Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳолномаи Искандар Усмонов


Искандар Усмонов, узви Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон ва Конфедератсияи байналмилалии Иттиҳоди журналистони ИДМ соли 1971 дар шаҳри Конибодом ба дунё омадааст. Дар мактаби миёнаи рақами 3-и ин шаҳр таҳсил карда, баъд ба факултаи филологияи руси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шудааст ва онро соли 1993 ба итмом расонидаст. Сипас мактаби махсуси PR ва таблиғи назди Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, мактаби тобистонаи рӯзноманигории шаҳри Калмари Шветсия, курси коргардони филми ҳунарии назди Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон ро хатм кардааст. Ҳамчунин шунавандаи якумин мактаби синамои назди Конфедератсияи байналмилалии иттиҳодҳои синамогарони кишварҳои ИДМ ва Балтия ва дигар мактабҳои махсус аст. Соли 2011 Академияи осиёии синаморо дар шаҳри Пусони Кореяи Ҷанубӣ хатм кардааст. Фаъолияти эҷодиашро соли 1988 ҳамчун хабарнигори барномаҳои русии «Радиои Тоҷикистон» оғоз намуда, баъдан ба ҳайси коргардон ва муҳаррир дар телевизиони «Анис»-и шаҳри Конибодом кор кардааст. Солҳои 1998-2001 баранда ва муҳаррири барномаи «Вместе»-и Ширкати радиою телевизиони «Мир»-и Шабакаи ОРТ-и Русия, солҳои 2001-2002 продюссер, баранда ва муҳаррири барномаҳои Ширкати радиою телевизиони «Мир» дар Маскав кор кардааст.Баъдан дар Тоҷикистон дар рӯзномаи Варорӯди шаҳри Хуҷанд, мушовир оид ба ВАО-и Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, мушовири калон оид ба ВАО дар Барномаи рушди СММ фаъолият дошт.Аз соли 2009 фаъолияти эҷодиашро ҳамчун продюсер ва коргардон дар таҳияи филмҳои ҳуҷҷатии шабкаҳои телевизионии Sky - News (Британияи Кабир), Russia Today (Русия), Ал - Васила (Иордания) ARTE (Фаронса) идома додааст. Муаллифи 15 филми ҳуҷҷатӣ ва се филми ҳунарӣ. Искандар Усмонов барандаи ҷоизаҳои Ҷашнвораҳои байналмилалии синамо дар Афғонистон, Британияи Кабир, Германия, Дания, Ҳиндустон, Эрон, Казоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Русия, ИМА, Фаронса ва Кореяи Ҷанубӣ мебошад. Соли 2012 филми Искандар Усмонов «Барқия» дар Ҷашнвораи байналмилалӣ дар Ветнам сазовори ҷоизаи «Беҳтарин коргардонӣ» шуд.
XS
SM
MD
LG