Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вашингтон ба Халиҷ ҳавопаймобар фиристод


Вашингтон ба обҳои Халиҷи Форс як ҳавопаймобар фиристодааст, то дар мавриди зарурӣ, агар вазъи амниятии Ироқ бадтар шавад, Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико барои тасмим интихобе дошта бошад.

Чак Ҳегел-вазири дифои Амрико гуфт, ин ҳавопаймобар 15 июн ба Халиҷ хоҳад расид. Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико 14 июн ба Ҳушёр Зеборӣ-вазири корҳои хориҷаи Ироқ гуфт, ки Амрико дар мубориза бо тундравҳои исломӣ ба Ироқ кӯмак мекунад. Вале раҳбарони Ироқ бояд ихтилофоти худро канор бигзоранд, натиҷаҳои интихоботи ахирро ба тасвиб расонанд ва ҳукумати нави ваҳдати миллӣ ташкил диҳанд.

Шӯришиён суннӣ аз Давлати Исломии Ироқ ва Шом қаламравҳои зиёди шимол ва ғарби Ироқ, аз ҷумла шаҳрҳои Мавсил ва Тикритро ба контроли худ даровардаанд ва ҳоло ба сӯи Бағдод пеш мераванд.
XS
SM
MD
LG