Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Давлати исломӣ" марги Абу Умар Шешониро таъйид кард


Гурӯҳи "Давлати исломӣ" марги Абу Умар Шешонӣ ё Чеченистонӣ, аз фармондеҳони баландояи ин гурӯҳро таъйид кард.

Шабакаи хабарии "Аъмоқ" вобаста ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" рӯзи чаҳоршанбеи 13-уми июл таъйид кард, ки Абу Умар Шешонӣ ё Чеченистонӣ, аз фармондеҳони баландпояи ин гурӯҳ, дар вилояти Салоҳиддини Ироқ кушта шудааст.

Вазорати дифои Амрико қаблан эълон карда буд, ки чаҳоруми марти соли равон эҳтимолан Умари Шешонӣ, ки аз ӯ ба унвони "вазири ҷанг"-и гурӯҳи "Давлати исломӣ" ном бурда мешуд, дар ҳамла ба мошини ӯ дар шимол-шарқи Сурия, кушта шудааст.

Ин дар ҳолест, ки як манбаи низомӣ ба "Аъмоқ" гуфтааст, ки Абу Умар Шешонӣ зимни баргардонидани як ҳамла ба шаҳри Аш-Шарқот дар наздикиҳои Мавсили Ироқ, кушта шудааст. Шабакаи хабарии "Аъмоқ" ишорае ба замони кушта шудани ин фармондеҳи баландпояи гурӯҳи "Давлати исломӣ" накардааст.

Тибқи гузоришҳо, Абу Умар Шешонӣ (Умари Чеченӣ) дар садри ҷангиёни таҳти таъқиби Амрико қарор дошт. Амрико панҷ миллион доллар ҷоиза барои хабаре, ки ба куштани ӯ бианҷомад, таъин карда буд. Хабаргузории Франс-пресс гузориш додааст, ки вазорати молияи Амрико дар соли 2014 ӯро дар феҳристи "террористҳои хориҷӣ" қарор дода ва гуфта буд, ки ӯ дар дастгоҳи раҳбарии гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз нуфуз ва қудрати фавқулодда бархӯрдор аст. Хабаргузории Ройтерз ӯро яке аз "мушовирони наздик"-и Абубакр Ал-Бағдодӣ, раҳбари ДИИШ ном бурда буд.

Абу Умар Шешонӣ ё Чеченистонӣ дар соли 1986 дар Гурҷистон ба дунё омада буд. Ӯ қаблан дар миёни ҷангиёни чечен фаъолиятҳои мусаллаҳона дошт. Бино ба гузоришҳо, дар соли 2006 ба артиши Гурҷистон пайваст ва дар ҷангҳо алайҳи Русия ширкат дошт. Ду сол баъд бинобар бинобар беморӣ аз хизмат дар артиш озод шуд. Гуфта мешавад,, ки ӯ дар соли 2012 ба Сурия рафт ва ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайваст.

XS
SM
MD
LG