Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз зери оворҳои Rigopiano 8 нафарро зинда пайдо карданд


Ходимони зидди сухтор дар меҳмонхонаи Rigopianо, 20 январи соли 2017
Ходимони зидди сухтор дар меҳмонхонаи Rigopianо, 20 январи соли 2017

Наҷотдиҳандаҳо дар меҳмонхонаи Rigopiano, воқеъ дар Итолиёи марказӣ, ки шоми 18 январ бар асари фурӯрезии тарма зери барф монд, 8 нафарро зинда пайдо карданд. Матбуоти Итолиё менависад, ки гурӯҳи наҷот тавонист ду осебдидаро аз зери оворҳо берун оварад.

То ҳол ҳалокати чаҳор нафар собит шудааст, нафарони боқимонда гумшуда ҳисоб мешаванд.

Шоми чаҳоршанбе дар кӯҳсори Гран-Сассои Итолиёи марказӣ, дар пайи заминларза тарма фаромад ва меҳмонхонаи Rigopiano-ро гӯр кард. Дар вақти ин ҳодиса то 30 нафар метавонист дар меҳмонхона бошад. Бинобар ҳавои номусоид наҷотдиҳандаҳо танҳо баъди чанд соат ба ҷойи ҳодиса расиданд.

XS
SM
MD
LG