Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти амниятии Қирғизистон мегӯянд, тайи як соли охир дар ин кишвар 33 нафареро дастгир кардаанд, ки дар урдугоҳҳои Сурия тамрин дида ё дар он кишвар ҷангидаанд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, дар як соли охир дар ин кишвари Осиёи Марказӣ 33 нафаре, ки дар урудугоҳҳои Сурия тамрин гирифтаанд ваё дар он кишвар ҷангидаанд, дастгир шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти амниятӣ, ин афрод баъди бозгашт аз Сурия ҳам ором нагирифта, ба фаъолиятҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла ҷалб ва интиқоли афроди дигар ба ҷанги Сурия ва таҳияи амалҳои террористӣ, идома додаанд.

Як бахши онҳо бо ҷурми “ифротгароӣ” аз сӯи додгоҳҳои Қирғизистон маҳкум ба зиндон шудаанд. Ҳамчунин маълум шудааст, ки “собиқадорон”-и ҷангҳо дар Сурия баъди бозгашт дар Қирғизистон ба ҷиноятҳои дигар ҳам даст задаанд.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, бо ин вуҷуд рафтани шаҳрвандони ин кишвар ба Сурия идома дорад. Бино ба иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар Сурия беш аз 340 нафар аз Қирғизистон қарор доштаанд ва аксар дар он ҷо ба сафи гурӯҳҳои ифротгаро пайвастаанд. То имрӯз ҳалокати дастикам 30 шаҳрванди Қирғизистон дар Сурия тасдиқ шудааст.

Намояндаи расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Роҳат Сулаймонов ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, бархе таҳти шиорҳои мазҳабӣ шаҳрвандони ин кишварро ба ҷанг дар Сурия ҷалб мекунанд ва ҳоло аз шеваҳои нави тарғибот истифода мебаранд: “Ҳоло аз тариқи Интернет бештар ҷалб мекунанд. Ҳамин тавр, мо бисёр вақт бо мавридҳои рӯбарӯ мешавем, ки шаҳрвандони ба Сурия рафта ба дӯстони хешовандони худ занг мезананд ва онҳоро бо пешниҳодҳои ҷолиб ҷалб мекунанд. Онҳо видеоҳое мефиристанд, ки гӯё хеле хуб зиндагӣ кардани онҳоро дар Сурия намоиш медиҳад.”

Мавридҳое ҳам ошкор шудааст, ки ҷангиён барои фиристодани афроди ҷалбшуда пул мефиристанд. Аз ҷумла дар оғози моҳи май дар ноҳияи Қаросӯи вилояти Ӯш се занеро дастгир карданд, ки мехостанд ба Сурия сафар кунанд. Мақомот мегӯянд, онҳоро тавассути Интернет як нафар аз Туркия бо ваъдаи таъмини таҳсили онҳо дар як мадрасаи динии Туркия ҷалб кардааст. Сухангӯи раёсати умури долхилаи вилояти Ӯш Жанна Сатторқулова мегӯяд: “Ин занҳо ҳатто намедонистанд, ки он нафар кист ва чӣ ҳадафе дорад? Ба ҳарфи вай ҳамту бовар карда, ба сафар омода шуданд. Ҳатто барои фарзандонашон шиноснома гирифтанд. Он ҷониб барояшон пул фиристод. Онҳо дар ҳақиқат бовар доштанд, ки ба Туркия мераванд ва дар мадраса таҳсил хоҳанд кард.”

Гурӯҳи байналмилалии бӯҳроншиносӣ дар ибтидои соли равон дар як гузоришаш сабабҳои ба Сурия рафтани шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказиро ба риштаи таҳқиқ кашида, аз ҷумла гуфта буд, ҷангиён аз норозигии ин мардум аз вазъи сиёсиву иҷтимоӣ сӯиистифода карда, онҳоро бо шиорҳои мазҳабӣ ба сафҳои худ даъват мекунанд.

Коршиноси қирғиз Эсен Усубалиев низ тағйир ёфтани шеваҳои тарғиботи гурӯҳҳои ифротиро тасдиқ мекунад, вале , мегӯяд ӯ, мақомоти амниятӣ тавони фаннии кофӣ барои ҷилавгирӣ аз ин сели тарғиботро надоранд: “Ҷалби мардум вусъат мегирад. Ин дар ҳоли ҳозир яке аз таҳдидҳои асосӣ барои Қирғизистон аст. Дастрасӣ ба Интернет беназорат аст ва мақомоти вижаи мо аз нигоҳи фаннӣ имкони назорати пурраи Интернетро надоранд. Махсусан дар бахги ҷилавгирӣ аз нашри пропаганда. Бояд сатҳи фаннии кории ин мақомотро боло бурд.”

Аксари шаҳрвандони қирғиз, ки ба ҷанги Сурия рафтаанд, ҷавонони аз 16 то 22-сола будаанд. Дар байни онҳо занон ҳам ҳастанд.

Мушкили ба ҷанги Сурияву Ироқ рафтану пайвастани шаҳрвандон ба сафи гурӯҳҳои ифротие, чун “Давлати исломӣ” ба як дардисар барои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст. Ҷамъи ҷангиён аз ин қаламрав дар Сурияро беш аз 1000 нафар тахмин мезананд. Мақомоти Тоҷикистон шумори шаҳрвандони тоҷик дар Сурияву Ироқро аз 377 то 386 нафар рақам мезананд. Нусратулло Мирзоев, раиси идораи амнияти вилояти Бадахшон рӯзи 21 май дар як нишаст дар шаҳри Хоруғ гуфт, аз ин шумор ҳувияти 344 нафараш аллакай ташхис шудааст. Ба гуфтаи ӯ, боз 30 шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар шимоли Афғонистон ба сафи гурӯҳҳои ифротии мазҳабӣ пайвастаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG