Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Терроризму экстремизм ватан, дин ва мазҳаб надоранд"


Дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши байналмилалӣ дар мавзӯи “Ислом алайҳи ифротгароии мазҳабӣ ва терроризм” оғоз ба кор кард.

Субҳи рӯзи чаҳоршанбе дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши байналмилалӣ дар мавзӯи “Ислом алайҳи ифротгароии мазҳабӣ ва терроризм” оғоз ба кор кард.

Ин конфаронс бо ибтикори ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамоҳангии Кумитаи дин баргузор шуда ва дар кори он, бар иловаи мақомоти давлатӣ, беш аз 30 шахсияти мазҳабӣ, рӯҳониёну диншиносон ва раҳбарони ҷамъиятҳои мазҳабии суннатӣ аз Русия, кишварҳои арабӣ, Ҳинд, Аврупо ва дигар кишварҳо ва ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои динии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон даъват ширкат доранд.

Масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон, ҳадафи аслии ин ҳамоиши байналмилалиро баррасии таҳаввулоти ахир дар минтақа ва ҷаҳон дар мавриди паёмадҳои терроризм ва ифротгароӣ унвон мекунанд, ки бештар онро ба ислом рабт медиҳанд. Дар ҳоле, ки ба таъкиди ин масъулон он чӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ба хусус кишварҳои исломӣ мегузарад, рабте ба ислом надорад.

Ин аст, ки Душанбе бо баргузории ин ҳамоиши байналмилалӣ мехоҳад, то чеҳраи аслии исломро бори дигар ба ҷаҳониён бишносонад. Чун дини мубини ислом ваҳдату тафоҳум ва сулҳу субот аст, на ҷангу куштор.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии раиси ҷумҳури Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа зимни ироаи паёми Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли нишаст, гуфтааст, "терроризму экстремизм ватан, дин, мазҳаб надоранд, балки он хатари воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист».

Ба ин тартиб, хабарнигори Радиои Озодӣ аз маҳалли Китобхонаи миллӣ иттилоъ медиҳад, ки дар қатори меҳмонони хориҷӣ дар ин ҳамоиш, Файзмуҳаммад Усмонӣ, вазири иршод, ҳаҷ ва авқофи Афғонистон, Шайх Алии Қарадоғӣ, дабири кулли Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусалмон, Шайхулислом Оллоҳшукур Пошозода, раиси идораи мусалмонони Қафқоз ва як идда шахсиятҳои саршиноси ҷаҳони ислом ҳузур доранд.

Баргузории ҳамоиши "Ислом алайҳи ифротгароии мазҳабӣ ва терроризм" дар Душанбе дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон аз гароиши ҷавонони тоҷик ба гурӯҳи равияҳо мухталиф нигарон ҳастанд. Тибқи иттилои расмӣ беш аз 400 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Сурия ва Ироқ ҳузур доранд ва то имрӯз 100 нафари онҳо кушта шудаанд. Мақомоти тоҷик ба ин боваранд, ки аксари ин ҷангиёни тоҷик дар Русия ба сафи гурӯҳҳои тундгарое, чун «Давлати исломӣ» ҷалб шудаанд.

ТАФСИЛОТ НАШР МЕШАВАД

XS
SM
MD
LG