Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳороти ҲХДТ дар бораи "истеъфо"-и Исфандиёр Абдураҳмонов


Исфандиёр Абдураҳмонов ҳангоми сӯҳбати видеоӣ тариқи Скайп бо хабарнигори "Озодӣ"

Исфандиёр Абдураҳмонов ҳангоми сӯҳбати видеоӣ тариқи Скайп бо хабарнигори "Озодӣ"

"Созандагони Ватан", қаноти ҷавонони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон, истеъфои раҳбари собиқашро хоҳиши худи ӯ дониста, аммо иддаои ӯ дар мавриди "маҳалагароӣ" дар ҳизбро рад кард.

"Созандагони Ватан", ҷиноҳи ҷавонони Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, рӯзи 12 май бо нашри як изҳорот иддаои раиси собиқаш Исфандиёр Абдураҳмонов оиди "шеваи нодурусти мудирият дар ҲХДТ" -ро рад кард.

Исфандиёр Абдураҳмонов, ки ба гуфтаи худаш ба нишони эътироз аз мақом канор рафта ва ҳоло берун аз Тоҷикистон ба сар мебарад, дар як сӯҳбати видеоӣ бо "Озодӣ", раҳбарони собиқашро "ба маҳалгароӣ, ҳасадхӯрӣ, нодида гирифтани лаёқату малакаи кории истеъдодҳои ҷавон ва ҳамчунин ноадолатӣ" муттаҳам намуд.

"Аввалин чизе, ки маро кор дар ин соҳа дилхунук сохт, ин маҳалгароии баъзе аз шахсони мақомдори ҳизби мо буд. 27 феврал як озмун доштем бо номи "иншои беҳтарин" ва дар низомномааш гуфта шуда буд, танҳо барои ҷавонони пойтахт аст. Вале азбаски дар ин иқдоми мо муовини раиси ҳизб Раънохон Бобоҷониён даст дошт, ҷойҳои намоёнро нафарони аз вилояти Суғдбуда гирифтанд, ки ин ба норозигии шадиди ҷавонон рӯбарӯ шуд," - гуфт Абдураҳмонов дар сӯҳбат бо Озодӣ.

Яке аз ҷаласаҳои ҲХДТ

Яке аз ҷаласаҳои ҲХДТ

Абдураҳмонов сабаби дигари норизоиятии худро ба як ҳодисаи дигар низ рабт дод. Ӯ гуфт, "дар арафаи интихобот байни соҳибкорон ва фурӯшандагони бозорҳо ташвиқот мебурдам, онҳо аз ман хоҳиш карданд, як микрофони озод биёрем ва онҳо хоҳишҳояшонро ба сатҳи болоӣ расонанд. Баъд, ҳамин хоҳишро ба муовини аввал расондам ва дар ҷавоб он кас гуфтанд, аз паяш нагард. Имрӯз соҳибкорон қисми асосии пешравии ҷомеаи мо ҳастанд ва агар нафаре, ки солҳо дар дастгоҳи президент кор кардаву ҳамин гапро гӯяд, дигар чӣ хулоса бароварданам мумкин аст?!"

Аммо Шӯрои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" дар изҳороте, ки 12 май дар ихтиёри "Озодӣ" гузошт, аз ин гуфтаҳои Исфандиёр Абдураҳмонов изҳори ҳайрат намудааст. Дар ин изҳорот, аз ҷумла гуфта мешавад, "хеле аламовар аст, ки ҷавонони ҳизб ҷиҳати таъсиси як созмон, ки ҳадафҳои созанда дорад тӯли чандсолаҳо дастҷамъона заҳмат мекашанд, барои фаъолу шинохта шудани он нерӯю дониши худро равона месозанд, вале як нафари тасодуфӣ, ки аз кӯчаи сиёсату одоб нагузаштааст, ҳанӯз кори назаррасе барои ин созмон анҷом надода, дар як лаҳза мехоҳад обрӯю эътибори онро ба замин яксон созад."

Адҳам Мирсаидов, раҳбари нахустини Созандагони Ватан

Адҳам Мирсаидов, раҳбари нахустини Созандагони Ватан

Дар ин изҳороти "Созандагони Ватан" таъкид шудааст, Исфандиёр Абдураҳмонов шахси тасодуфӣ буда ва танҳо бо миёнаравии бархе аз афроди баландпояи ҳизб раҳбари "Созандагони Ватан" интихоб шуд. Изҳороти "Созандагони Ватан" интихоби Исфандиёр Абдураҳмоновро "иштибоҳи ҷиддӣ" хонда, ӯро як ҷавони вазифахоҳу мансабҷӯ муаррифӣ мекунад, ки мехост аз тариқи соҳиб шудан ба ин мансаб, соҳиби пулу мол гардад.

"Созандагони Ватан" мегӯяд, касе дар дастгоҳи марказии ҲХДТ ва бахши ҷавонони он ба Исфандиёр Абдураҳмонов ҳисси кинаву бадбинӣ надошт ва "ба гумони ғолиб баъди ба зимма гирифтани раҳбарии он ба зудӣ эҳсос намудааст, ки бори заҳмати ин созмонро бо донишу маърифати заифе, ки дорад, наметавонад бикашад ва бинобар ҳамин танҳо баъд аз се моҳ истеъфо додааст."

Дар ин изҳорот ҳатто ба зиндагии шахсии ин раҳбари пешини "Созандагони Ватан" ишорат шудааст, ки гӯё ду хонумро ба сифати ҳамсар интихоб намуда ва сарсону саргардон намудааст ва хонаводаи солим надоштааст. Изҳороти "Созандагони Ватан" ҳатто ба дигар паҳлӯҳои зиндагии хонаводаи раҳбари пешини худ мудохила намуда ва мегӯяд, ки як бародари ӯ барои қаллобӣ маҳбус аст ва бародари дигараш барои "фиребу найрангҳои молиявӣ" дар пайгарди қонунӣ қарор дорад.

Созмони "Созандагони Ватан", ҷиноҳи ҷавони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон 27 июли соли 2011 дар шаҳри Душанбе ташкил шуда ва мисли комсомол дар назди Ҳизби коммунист мебошад. Нахустин раиси ин созмон Адҳам Мирсаидов интихоб шуда буд.

Раҳбарии Ҳизби халқӣ-демократи Тоҷикистонро президент Эмомалӣ Раҳмон бар ӯҳда дорад, ки аз соли 1992 боз дар сари қудрат аст. ҲХДТ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир беш аз 200 ҳазор узв дорад. Мухолифон ин ҳизби сиёсиро барои сӯистифода аз мақоми раҳбараш муттаҳам мекунанд ва мегӯянд, дар ҳоле ки таблиғи ҳизби сиёсӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ мамнӯъ аст, аммо ин ҳизб дар бештари мактабҳо ва бемористонҳо намояндагии худро дорад ва таблиғи густурда мебарад. Иддаое, ки масъулони ҲХДТ қабулаш надоранд.​

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG