Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳисоб шудааст, ки даромади эҳтимолии гурӯҳи экстремистии “Давлати исломӣ” дар як моҳ даҳҳо миллион долларро ташкил медиҳад.

Ҳисоб шудааст, ки даромади эҳтимолии гурӯҳи экстремистии “Давлати исломӣ” дар як моҳ даҳҳо миллион долларро ташкил медиҳад. Фурӯши нафту осори ҳунарӣ ва ҳам гаравгонгирӣ танҳо бахшҳои даромади террористони гурӯҳи “Давлати исломӣ” набудааст. Як гузориши нашрияи The Telegraph ҳокист, ки ин гурӯҳи экстремистӣ, иловатан аз ҳисоби бозӣ дар бозори бурс ва асъори Ховари Миёна моҳе то 20 миллион доллар даромад ба даст меорад. Ин арқом ахиран дар ҷаласаи Кумитаи умури хориҷии парлумони Бритониё пахш шуд. Ба иловаи қочоқи нафт, фурӯши осори ҳунарӣ ва ҳам гаравгонгирии одамон, муомилот дар биржа ё бозори бурс аз бахшҳои муҳими даромади гурӯҳи “Давлати исломӣ” маҳсуб меёбад.

Бо пуле, ки ҷангиён дар бозори бурс муомилаҳо мекунанд, моҳи июни соли 2014 шаҳри Мосулро дар Ироқ зери назорати худ даровардаанд, омадааст дар гузориши парлумони Бритониё. Дар бахши филиал бонки марказӣ тахминан 429 миллион доллар маблағи марбут ба террористон нигаҳдорӣ мешуд. Миёнаравҳои кироя, ба қавли муаллифони гузориш, бо ин пул дар бозорҳои Ироқу Урдун муомилаҳо карда, хазинаи гурӯҳи “Давлати Исломӣ”-ро таъмин кардаанд. Айни замон, ҳукуматҳои ин кишварҳо дар бораи соҳибони воқеии ин муомилоти асъор аслан иттилое надоштанд. Бо чунин хулосаҳо ахиран Ҷон Бэрон, раиси зеркумитаи муқобила бо терроризми молӣ дар парлумони Бритониё суханронӣ кард.

Аксари ин маблағҳо ҳамоно дар сурат-ҳисобҳои бонкҳои Урдун нигаҳдорӣ шуда, гоҳе дубора ба низоми молии ин созмон дар Бағдод ворид мешавад. Ҳамчунин мушаххас шудааст, ки раҳбарони гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба бозори асъор маблағҳои нафақаи сокинони он навоҳии Ироқро ирсол мекунанд, ки зери контроли ин гурӯҳи ҷангӣ қарор доранд. Баъдан ин пулҳо аз рӯи системаи пулии ғайрирасмии “ҳавола” ба манотиқи зери контроли ҷангиён ирсол мешаванд. Ин низоми интиқоли пул, ба гуфтаи муаллифони гузориш, дар кишварҳои мусалмонӣ роҳуфтодааст.

Аз рӯи ин система, муштарӣ ба миёнарав ё брокер муроҷиат карда пулашро ба ӯ мефиристад ва миёнарав маълумотро дар бораи ин пул, ҳуввияти соҳиби он ва шумораи телефону суроғаи имейлашро ба ҳамкори дигараш дар кишвари беруна ирсол мекунад. Дар ин иттилоия ҳамчунин ҳаҷми пули интиқолӣ ва рақами он ифода шудааст. Нафаре, ки пулро қабул мекунад, ба назди миёнарав рафта, аз рӯи коди пул маблағро ба даст меорад. Ингуна нуқтаҳои интиқоли пул аз рӯи системаи “ҳавола” то 5000 адад ҳисоб шудааст, ки аксарияташ аз назорати давлат берун аст. Вазорати молияи ИМА мегӯяд, ҳар моҳ террористон аз ҳисоби фурӯши нафти хом ҳудудан 40 миллион доллар пул ба даст меоранд. Даромад аз ҳисоби хариду фурӯши гаравгонҳо ва ҳам осори санъат мушаххас нест, чунки ин бахши даромад собит ва роҳуфтода нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG