё сайри зиёд дар Интернет тақводор мешудаанд. Ба гуфтаи Софи Роше, як майдони аслии омӯхтани фаҳмидани ислом дар байни муҳоҷирон бозорҳои Маскав будааст:

“Бозорҳо мисли давлат дар дохили давлат аст. Миссияву қоидаҳои худро дорад. Дар дохили бозор ҳаргуна фикру назарҳоро ёфта мешавад. Дар онҷо муҳоҷирон аз Озарбойҷон, Чеченистон ҳастанд, салафиҳо ва Ҷамоаи таблиғ ҳастанд. Вале ҷавонон намехоҳанд, ба ягон гурӯҳ узв шаванд, онҳо фақат мехоҳанд фаҳманд. Сӯҳбат дар бозор дар бораи масоили динӣ зиёд мешавад ва ин бисёр хуб аст. Барои онки кас ба ҷои радикал шудан, мефаҳмад, ки ҳар хел роҳ ҳаст ва худаш интихоб мекунад.”

Софи Роше ҳангоми гаштугузор дар бозорҳо ва мулоқот бо муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар байни онҳо ҷавонони дорои ақидаҳои ифротиро кам дидааст, ҳарчанд дар таҳқиқоташ менависад, як шахси шимкӯтоҳро вохӯрдааст, ки “салафии ботаҷриба аст ва ҳама равияҳои дигарро рад мекунад ва мехоҳад, ҷавонони дигарро мутақоид кунад, ки ислом тоҷикӣ намешавад.”

Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирон дар Маскав озодона метавонанд ба ақидаҳои гуногуни динӣ ошно шаванд, масалан агар дар бораи салафия бихоҳанд, метавонанд аз афроди гуногун иттилоъ бигиранд, аммо ин корро дар Тоҷикистон намекунанд, зеро мумкин аст, онҳоро бо иттиҳоми пайравӣ ба ҷараёни салафия дастгир кунанд.

Вале аксари муҳоҷирони тоҷик ба мазҳаби “тоҷикӣ”-и худашон бартарӣ медодаанд. Айни замон бо вуҷуди рӯ овардан ба тоату ибодату тақво ва ташкили ҷомеаҳои бузург, муҳоҷирони Осиёи Марказӣ аз таъсиси иттиҳодияҳои сиёсӣ ҳазар мекардаанд ва ҳатто таъсиси иттиҳод барои ҳимоят аз ҳуқуқашон, ки дар ҳар сари қадам поймол мешавад. Софи Роше:

“Ҷавонон дар ҳама дунё аз сиёсат дур шудаанд, шумораашон зиёд шуда истодааст. Аз сиёсат безор шудаанд, чунки сиёсат барояшон чизи хубе наовардааст ба онҳо. Ва онҳо мегӯянд, ки ман пул кор мекунам ва меравам ва ба сиёсат кордор намешавам.”

Мусоҳибаи комили видеоӣ ва бо забони тоҷикӣ бо Софи Роше инҷост:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG