Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гурӯҳи Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом (ДИИШ) рӯзи якшанбе дар минтақаҳои таҳти назорати худ дар Ироқ "Хилофати исломӣ" эълон кард ва Абубакри Бағдодиро халифаи мусалмонон муаррифӣ намуд.

Ин гурӯҳ, ки дар ҳоли ҳозир бисёре аз бахшҳои шимолӣ ва ғарбии Ироқро дар ихтиёр дорад, дар як навори савтӣ, ки дар интернет мунташир кард, аз Абубакри Бағдодӣ, раҳбари ДИИШ ба унвони "раҳбари ҳамаи мусалмонон" ёд кардааст.

Абу Муҳаммад Ал-Аднонӣ, сухангӯи ин гурӯҳ гуфтааст, "Шӯрои давлати исломӣ бо баргузории нишасте, масъалаи хилофатро баррасӣ кард... Давлати исломӣ тасмим гирифтааст, то хилофати исломиро таъсис ва як халифаро барои ҳукумати мусалмонон таъйин кунад."

Вай изҳор дошт, Бағдодӣ -- раҳбари муҷоҳидин ба унвони халифаи мусалмонон таъйин шудааст. Ал-Аднонӣ афзудаст, Бағдодӣ ин пешниҳодро пазируфта ва акнун раҳбари ҳамаи мусалмонон шудааст. Сухангӯи гурӯҳи Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом гуфтааст, ки вожаҳои Ироқ ва Шом аз асноди расмии ин гурӯҳ ҳазф шудааст.

Охирин давраи хилофати исломӣ дар даврони усмониҳо дар Туркия буд, ки сад сол беш аз байн рафт. Нахустин халифаи мусалмонон ҳазрати Абӯбакри Сиддиқ буд, ки пас аз даргузашти паёмабари ислом ба ин мақом интихоб шуда буд. Пас аз хилофати Умар ибни Хаттоб, Усмон ва Алӣ, ҳукумат ба Бани Умайя расид, ки даврони хилофати онҳо ҳудуди 90 сол ба дарозо кашид.

Ба дунболи суқути ин ҳукумат Бани Аббос ё аббосиҳо ба қудрат расиданд, ки байни солҳои 750 то 1517 -и милодӣ бар бахшҳое аз ҷаҳони ислом хилофат доштанд. Бо суқути Бани Аббос императории усмонӣ вориси хилофати исломӣ шуд, ки ҳукумати он то соли 1924 давом кард ва дар натиҷаи Ҷанги Ҷаҳонии Аввал фурӯ пошида, бахши марказии ба дасти Мустафо Камол машҳур ба Отатурк, ба кишваре табдил ёфт, ки имрӯз Туркия аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG