Пайвандҳои дастрасӣ

Абдусаттор Бобоеви 72-сола ва ду узви дигари раёсати ноҳиявии ин ҳизб ба 6-11 соли зиндон маҳкум шуданд.

Додгоҳи ноҳияи Исфара раиси бахши ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Абдусаттор Бобоевро дар содир кадани ҷиноят аз рӯи моддаи 307, прим. 1 ва 307, прим. 2, яъне “даъвати оммавӣ ба фаъолияти экстремистӣ” ва “таъсиси созмони экстремистӣ” гунаҳгор дониста, ӯро ба 11 соли зиндон маҳкум кард. Ин хабарро ба радиои Озодӣ як масъули котиботи додгоҳи ноҳияи Исфара тасдиқ кард. Ин масъул гуфт, ки “ҳукми додгоҳ рӯзҳои наздик содир шудааст ва маҳкумшуда ё хешовандонаш ҳанӯз фурсат доранд, ки аз рӯи ин ҳукм ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят кунанд”.

Абдусаттор Бобоев 72-сола буда, ҳамроҳ бо ду узви раёсати ноҳиявии ҳизб - Бобоҳидо Ҳайдаров ва Анорбой Сафаров маҳкум ба зиндон шудааст. Ду нафари дигар ба 6 ва 7 соли зиндон маҳкум шудаанд. Масъули котиботи додгоҳ ба радиои Озодӣ гуфт, парвандаи аъзои ҲНИТ мӯҳри махфӣ дорад ва ба ҷуз тасдиқи ин хабар чизе бештар аз онро ироа карда наметавонад.

Дар ҳамин ҳол дар Душанбе мурофиаи 13 узви раёсати ҲНИТ идома дорад. Ин мурофиа рӯзи 9-уми феврал пушти дарҳои баста оғоз шуд. Гумонбарон - муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, ҳамчунин Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Қиёмиддин Авазов, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Fайратов, Саттор Каримов ва Воҳидхон Қосидинов – рӯзҳои 16-17 сентябри соли 2015, билофосила баъди анҷоми амалиёти зидди гурӯҳи мусаллаҳи генерал Абдуҳалим Назарзода дастгир шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон ҲНИТро дар ташкили ошӯбҳои мусаллаҳонаи рӯзи 4 сентябри соли 2015 айбдор карда гуфтанд, ки бо ҳадафи бесубот кардани вазъи кишвар ин ҳизб ошӯби мусаллаҳонаи муовини собиқи вазорати дифои Тоҷикистонро маблағгузорӣ кардааст. Худи боздоштшудаҳо ин иттиҳомро бепояву асос хонда рад кардаанд. Ҳафтаи гузашта барои аввалин бор баъди шурӯи мурофиаҳои додгоҳӣ боздоштшудаҳо ҳақ пайдо карданд, ки бо наздиконашон дар пушти панҷара мулоқот кунанд. Дар паи ин мулоқот хешовандони баъзе аз гумонбарон гуфтанд, ки ҳеҷ шикояте дар бораи шароити нигаҳдорӣ ва ё вазъи саломатии азизонашон нашуниданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG